Тоҷикистон

Сабаби сӯхтори донишгоҳ то ҳол норавшан аст

27.12.2007

Мақомоти марбутаи Тоҷикистон то кунун иллати сар задани оташ дар бинои марказии Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро мушаххас накардаанд.

Назарбой Ҷангиев - сардори Хадамоти оташнишонии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфт, дар рузҳои наздик имкон дорад, сабаби аслии он эълон дошта шавад. Вай гуфт, феълан як кумиссиюни махсус ҷиҳати омӯзиши сабабҳои ин ҳодиса машғули кор ҳастанд ва ӯ наметавонад, ҳоло фарзияеро пеш орад.

Ва аммо бархе аз кормандони хадамоти оташнишонӣ фарзияи маъмул - истифодаи бухориҳо дар утоқҳои биноро пеш меоранд, ки гӯё сабаби рух додани ин ҳодиса шудааст.

Вале донишҷуён ва шоҳидони айнӣ дар ҷои ҳодиса мегуфтанд, ки суръати ба зудӣ паҳн шудани оташ ва ба якборагӣ фаро гирифтани он тамоми ошёнаҳои биноро монанди ба шарора гирифтани симҳои барқ надошт.

Убайдулло Қурбонов, раиси Донишгоҳи тиббӣ, ҳозир нашуд, пиромуни пайомадҳои оташсӯзӣ сӯҳбат кунад.

Рӯзи дуввум замоне, ки мо ба маҳали ҳодиса омадем, сӯхтор ҳамоно дар гӯшаҳои ин бино идома дошт. Назарбой Ҷангиев, сардори Хадамоти оташнишонӣ мегӯяд, бинобар чӯбӣ будани деворҳои бинои Донишгоҳи тиббӣ ва нарасидани об ҳангоми оташнишонӣ натавонистаанд, оташро саривақт хомуш кунанд. Вай гуфт, ки ин сӯхтор масоҳати беш аз 6 ҳазор метрро фаро гирифтааст.

Саид Қурбонов, муовини раиси Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино мегӯяд, бо сабаби сӯхтор феълан тадриси донишҷӯёне, ки дар ин бино омӯзиш медиданд, ба биноҳои дигари донишгоҳ интиқол дода шудааст.

Як нафар корманди китобхонаи ин донишгоҳ, ки нахост номаш ошкор шавад, гуфт, агар вақти оташ оғоз шудан, устодон ва донишҷӯёнро ба хомӯш кардани оташ иҷозат медоданд, шояд ин бино ба тамом намесӯхт. Вай гуфт, иҷозаи оташхомӯшкунӣ ба онҳо танҳо вақте дода шудааст, ки аллакай оташ ошёнаҳои дувумму саввуми ин биноро фаро гирифта буд , вале як қисми китобҳои китобхона ва ҳуҷҷатҳои махфии донишгоҳро кормандони кафедраи ҳарбии донишгоҳи тиббӣ аз коми оташ наҷот додаанд.

Дар ҳамин ҳол, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, вазорати маорифи кишварро муваззаф кард, то якуми августи соли 2008 бинои харобшудаи Донишгоҳи тиббӣ дубора бозсозӣ шавад. Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки бояд сохтмони нави Донишгоҳи тиббӣ аз тарҳи пешинааш беҳтар ва қавитар бошад.

Бинои Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соли 1939 сохта шуда буд ва яке аз меъмориҳои нодири замони Шуравӣ ба шумор меомад. Ин донишгоҳ ягона мактаби олии тиббӣ дар кишвар маҳсуб меёбад. Соли равон   дар ин донишгоҳ беш аз 5 000 донишҷу ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-7 (of 7)
Ном: Саиди Сайф аз: Хучанд
29.12.2007 14:56

Эхе бинои кадрдони дар даврони Шурави бунёдгашта. Барои ячи сухти? Охир он донишчуёне,ки ин ждонишгохро хатм накардаанд, кучо мераванд. Туро имруз, ки касе ба касе кор надорад,ки обод мекунад? Ин дам Синои бузург мебуд, ба хама шумо масъулини танбал нафрати беандозаи хешро аён мекард.


Ном: Шоин аз: Точикистон
29.12.2007 12:29

Ин хама оху фигони довталабоне буд ки бе сум натавонистан ба ин донишгох дохил шаванд, ва он оташ гирифту донишгохро хокистар кард. Барои касе пушида нест ки хангоми имтихони кабул, аз хама пораи калонро устодони ин донишгох мегирифтанд. Аз вазири маориф саркарда то ректори ин донишгох ва кулли сухторхомушкунии точикистон бояд шарм бикунанд ки (0) сифр будани онхо бори дигар собит шуд. танхо чойро бехуда банд кардаанд.


Ном: бенасаб аз: Вайронаи Душанбе
29.12.2007 09:02

Сухтам аз беобии Душанбе . Хонаи Вазирхо мебудам эй коше!!!!!!!!!!!!


Ном: QODIR аз: KHUJAND
28.12.2007 15:32

BADI IN HODISAI NNGIN MASULINI SUKHTORNISHONII USTONI SUGD AZ TARSU HAROS DAR FAKULTAI FILALOGIYA HAMARO BERUN BAROVARDAND TO INKI RUZI BASA OMADAI DONISHGOHI TIBII BASARASHON NAOYAD YANE IN TARSONCHAKHO SHIORI ILOJI VOQEA BESH AZ VUQRO AKNUN DURUST DARK NAMUDAND


Ном: Фарход аз: Душвнбе
28.12.2007 11:30

Пас аз ин ходиса агар номус мебуд ва агар фарханги давлатдори мебуд бояд вазири маориф, вазири тандурусти ва вазири корхои дохила фавран ба истеъфо мерафтанд ва ё фиристода мешуданд. Вале хамон аст ки хамон...


Ном: Орифе аз: Вайронаи Душанбе
28.12.2007 09:01

хамаи ин комиссиюни махсуси тафтишотй ташкил кардан , срок на восстановление мондан, гунахгор ва сабаб кофтанхо баъди сухтори батамоми донишгох маколи халкии " Баъди мурдан дар сари к...м чарог"ро ба хотир меорад ,, Шармандагии бемисл . агар номус доред худкуши кунед, чунки Шуморо таърих намебахшад


Ном: Орифе аз: Вайронаи Душанбе
28.12.2007 09:01

хамаи ин комиссиюни махсуси тафтишотй ташкил кардан , срок на восстановление мондан, гунахгор ва сабаб кофтанхо баъди сухтори батамоми донишгох маколи халкии " Баъди мурдан дар сари к...м чарог"ро ба хотир меорад ,, Шармандагии бемисл . агар номус доред худкуши кунед, чунки Шуморо таърих намебахшад

Шарҳҳо 1-7 (of 7)