Пахши зинда

Ҳоло дар амвоҷ

Ояндасоз

Барномаи оянда

БА МО SMS ФИРИСТЕД!

Телефонҳои тамос бо Радиои Озодӣ 24 соат дар шабонарӯз дар хидмати Шумост:

(+992) 985 638 356
(+420) 725 037 943


Занг занед ё SMS фиристед.
 

 

 

 

 
 
 
 

 
 

facebook 

mymailru

Тоҷикистон

Сармо ва таҳсил

14.01.2008

Дар бархе аз мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ дар Душанбе, пойтхати Тоҷикистон, бар асари сармои сахт таътили зимистона тамдид гардидааст.

Масъулини ин мактабҳо дар суҳбати бидуни микрофон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки сабаби тамдиди таътил сардиҳои шадид, набуди шабакаи гармкунанда дар мактабҳо, қатъи қувваи барқ ва синфхонаҳои сард будааст.
 
Мисол, дарсҳо дар бархе аз мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии дуртар аз маркази пойтахт то ҳанӯз шурӯъ нашудаанд. Кӯдакони мактбахон мегӯянд, онҳоро муаллимон бар асари дилсӯзӣ ва ба умеди раҳоӣ аз вартаи амрози марбут ба сардӣ ба хонаҳо ҷавоб додаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи Гулнора Бобоева, раиси раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маорифи Тоҷикистон, дар мактабҳои кишвар таътили зимистонӣ рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта расман поён ёфтааст ва кӯдакон бояд ба дабистонҳо мерафтанд: «Барои тамдиди таътили зимистона асос лозим аст. То ҳанӯз касе ба вазорат муроҷиат накардааст, ки таътилро дароз кунанд, барои ҳамин дарсҳо бояд дар ҳама мактабҳо шурӯъ шуда бошад».
 
Хонум Бобоева ба суоле, ки шахсан фарзандони шумо имрӯз ба мактаб рафтаанд, посух дод, ки «як фарзанди ман касал аст ва дуи дигари онҳо дар мактаби № 60 таҳсил доранд».
 
Ин ҳам дар ҳолест, ки муҳассилини мактабҳои пойтахт мегӯянд, бо иллати сардии синфхонаҳо мударрисин онҳоро рӯзҳо 11 ва 12 ва ҳатто субҳи рӯзи душанбеи 14 январ бозпас ба хонаҳо гусел кардаанд.
Дар ҳамин маврид дар бархе аз шаҳру навоҳии кишвар тасмим доранд, расман таътилро тамдид кунанд. Суҳробшоҳи Фаррухшоҳ, сухангӯи шаҳрдори Кӯлоб, мегӯяд, агар сардии ҳаво давом кунад, шояд таътили замистонаро аз ҳисоби таътили тобистона тамдид кунанд.
 
Тамдиди таътили замистона дар мавсими сардии шадид аз ҳисоби таътили тобистона чанд соли ахир аст, ки дар мактабҳои музофот роҳандозӣ шудаас. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба қавли Ҷамила Байдуллоева, масъули маркази ҳавошиносии кишвар, сардиҳои шадид то ахири моҳи январ давом мекунанд.
Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
     
Назарҳо
Ном: Ashraf аз: Dushanbe
15.01.2008 07:42
salom ba hama;;;
dar hakikat joi taasuf hast ki yak dawlat natawonad baroi nasli jawoni xud sharoiti darsxoniashro tamin kunad. charo fikr namekunad sardoroni dawlat ki oyandai in dawlat hamonho hastand?? agar ki nasli jawon ba harsababe ki boshad az darsu talim dur monad in hmaash zarar wa akib mondani dawlar ru baru xohad shud.
magar sardoroni dawalt namedonand ki watani mo chand fasli sol dorad ?? oyo namedonand ki dar dar watani azizi mo zimistoni sardu xunuk meoyad ?? hamchun odati harsola to ki baroi in sardiwu xunuki omodagi girand , to maktabbachaho az dasrhoi xud akib namonand.
oo baroi tanzimi saru libosi onho gap mezanand wa majbur mekunand . charo hadi akal baroi darsashon ham hamainxel ahmiyat namedihand;;;
xudo kunad ki sardoroni dawlati mo dilsuz baroi nasli jawoni xud shawand;;;
xush boshed

Ном: Душанбеги
15.01.2008 12:12
ба ман чавоби чониби хукумат "писанд" омад - эълони давоми таътил мактабхононро за раванди илм омузи боз мемондааст. Магар пахтаи се моха - ба ин раванд ягон таъсире надорад???? Бигуед, ки дар кадоме аз мактабхои Точикистон умуман сисетмаи гармидихи кор мекунад???
Хатто ба истифодаи акл хочат нест, кифоя аст мантикан фикр карда ба хулосае оем, ки бехтар мешуд фарзандонамон дар хона бошанд дар ин сармохо, зеро пагох, пас аз касал шудан дар синфхонахое, ки тули 15 рузи ахир умуман аз гармкуни берун буданд, мо падару модарон боз равонаи сарфи пул ба саломатии онхо мешавем.

Ном: Беном-Душанбе
19.01.2008 08:13
То хангоме, ки бедонишон рохбаранд тифлони мактабхон дар чунин холат мемонанд
     

Тавлидот ва хадамот

ПодкастRSSОбуна Мобил