Тоҷикистон

Роҳи наҷот аз бебарқӣ аз нигоҳи ҳизбҳо

15.01.2008

Дар ростои мушкилоти мардум аз сармои бесобиқа дар таърихи 25 соли ахири Тоҷикистон, аҳзоби сиёсӣ низ изҳори назар карданд.

Нахуст, Ҳизби демократи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров бо баргузории як нишасти матбуотӣ дар Душанбе аз ҳукумати Тоҷикистон хостори коҳиши интиқоли барқ ба ба корхонаи алюминиуми ин кишвар шуд. Раҳматулло Валиев, муовини раиси Ҳизби демократи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров гуфт, ҳукумати Тоҷикистон бидуни барқи Ӯзбакистону Туркманистон низ метавонад мушкили бебарқӣ дар кишварро ҳал кунад.

Дар ҳамин ҳол, Олим Бобоев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ мегӯяд, нарасидани барқ ҳатто ба қисмате аз корхона тамоми фаъолияти онро мутаваққиф месозад. Раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ гуфт, роҳи асосии ҳалли мушкили бебарқӣ дар бунёди нерӯгоҳҳои хурди барқӣ обӣ дар Тоҷикистон мебошад.

Ва Мӯсо Асозода, раиси Ҳизби халқӣ-демократӣ дар шаҳри Душанбе мегӯяд, корхонаи алюминиум ягона корхонаи буҷасози Тоҷикистон аст ва бебарқ гузоштани он иқтисоди кишварро заъиф мегардонад.

Буҷаи солонаи Тоҷикистон ҳудуди 1, 5 млрд доллари амрикоиро ташкил мекунад ва тавре дар гузориши Ширкати алюминиуми тоҷик омадааст, солона ба буҷаи кишвар ҳудуди 182 млн сомонӣ, ё 52 млн доллари амрикоӣ ворид мекунад. Дар мавриди дигар даромадҳое, ки аз ин ширкат ба Тоҷикистон ворид мешавад, иттилоъи расмӣ вуҷуд надорад.

Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунист ва узви парлумони Тоҷикистон мегӯяд, коҳиши интиқоли барқ ба Ширкати алюминиум дар чунин шароити фавқулодда на ба худи корхона ва на ба буҷа хисороти назаррас ворид намекунад.

Шокирҷон Ҳакимов, муовини Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон аз мавқеи Ҳизби демократ ҳимоят кард ва афзуд, ҳамчунин, интиқоли барқ ба ҳангоми сармо ба кишварҳои хориҷ, аз қабили Афғонистон мутаваққиф гардад.

Дар ҳамин ҳол, Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, сарвари маркази таҳлилии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, коҳиши барқ ба Ширкати алюминиум бояд хусусияти муваққатӣ дошта бошад ва ҳукумат бояд бо Ӯзбакистону Туркманистон низ барои интиқоли барқи онҳо забон ёбад.

Ширкати алюминиуми Тоҷикистон ё Талко, бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон ва минтақа аст, ки бо иқтидори 420 ҳазор тон алюминиум, ба иттилоъи ғайрирасмӣ, солона аз 6 то 8 млрд киловат соат барқ масраф дорад. Ва умдатан аз ҳисоби барқи нерӯгоҳи Норак фаъолият мекунад. Тибқи иттилоъи расмӣ, нерӯгоҳҳо ва дигар корхонаҳои тавлиди барқи Тоҷикистон солона ҳудуди 16 млрд киловат соат барқ тавлид мекунанд ва дар ҳоли ҳозир, кишвар солона боз ба 3,5 млрд киловат соат барқи изофагӣ эҳтиёҷ дорад.

 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1 (of 1)
Ном: Jura аз: Minarkhar
16.01.2008 15:11

Ин холат масали " аз риш кандану ба бурут часпондан"-ро ба хотир меорад... Фикр мекунам, Хукумати чумхури бо ин икдомаш аз варианти нихои истифода кардааст ва он аз эхтимол дур нест, ки фаъолияти ширкати алюминиуми Тчикистонро заъифтар гардонад... хулас ин рохи начот нест!

Шарҳҳо 1 (of 1)