Тоҷикистон

Бузургтарин сӯхтори солҳои oхир (Видео ва аксҳо)

27.12.2007

Сӯхторе, ки дирӯз дар Донишгоҳи миллии тиббии Тоҷикистон ба амал омад, то шаб тақрибан тамоми ин бинои сеошёнаро ба харобазор табдил дод.

Саҳми ин донишгоҳи куҳансолтарини Тоҷикистонро дар рушди илми тибби кишвар ва ҳатто минтақаи Осиёи Марказӣ ва Русияву Афғонистон хеле зиёд аст.
 
Ҳарчанд, ки бинои таълимӣ ва тақрибан кулли синфхонаҳои ин даргоҳи илми кишвар акнун комилан корношоям шудааст, вале китобхонаи беҳамтои он, ки дорои асарҳои беназири аҳли илми тибби ватанӣ ва хориҷӣ будааст, ҳамроҳ бо бойгонии донишгоҳ аз нобудшавӣ наҷот дода шудааст.


Сӯхтор дар Донишгоҳи тиббии Душанбе


Ифтихоре, ки ба коми оташ рафт 

 
 
Мутахассисину коршиносон мегӯянд, ки оташ дар маҷмӯъ бештар аз 9 000 метри мураббаъи бинои донишгоҳро маҳв кардааст. Хисороти моддии вориднамудаи сӯхтор феълан садҳо ҳазор сомонӣ арзёбӣ мешавад.  


Аксҳо:

Донишгоҳи тиббӣ - дар оташ

Донишгоҳи тиббӣ: Пас аз сӯхтор



Видео:



            

Ба иттилоъи мақомоти марбута, сӯхтори мудҳиш ҳанӯз баъд аз соати 13-и дирӯз сар зада, бо вуҷуди талошҳои сӯхторнишонҳо ва захираҳои одамиву фаннии сафарбаршуда аз Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ва пойгоҳи 201-уми низомии дар Тоҷикистон мустақарри Русия то як поси шаб идома кард.
 
Оташсӯзие, ки назири онро дар пойтахти Тоҷикистон касе дар ёд надорад, қурбониҳои ҷониву маҷрӯҳонро дар пай надоштааст.


Назари хонандагони сомонаи Озодӣ
 
 
Бар тибқи таъйиди Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир як кумисюни махсус сабаби сӯхторро муайян карда истодааст. Гуфта мешавад, ки яке аз фарзияҳои эҳтимолии сӯхтор ҳамоно гаронбории ҳаҷми нерӯи барқ бар ноқилҳо будааст.
 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-9 (of 9)
Ном: HUK аз: CHORTUT
19.03.2008 11:23

TAMANNO MAN TURO DUST MEDORAM BIGZOR TOJIKISTON FAHMAD KI MAN FAKAT VA FAKAT TURO DUST MEDORAM


Ном: Ромиш аз: Москва
29.01.2008 19:44

Душанбе-рамзи чавонии мост. Хар як бинои он барои мо азизу мукаддас аст. Ин сухтор бадбахти аст. Яке аз зеботарин бинохои давраи шуравии Душанбе аз байн рафт. Аммо набояд рухафтода шуд. Бояд бинои наве созем, ки бехтару зеботар аз аввала бошад.


Ном: Тот Самый =) аз: Душанбе Сити
30.12.2007 23:17

кр4! скажу вам одно!!!... .. . Насибшонда бдай ... и все что вы скажете нечего уже неизменитс'я Просто ростша бгум " каРочи... .. . Бошен Саломат Дар Тори Арча Соли навьи 2008 муборак ! ! ! gareni некииии кууу хехехе Ростша гуфти(як ду чумлаи дагар куш мекарди зур мешуд)


Ном: gareni аз: kapai donishgoh suxt !!!
27.12.2007 18:55

salom aleykum eyyyy afsus sad afsus.insholloh khub meshavad.khay sumi jam kardayi donishjuyon kati boz az sari nav bino kunan.fikr mekunam agar namesuxt az sari nav tamir namekardan.khay hichi gap nest az yagon shirkati xojiri sum karz (talbida) karda tamir kuned.chi kheli ki naboshad shumo usto hasted dar karz kardan.


Ном: Solim аз: London
27.12.2007 18:23

Hama sukhtorho sabab dorand.Man fikr mekunam ki obhoi didagoni donishjuyoni bodonishu boistedod ba kerasin mubadal gashtu hama hastii donishgoro ba tuhfoni otash dod. Rohbaron va sohibmansabon boyad chehrai rishvakhoriashonro dar ravshanii in alanga binand va khub andeshand ki baroi millat chi borhoi vazninero dar oyanda ru baru sokhtand.


Ном: Тот Самый =) аз: Душанбе Сити
27.12.2007 17:02

хм... гуям ё нагуям? кр4... чи зе ки шуд Насибшонда буд!... боз як чиз гуфтаниям... маълумоте, ки ман дар бораи устодони ин Донишгох медонам.Танхо як гап мегуям" Худо Зад ин хел бандахои беинсофи беномусХоро" Дар кадом китоби Точикистон навистагияй ки барои дохил шидан 4-7хазор $америкои гиран? Бовар кунед Юристхо Юристанд ин кадар Беномус нестанд!... .. . Хай аз тарафи дигар жалько дя... очень жалько .... если я был бы на Месте Уважаемого Эмомали Рахмона... то я даже не смотрел на них.. а просто взял бы пару из них и в Решётку поставил за те "грехи" которые они совершили... ещё раз хочу подчеркнуть "за те грехи которые они совершили" Бог наказал их, за все грехи что они сделали, но надеюсь на то что простит их Бог! я бы на их месте (учителей) просто "худкуши" сделал! ! !


Ном: Чамол. аз: Душанбе.
27.12.2007 16:36

Мусибат барои мардуми Точикистон. Вале кавию мустахкам бошед. Илм бокист. Хаёт идома дорад...


Ном: Dilshod аз: Khujand
27.12.2007 14:49

Вохимаи ин дахшатро шунида будам, вале тоза дидам. Сипос аз радиои Озоди, ки кушиш мекуна хонандахои сайти худро аз хабархо бо аксу видео низ огох созад. Агар ин хел видеохоро бештар бигузоред, мо бештар аз сайти шумо дидан мекунем.


Ном: Хуршед аз: Душанбе
27.12.2007 14:04

Бидуни мухобот - хароботи мадоин! Кучост Хокони, ки акнун касидае бинависад...

Шарҳҳо 1-9 (of 9)