Пахши зинда
Ҳоло дар амвоҷ
Маҷаллаи шомгоҳӣ
Дархости
тозатарин ахбор
 
Кӯчаҳои Душанбе
 
 






 
 
 
 

Тоҷикистон

Тақозо барои манъи фоҳишагарӣ

23.01.2008

Маҳмадназар Солеҳов, вазири умури дохилаи Тоҷикистон гуфт, тарҳи ҷадиди қонунеро барои ҷилавгирӣ аз кори танфурӯшон ба Маҷлиси Намояндагон ироа хоҳанд кард.

Маҳмадназар Солеҳов, вазири умури дохилаи Тоҷикистон, гуфт, фоҳишагарӣ то ҳанӯз ҳамчун амали ғайриахлоқӣ дониста мешуд, на ғайриқонунӣ. Аммо баъд аз тасвиби ин тарҳи қонун фоҳишагарӣ низ ба зумраи амалҳои ҷиноӣ ҳамроҳ мешавад ва дар нисбати фоҳишагарон парвандаи ҷиноӣ боз хоҳад шуд.

Вазири умури дохилаи Тоҷикистон афзуд, қонуни кайфарии кишвар то ҳанӯз барои танфурӯшӣ муҷозоте пешбинӣ накардааст ва аз ин афрод танҳо ҷарима ситонида мешавад. Вале ба гуфтаи оқои Солеҳов, афроди далла, ки аксаран занонро барои руспигарӣ водор месозанд, мавриди пайгарди қонунӣ қарор мегиранд. Ба ин далел, танҳо дар соли гузашта дар нисбати 100 шаҳрванди Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Мақомоти расмӣ мегӯянд, дар соли гузашта дар кишвар ҳудуди 3 ҳазор танфурӯшро ба қайд гирифтаанд ва танҳо дар Душанбе ҳуввияти бештар аз ҳазор зани машғули фаҳшо ошкор шудааст. Аммо ба эътиқоди соҳибназарон, теъдоди воқеъии занони танфурӯш дар Тоҷикистон аз арқоми мақомоти расмӣ бамаротиб бештар будааст.

Абдусамад Султонов, ҳуқуқдони тоҷик, пешниҳод ва таҳияи чунин як тарҳи қонунро бар ҷилавгирӣ аз кори фаҳшо ғайриқобили қабул медонад. Оқои Султонов мегӯяд, ин қонун кор нахоҳад кард ва ҳам пайомади хубе нахоҳад дошт.

Се моҳи қабл дар як ҳамоиш дар Душанбе қонунӣ сохтани руспигарӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт. Идораҳои ғайрирасмӣ ва ҳам иддае аз соҳибназарон қонунӣ сохтани танфурӯширо яке аз роҳҳои аслии ҷилавгирӣ аз афзоиши мавориди фаҳшо унвон карданд. Вале намояндагони ниҳодҳои давлатӣ ин пешниҳодро барои Тоҷикистон ношоиста ва барои фарҳанги мардуми кишвар бегона хондаанд.

 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-8 (of 8)
Ном: Ozodikhoh
03.03.2008 21:14

Salom!! Sarchashmai in amali palid va nopok az akhloqi islomi dur budan ast. Agar zan islomro khub shinosad hej vaqt ba in amali zisht dast namezanad.


Ном: Фотима аз: Душанбе
15.02.2008 15:24

Ба фикри ман агар зан хохад кор меебад .Ин холо бахона барои занон ва духтарони мо ,ки оиларо хурондан лозим аст ва аз мачбури.Хай занхои калонтар ин хел мегуянд аммо он духтароне ки хамаги 12-13 сол доранд онхо чи?Онхоро бисереашон дар оилахои солим зиндаги мекунанд аллбата ба худашон гарданбанд йо гушворхои тиллои хар руз харидан наметонанд лекин чои хоб ва шиками сер доранд.Онхо аз беакли ва бехунари ба ин даст мезананд.Одами ба хунар хор намешавад хеч гох!


Ном: Мухаммад аз: Душанбе
29.01.2008 16:25

Бо арзи салому хаста набошед хидмати яко яки шумо азизон . Аммо дар мавриди фаҳшу фаҳшо бояд арз кунам,ки бояд ин падидаи шумро решакови кард ва дид,ки чаро имруз миллати Точик,ки аз тамаддун ва фарҳанги куҳан дам мезанад ва бо ин қидмати тарихи чи шуда аст,ки занҳо ва духтарҳояшон ба ин омили нанговар руй овардаанд ва бар тибқи гуфтаҳои худашон аз тариқи ин кор имрори маош мекунанд . Ба фикри шахси банда ин қонунҳои ки мехоҳанд ба тасвиб бирасонанд дардиро даво нахоҳад кард ба фикри банда бояд аввал дарди чомеаро фаҳмид ва баъд дунболи чора андеши буд вагарна вазъро аз ин,ки ҳаст бадтар хоҳад кард . Оё воқеан инҳо ба хотири ҳаво ва ҳавас ба ин кор руй овардаанд? ё авомил ва дастҳое дигар даркор аст.


Ном: Хоми аз: Душанбе
29.01.2008 10:32

Ба он гап ки гуе набудани чои кор духтаронро мачбур мекунад ба фохишагари машгул шаванд рози нестам. Одами ки кор кардан хохад, кор меебад. Бигзор даромадаш хам кам бошад. Фохишагари ин як бизнеси сердаромад аст. Хирси сарватчамъкуни ва беномуси духтаронро мачбур мекунад ки ба ин кор даст зананд.


Ном: али аз: расия
25.01.2008 16:04

аз бародарони сомона мехохам дар бораи хабаре ки баровардед донишгох исломи чи гуна сару либос пушанд аз кавли вазорати маориф то охираш натонистем бихонем илтимос якбори дигар ба пураги чоп кунед


Ном: Афсус
24.01.2008 13:34

Ин доги руз хаст. Бовари дорам шумораи зиеди ин занон аз набудани маблаг барои рузгузарони ба ин кор даст мезананд. Дар Точикистони имруза барои духтараки чавони худотарс ефтани кор бо музди мехнати акалан миена (50-60доллар) гайриимкон аст. Дар ин ракамхо гуфта нашудааст ки чанд нафари он чавонзанон аз дигар миллат хастанд? Ба рости ба холи миллатам дилам месузад вале афсус... Рахмат ба ЗАНОНИ Точик барои пуртокати. Аз АЛЛОХ умед дорам, занони берохаро имони комил бахшад.


Ном: gahxori millat аз: dushanbe
24.01.2008 03:59

Assalomu alaikum.Dili man ba xalqi tojikiston mesuzad naxod zani tojik fohishagari kunad.oxir 1sol 2sol 3sol fohishagari mekuni lekin bad chi?bad misli lattai kuhna bori mepartoyanton dar tojikiston narxi duxtari tojik 3 somoni shudaast,ajab az xudo sharm kuned!!!1


Ном: гариб аз: аз расия
23.01.2008 18:41

ин хабар дилхарош аст фахшо ва фохишаги охир барои чи инсони солим бояд фикр кунад дар масири кадом рох аст ва бакучо меравад ин кори палид барои мо зебанда нест хусусан мардуми шарифи точикистон охир чаро ба ин корхои гаери ахлоки даст мезанед биёед каме фикр кунед бас кунед охир шармандагис охир чаро

Шарҳҳо 1-8 (of 8)