Тоҷикистон

Сармои шадид дар Тоҷикистон

20.01.2008

Беш аз як ҳафта аст, ки ҳаво дар Тоҷикистон ба шиддат сард аст. Ҳарорат дар водиҳо то 15 ва дар кӯҳсорон то 30 дараҷаи манфиро ташкил медиҳад.

Ҳавои сард ва зимистони қаҳратун дар Тоҷикистон, бавижа дар пойтахт, дар ҳоле омад, ки чун солҳои қаблӣ ағлаби сокинон ба он омода набуда, шароити хуби зимистонгузаронӣ низ надоштанд. Бар илова, зиндагии пурмашаққати сокинони бисёре аз маҳаллаҳоро, қатъи ҳамарузаи неруи барқу газ ва оби ошомиданӣ сангинтар кардааст.

Барои огоҳии бештар аз вазъи зиндагии сокинони пойтахт мо тасмим гирифтем аз хонаҳои чанде аз онҳо дидан кунем. Нахуст мо аз манзили хонум Сайида, як зани бознишастае, ки дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба сар мебарад, дидан кардем. Ӯ дар як хонаи сарду торике, ки дар он як шамъи фурузон каме равшанӣ мекард, дар гирди сандалии на чандон гарм нишаста ба наберагонаш афсона қисса мекард. То ин ки онҳо то сард гаштани сандалӣ ба берун набаромада, каме гарм шаванд....

Духтари хонум Сайида низ, ки дар яке аз биноҳои бисёрошёнаи маҳаллаи Зарафшон зиндагӣ мекунад, бо иллати чанд рӯз пайи ҳам надоштани барқ бо фарзандони хурдсолаш ба хонаи модараш омадааст. Аммо мегӯяд вазъ дар ин ҷо низ ҳамон аст. Бо ин зан ман дар сари оташдон зимни таҳияи хурок суҳбат кардам.

 

«Эҳ, додарҷон, мо қариб чор руз шуд барқ надорем. Аз худи Зарафшон омадам, газ нест, барқ нест, об нест, турбаҳо ях кардаанд. Ин ҷо дар хонаи модарам низ барқ нест. Хайр, ҳавлӣ боз дигар чуб ёфта камтар хурок мепазем».

Аз шиддати сардӣ, ки чубҳо нам гирифта буданд, оташи оташдон ба зудӣ фурузон намешуд. Аз тарафи дигар, шамоли сард оташро хомуш карда дудро ба ҳар тараф пароканда мекард, ки он боиси хуруҷ кардани сулфаи кадбонуҳо мегардид. Ба гуфти Нилуфар, набераи хонум Сайида аз сардиии хонаҳо ӯ ва аҳли оилаашон сармо хурдаанд....


Ба гуфти сокинони ин манзил, онҳо аз набуди неруи барқ ва газ дар ҳоле азият мекашанд, ки сар аз соли нав қимати истифодабарии он ба маротиб афзудааст. Мусоҳибонам мегуянд, гарон шудани нархи истифодаи газу барқ онҳоро водор месозад, ки дар зиндагии бе ин ҳам миёнаҳоли худ аз бисёр чизҳои дигар худдорӣ кунанд:

«Қарздор мешавӣ, зиндагӣ пеш намеравад, ягон чизи нағз хурда наметавонӣ. Газро чи хел истифода мекунӣ дар хонаҳои бисёрошёна, ки ҳар рӯз таркиш шуда истодааст».

«Аз берун дида хона хунуктар аст. Болои ин маошамон кам, чизи нағз намеёбем, ки хӯрем дар ин хунукӣ. Дору қимат. Як тангае, ки меёбӣ ба роҳкиро сарф мешавад»

 

Ба хонаи Абдураҳим, сокини дигари пойтахт меравем, ки онҳо низ бо тифлони хурдсоли худ дар торикӣ нишаста буданд. Баробари шунидани мақсади мо онҳо аз шароити вазнин ва азияти худ дар ҳуҷраҳои сард чунин шикоят карданд.

 

«Хайр, мо як бало карда тоқат мекунем, аммо ин кудакҳо чи кор мекунанд? Ягонҷояшон дард кунад, шароити табобат кардан нест. Офарини занҳо, ки руз то бегоҳ дар хонаанд.»

Хабарнигори Озодӣ: «-Шумо кудаки 6-моҳа доред, махсусан кудаки хурдсол сардиро зуд ҳис мекунад. Чи кор мекунед?»

«Як ҳафта шуд дар гаҳвора аст, шабу руз. Кудакҳоро дар курпаҳо печондагием, руйҳошон ях кардаанд, руяшонро пушонида нашавад».

Аммо ба назари ин мусоҳибонам, ки пайвандонашон дар хонаҳои бетонӣ ва бисёрошёна ба сар мебаранд, вазъ дар хонаҳои заминӣ нисбатан беҳтар аст. Зеро метавонанд ҳади ақал бо ҳезум ва ё қоғазпораҳо чойю хурок таҳия созанд.

«Офарини одамҳое, ки дар сексия зиндагӣ мекунанд.

Модарам мегуяд, ки мо шароити хубтар дорем ки оташ мекунем, онҳо аслан ин имконотро надоранд».

 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-10 (of 12)
Ном: zurab аз: dushanbe
31.01.2008 23:35

dushanbe. az guftani mo chi foida , hol on ki purhuron dar bolo nishasta fikri halgro namekunand.


Ном: m аз: d
28.01.2008 15:00

ALAMAM MEOYAD BA HAMONHO MEDONED BA KIHO BA NAFARONEKI NAMEDONAND CHI KOR KARDA ISTODAAND!!!!!!!!!!!!!!!!!!!


Ном: Said аз: Khujand
24.01.2008 18:04

Бо хондани ин макола дилам реш-реш гашт. Хайфо мардуми азизу азияткашидаам, ки ба мо Худо аз рохбари окилу доно нагуфтааст. Вагарна дар ин шароити басо вазнин намемондем. Дилсуз


Ном: Abu Abdurrahmon аз: kanada
23.01.2008 01:26

salom ba barodarho:rosti agar chi dar joi garmu svetdori zindagi mekunam ammo dilam bisyor bain sadohoi mardumi millatam mesuzad.va dar orzu hastamki khudovand zudtar zolimoni vatanamonro gum kunad ki mardumi moham zindagii shirin ro dar dunyo binand.


Ном: Бе хонаву дар(Сармозада)
22.01.2008 20:05

Е воййййййййй доди бе свети!!! И чи гапай мардума куштаниед чи ЧАНОБОН!!!Халк аз як тараф аз гуруснаги мурдаистода бошад, аз тарафи дигар аз хунукиву тунукву торикию бе барки мурдаистодааст!!!Ин садои мо ба гуши ки мерасида бошад!!! ОГОИ ЧАНОБОН!!!!


Ном: BEVATAN аз: London
22.01.2008 13:51

Salom barodari azizi sodda! Baroi chi sodda megyam shymoro? Baroi on ki holo ham misli kydak ba gaphoi shirini Janobi Oli bovar dored. 1 soat Barqi ilovagi? Dar xobi shabaton! man diryzy pareryz ba Dushanbe zang zadam, bechoraho begoh ky yak taraf, hatto ryzona barq nadoshtand, bale bovar nakyned ba mahallai 32,33,65,101,102...raved. Mardymi bechora namedonand peshi ki arz bikynand, Besohiband, bale agar sohib medoshtand ba in hol namerasidand..Kyjoand Padary Modari Millat? (albbatta hama medonem ki kyjoand), Kyjoand rahbaroni hizbho ki az holi mardym bipyrsand? Charo sadoyashonro kase nameshynavad, ba juz hinni ma'rakai intixoboti? Charo GENOCIDE-i ziddi millati tojikro dida chasm mepyshand (bale genocide haqqonist-har ryz tojikoni ziyode dar Rusia kyshta meshavand va mondagihoro in zimiston dar Toj az sarmo mekyshand)???


Ном: Дарвеш аз: Кургонтеппа
22.01.2008 10:02

Ба хамсааш токат мекунем локин аз вакте, ки НОБ-и Сангтуда кушода шуд ва чаноби ОЛИ боз як соат зиёдтар барк дод аз аввала авхол бад шуд. Дар маркази вилояти Хатлон бегох 1 соат ва сахар ним соат барк доштему халос. Намедонем чи кор кунем.


Ном: Давлатшо аз: Панчакент
21.01.2008 11:03

салом ин имтихонест...шумо тасаввур кунед ки дар бахор чи + хо мешаванд...


Ном: fahd аз: usa
21.01.2008 10:47

salom hamvatanon imsol zimistoni sakhte omada ast dar tojikiston hamai movu shumo medonem inro ki inkhel khunuki chandin solho boz naomada bud, khayr chikor boyad kard sabru tahammul mekunem ba badodu nododi khudovandi karimamon shukr meguem, charo ki inqadar menolem sababash dar chi ast, medonem ki khunuki shadide omada ast ammo norozii budani mo dar on ast ki charo hukumati mo bar mardumi khudash jabr namekunad charo quvvai barqro dar in fasli zimiston purra namedihad toki mardum kame ham boshad khunukiro his nakunand, in khunukie ki bar sari mo mardumi tojik omadaast in hamayashro mo az allohi buzurgamon mebinem nechkas qodire nest gayri khudo ki inkhel barfro nasibi mo gardonad in khosti khudo ast haronchize ki khohad hamon meshavad, lokin kame ham boshad hukumati tojikiston ba mardumi khudash gamkhor boshad va quvvaii barqi mardumi tojikro khub tamin kunad toki mardum azobe nakashand, bo ehtirom shrvandi shumo az usa.


Ном: хунукзада аз: Душанбе
21.01.2008 08:52

Худо кунад, ки офтоб фурузон шаваду хаво гарм ва мардум аз марги якин амон ёбанд. Вагарна бо ин давлатдори бе ягон чанги шахрванди точик чун экспонати музей ягон ягон дар кишвархои бегона боки мемонаду халос. Ё шояд максад хамин бошад?

Шарҳҳо 1-10 (of 12)