Иқтисодиёт

Қимати нерӯи барқ боло рафт

07.01.2008

Дар ҳоле, ки сокинони Тоҷикистон аз камбуди барқ ранҷ мебаранд, қимати нерӯи барқ дар ин кишвар то 20 дарсад афзудааст.

Дар ширкати «Барқи тоҷик» мегӯянд, боло бурдани баҳои барқ бо тақозои Бонки Ҷаҳонӣ сурат гирифта ва бар асоси барномаи махсус то соли 2010 қимати нерӯи барқ то ба 8,6 дирам ё 2,5 сенти амрикоӣ афзоиш дода мешавад. Рашид Гулов, муъовини сармуҳандиси ширкати «Барқи Тоҷик», ба Радиои Озодӣ гуфт, сар аз моҳи январи имсол арзиши нерӯи барқ барои сокинон 3,2 дирамро ташкил медиҳад. Ба ишораи Гулов, дар соли гузашта аҳолӣ барои истифодаи фақат 250 киловатт соат нерӯи барқ 2,4 дирамӣ пардохт мекард ва дар сурати истифодаи зиёди он қиматаш ба 3,8 дирамӣ мерасид. Аммо ҳоло лимити муқарраркардаи 250 киловатт соат нерӯи барқ рафъ шуда, сокинон тибқи нархномаи нав барои барқи истифода бурдаи худ маблағ месупоранд.

Рашид Гулов мегӯяд, тарҳи нархномаи нави фурӯши нерӯи барқ ҳанӯз дар авохири моҳи декабри соли гузашта таҳия гардидааст. Ин дар ҳолест, ки ба навиштаи расонаҳо таруфаи нави фурӯши барқ феълан дар Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорат Тоҷикистон мавриди баҳсу баррасӣ қарор дорад. Содиқ Ҳайитов, коршиноси Бонки Ҷаҳонӣ, мегӯяд, ин созмони байнулмилалии молӣ бо мақомоти Тоҷикистон дар оғози соли 2006 мувофиқат кардаанд, ки барои бозгардонии сармояҳои масрафшуда дар сохтмонҳои энержии «Сангтӯда-1» ва «Лолазор-Хатлон» қиммати нерӯи барқро зина ба зина боло бубарад.

Вай мегӯяд, сохтмонҳои бузурги энержии Тоҷикистон ҳамагӣ бо бидеҳиҳои дарозмуддат бунёд мешаванд ва бояд дар мӯҳлати муайян баргардонида шаванд. Ба таъкиди оқои Ҳайитов, дар сурати боло набурдани қимати нерӯи барқ ҳукумати Тоҷикистон дар ботлоқи вомҳо ғӯта хоҳад зад ва имкони пардохти чунин қарзҳоро ба танҳоӣ нахоҳад дошт. Ба гуфтаи ӯ, «ҳукумати Тоҷикистон муваззаф шудааст, ки бояд қимати нерӯи барқро то соли 2010 боло бубарад. Ва ин севвумин бор аст, ки қимати нерӯи барқ дар кишвар афзоиш меёбад. Оре, гуфта метавонам, ки боло бурдани қиммати барқ барои сокинони камбизоат мушкилу дардовар аст, аммо бояд маблағи барқи истифодашударо супорид».

Гуфта мешавад, як киловатт соат нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар ҳоле бо арзиши тақрибан як сенти амрикоӣ фурӯхта мешавад, ки дар кишварҳои дигари пасошӯравӣ арзиши он болотар аз он будааст. Ба гуфтаи масъулони ширкати «Барқи Тоҷик» дар Беларус як киловатт соат нерӯи барқ 8 сент, дар Укроин 6, дар Русия 4 ва дар Узбакистон 2 будааст. Аммо бо ин ҳол, аҳолии камбизоати Тоҷикистон, ки аз ҷумлаи занони бесаробон ва пиронсолонанд, аз боло рафтани арзиши нерӯи барқ нигарон ҳастанд. Онҳо мегӯянд, ба сурати умум дар зимистон аз истифодаи бештари нерӯи барқ кор мегиранд ва наметавонанд ба қимати 3,2 дирамӣ маблағи нерӯи барқи истифодакардаи худро бипардозанд.

Бо ин ҳама, дар фасли сармои зимистон куллия манотиқи Тоҷикистон бо изофаи баъзе аз қисматҳои пойтахти кишвар аз камбуди нерӯи барқ азият мекашанд. Шурӯъ аз моҳи октябри соли гузаштаи 2007 низ барои сокинони Тоҷикистон лимити шадид ҷорӣ шудааст ва онҳо дар як шабоанрӯз ҳамагӣ ба 4 ё 5 соат нерӯи барқ дастрасӣ доранду тамом. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон аз Узбакистон дар фасли сармо 600 миллион киловатт соат нерӯи барқ ворид мекунад. Тоҷикистон, ки дар фасли гармо бештар аз эҳтиёҷоти худ нерӯи барқ тавлид карда ва мефурушад, аз тирамоҳ то авоили баҳор ба севуним миллиард киловат соат нерӯи барқи изофӣ эҳтиёҷ пайдо мекунад.

 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-7 (of 7)
Ном: Саид аз: Мастчох
13.01.2008 12:46

Хамун барки мефурухтаи ба афгонистонро, нагз мешуд худомо истифода барем, зеро, ки генератор истифода мебарем, ин хам ба экология зарар дорад ва хам киса ва хам ба майна овозаш.


Ном: равшан
12.01.2008 16:14

салом бо назари Аваз дар бораи табдили Барқи Точик ба Шамъи Точик мувофиқам


Ном: Ehson
12.01.2008 14:28

Бародарон як чизро дарк кунед ки пур кадани кисса аз хисоби миллат бехтар аз рушан кадани хонахост ва агар хонаи точик рушан шавад ва гарм бошад пахтаро ки мечинад ба мардум дигар гузапоя даркор намешавад ва пахтачини намеравад. Барои хамин аз ин вазирхо хеч чиз умед накунед сангтудаи Чубайс хам ба Точикон намерасад чун ки точики бечора пулаш кам аст ва барои Чубайс пул даркор ва ин пулро факат аз Афгонистону Покистон чам мекунад, сарзамини точикон хонаи дигаронро гарм мекунад ва хонаи худашро нони худашро бо гузапая гарм мекунад ва мепазад зинда бод Гузапая....... Об дар хонаву мо ташналабон да гирди чахон мегардем Афсус.................................


Ном: Аваз аз: Душанбе
11.01.2008 13:30

Шумо чм фикр доред, агар ширкати саххомии холдингии "Барки точик"-ро ба ширкати холдингии "Шамъи точик" бадали ном кунем? Зеро имруз мо он кадар ба шамъ ниёз дорем, ки ба барк дигар надорем. Тули чанд хафтаи охир дар кулбае, ки ман ичора мешинам, барк нест, аммо аз сардиву торики дигар чандон дилтанг намешавем. Гуиё одат карда бошем. Мо хатто бегохи соли нав барк надоштем. Хамсоязанхо дар берун дегу дегдон монда барои соли нав хурок тайёр карданд. Шухиомез мегуфтанд, ки "Ин сол ба торики пешвоз шуд, то охири сол, худо медонад, ягон агрегати Сангтуда ба кор намедарояд..." Хуллас, ки мо Душанберо хар бегох мисли кишлоки Минархар ё Карашар ("Чура-шикорчи")тасаввур мекунем, танхо уллоси гургхо намерасаду халос.....


Ном: siraj
08.01.2008 13:21

voi bar hole mardume carcaxte Tojik,hamae en baloho bar care mo az zulmparvare va begonaparastee most.ba fekran az zeod budane manbahoe obe nesfe vatan dar xatare nobudest,lokin az bekalagee carvarone mo va estefodae durust naburdan az en manbahoe obe mardume bechorae Tojikam dar azobast.Zemnan hamae en mushkelot boloe mardum cababe asose xude hamen mardum astand,baroe ki zolemro meguzorand har kore ki xohad bukunad.mardume Tojiki man emruzho agar xato nakunam mesle qavme Muso alaihe calon hastand ki meguftand Hazrate Musora tu va xudovandat rafta mulkro az zolimon ozod kuned bad mo az peshte shumo meoyem.kasoneki zolemonro man namekunand az zulm kardanashon,mesle in ki dar tashvequ targebe zulm dar mujtama kumak mekunand.


Ном: Темурмалик аз: Душанбе
08.01.2008 12:42

илтимос дигар дар бораи барк сухбат нанамоед зеро ки безор шудем, ин айб аст ки мо барки худро ба Афгонистон фурушему худамон дар торикии махз нишинемю хукумати точик агар барк ба мизони лозима дар кишвар тавлид намешавад барои чи карордоди фуруши баркро бо кишвари афгонистон тамдид кардандю


Ном: ТОЧИКИ САРСАХТ
08.01.2008 09:08

БОВАР КУНЕД АГАР БАРОИ ХАФТ МИЛЛИОН МАРДУМИ САРСАХТИ ТОЧИК ГЭС ХО ХАМ СОЗАНД БОЗ АХМАД АХМАДИ ПОРИНА МЕМОНАД. ВАЗИРОНИ КОРИИШКАМБАИ МО НА АЗ ХУДО МЕТАРСАНДУ НА АЗ БАНДАИ ХУДО......

Шарҳҳо 1-7 (of 7)