Тоҷикистон

Оғози кори Сангтӯда-1

20.01.2008

Баъд аз 22 сол дар Тоҷикистон боз як нерӯгоҳи барқи обӣ ба кор шурӯъ кард.

Субҳи якшанбе, 20 январ чарха ва ё агрегати нахустини нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда -1 бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, Сергей Наришкин, ноиби сарвазири Русия, Анатолий Чубайс, раиси ширкати РАО ЕЭС-и Русия ба кор дароварда шуд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар расми ифтитоҳи нерӯгоҳи Сантӯда-1 ин тарҳро натиҷаи ҳамкориҳои стротежики Тоҷикистону Русия унвон карда ва гуфт, ин оғози баҳрабардории тарҳҳои бузурги энержӣ дар Тоҷикистон аст. Оқои Раҳмон афзуд, ҳарчанд бо марвиди истифода қарор гирифтани агрегати аввали нерӯгоҳи Сангтӯда-1 ва дар маҷмӯъ ҳар чаҳор агрегати ин нирӯгоҳ ниёзмандиҳои Тоҷикистон ба нирӯи барқ комилан бароварда намегардад, вале ҳаҷми тавлидоти барқ дар кишвар афзоиш меёбад. Раисҷумҳури Тоҷикистон аз масъулини бунёдгари нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда -1 хостори анҷоми сареътари ин тарҳ шуд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, тарҳи нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда -1 аҳамияти минтақаӣ дорад. Ӯ иттилоъ дод, ки шурӯъ аз соати 8, шоми 20 январ интиқоли нирӯи барқ ба сокинони Тоҷикистон як соат бештар мегардад.

Сергей Наришкин, муовини сарвазири Русия бо тавсифи ҳамкориҳои ҳасанаи Русиву Тоҷикистон гуфт, ин охирин тарҳи муштараки Тоҷикистону Русия дар бахши энержии обӣ дар Тоҷикистон нахоҳад буд ва Русия тарҳҳои дигар ин кишварро рӯи даст хоҳад гирифт. Ӯ гуфт, ин тарҳ натиҷаи ғамхории сарони давлатҳои Тоҷикистону Русия дар баробари мардуми одии Тоҷикистон мебошад.

Анатолий Чубайс, раиси ширкати РАО ЕЭС-и Русия гуфт, феълан, иҷрои ин тарҳ бар тибқи нақша ва ҳатто пештар ҷараён дорад. Ва дархости раисҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди то ибтидои соли ояндаи 2009 комилан анҷом додани нирӯгоҳи мазкурро ҷиддан мавриди омӯзиш қарор медиҳанд ва санаи дақиқи комилан ба кор даромадани нирӯгоҳро дертар эълон хоҳанд кард.

Коргарони қатории сохтмони нирӯгоҳи Сангтӯда-1 низ мегӯянд, ҳама талошҳоро ба харҷ хоҳад дод, то дар фурсатҳои зудтарин ин нирӯгоҳ комилан ба кор дарояд ва ниёзмандиҳои мардум ба барқ бароварда шавад.

Нирӯгоҳи барқи обии Сантӯда-1 дар соли 1986 тарҳрезӣ ва шурӯъ шуда, баъдан бунёди он бо иллати низоъҳои дохили кишвар ва адами сармоя ба таъхир уфтод. Бар тибқи нақшаи аввал, Сангтӯда-1 бояд дар соли 1994 мавриди истифолда қарор мегирифт. Ва дар моҳи апрели соли 2005 бо сармоягузории 75 дарсади ширкати РАО ЕЭС-и Русия ва 25 дарсади сармояи Тоҷикистон бунёди ин нирӯгоҳ дубора аз сар гирифта шуд.

Ҳаҷми ин тарҳ 800 миллион доллар буда ва иқтидори тавлидотиаш 670 мегаватт мебошад. Баландии сарбанди нирӯгоҳи Сангтӯда-як 75 метр буда ва дар сурати комилан анҷом шудани тарҳ ин нирӯгоҳ имкони тавлиди 2 миллиарду 700 миллион киловат соат барқ дар солро дорад. Дар ин нирӯгоҳ тақрибан 5000 нафар кор мекунанд, ки 90 дарсади он сокинони маҳаллӣ мебошад. Ва ҳамчунин 30 ширкати Тоҷикистону Русия дар бунёди нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда - фаъол аст.

 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-8 (of 8)
Ном: jeloni аз: khujand
24.01.2008 10:23

SALOM DUSTON VA HAMVATANONI AZ SARDIHOI FASLI DAY BA DOD OMADA!!AGAR MANSABDORONU RUASOVU VUZAROI TOJIKISTON SHUMORAI SOKHTMONI QASRU KHUSHKHOI KHUDRO DAR MINTAQAI VARSOBU DIGAR JOYHOI JUMHURI KAMTAR MEKARDAND VA ON MABLAQHORO BAROI SOKHTMONHOI MUHIMI JUMHURI AZ QABILI NERUGOOHOI OBIVU BARQI SARF MEKARDAND KHELO OLI MEBUD.VA BADIN VASILA METAVONISTEM 50 DARSADI MABLAQI NERUGOHRO PADOKHT NAMOEM VA INQADAR BA OQOI JUBAYSU DIGARON KHUSHOMADU CHOPLUSI NAMEKARDEM.MAN AZ AMALU KIRDORI HUKUMATDORONI TOJIKISTON DAR HAYRATAM . TO HOLI MARDUMI TOJIKRO BO BARQ TAMIN NAKARDA ALAKAY NAQSHAI FURUSHI BARQRO BO KISHVARHOI HAMSOYA POKISTONU AVFONISTON TARHREZI MEKUNANAD.IN CHIGUNA NIZOMI DAVLATDORI SHUD IN AMALI ONHO MAQOLI MARDUMI "PESH AZ PODA CHANG KARDANRO"BA YOD MEORAD.NAMEDONAM BARQRO 1 SOAT SIYOD KARDAAND YO IN KI 1 SOAT KAM DAR RUSTOI KI MAN SIDAGI MEKUNAM QARIB CHOR PANJ RUZ MESHAVAD KI MARDUM BARQ NADORAND. BOZOR SOBIR DAR VASFI INGUNA KURSINISHINONI IMRUZA VA JINOYATKORONI FADO KHLO OLI MENIGORAD "ПАЛИДАКХОВУ РИДАКХО" BA QAVLI SHOIRI ZINDAYOD LOIQ SHEALI KI AZ DARDU ALAMU ANDUHI IN MILLATI AZIYATKASHIDA VAFOT NAMUD AGAR SAD NORAKU ROGUN BISOZEM BIMONAD TOJIKISTON TORIKISTON!!!!!!!!! MUVAFAQU PIRUZ BOSHED


Ном: siraj
21.01.2008 23:01

nagz shud ki nerugohe nav kushoda shud va 1 coat ham barg zied meshavad.shukr ba hamen kam ham XUDOVAND dar Qurone karem mefarmoyad,,,agar shukr kuned ba nematom man nematoro baroton zeod mekunam va agar noshukre karded azobe man bar shumo caxt meboshad.ba hukumat ham tabrek meguyem ki mudate 16 col yak coat barqa zeod kardand,va en beceor harakate cyct ast boyad zudtar harakat va zeodtar kushesh kard.agar kor hamen tavr boshad boyad 16 cole degar cabr kunem to kai boz rahbarone Ruse ba erdame mo meoyand.prezedent boyad kushesh kunad ba mardum zeyodtar xedmat kunad va barqero ki ba degar dawlatho mefurushad ba mardume Tojik sarf kunad.Ba har hol kore xube janobe Rahmon kard va Xudovand tavfeqash dehad to az en ham zeodtar kor kunad.


Ном: Khujand аз: Хучанд
21.01.2008 18:45

Ман хеле шодам, ки ин ГЭС - ро сад доданд, лекин ба фикри ман дар вакти зимистон хаминхел хунукихо хар сол фарод об хам кам мешавад боз проблемаи барк мемонад, барои хамин варианти оптимали киммат хам бошад ТЭЦ - хо сохтан аст, барои он, ки он хам гарми ва хам кувваи барк истифода бурдан мумкин аст.


Ном: Dushanbe
21.01.2008 12:32

Khudo kunad ki in swet ba khalqi bechorai tojik birasad agar ba Afghoniston furukhta shawad boz khonai mardumi tojik sard kudakon dar tawaludkhona joni khudro az dast medihan wa millunhoi digar dar qishloqu nawohi salomati khudro az dast medihad. Az hukumat khohish mekunem ki az bahri foidai ziyod guzashta swetro ba mardumi khudash bidihad kame qimat ham boshad chun ki hifzi salomati millat az hama chiz qimmat tar hast ki bo hej naw qimat kharida nameshawad. Khudo hamashona insof bta


Ном: Чабрдида
21.01.2008 11:50

Ниругохи барки обии Сангтуда-1 ба кор даромад,вале меъёри махдудкуни дар як шабонаруз барои миллати сарсахти ТОЧИК аз як соат зиёд мешуда бошад????


Ном: Аз хунуки мурдем аз: Душанбеи бе неруи барк
21.01.2008 11:26

Хайрият ки хамн хам ба кор шурукад ва аммо дар баробари ваъдаи чаноби оли ки шуруъ аз шоми 20 январ неруи барк як соат зиёд карда шавад мо натичаашро баракс дидем шоми 20 январ базе махалахо тамоман неруи барк надоштанд ... Ба хаминаш хам сад шукр ....


Ном: Ахмадшох Масъуди Панчшери аз: Душанбе
21.01.2008 10:23

Агар сад Нораку Рогун бисозанд, Бимонад Точикистон...Торикистон


Ном: aaaaaaaa аз: makka
20.01.2008 23:02

Oftobo boridigar khonaro purnur kun, Dustonro shod gardon dushmanonro kur kun. Man az didani chunin komyobihoi davlatamon khele khusham meoyad.Dar in joi mugaddas duo mekunam,ki davlatamon az ham komyobihoi beshar muvaffag shavad.

Шарҳҳо 1-8 (of 8)