Тоҷикистон

Ифтихоре, ки ба коми оташ рафт

26.12.2007

Сӯхтор дар бинои асосии Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон талафоти ҷонӣ дар пай надошт, аммо ба кишвар хисороти шадиди молӣ ва равонӣ ворид кард.

Хадамоти оташнишонии Тоҷикистон мегӯяд, сабаби оташсӯзӣ дар яке аз куҳантарин биноҳо Душанбе расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ будааст. Вале мақомоти дигар гуфтаанд, шабакаи барқи донишгоҳ бо сабаби набуди шабакаи гармидиҳӣ дар он мавриди сӯиистифода қарор ёфтааст. Ин ҳодиса соати 13-у 30 дақиқа ба вақти Душанбе сар зада, ду ошёнаи болоии бинои донишгоҳро комилан тахриб намуд. Домани оташсӯзӣ беш аз 1000 метри мураббаъро фаро гирифт.
 
12 адад мошини оташнишон, ки ба маҳаллӣ ҳодиса расиданд, соатҳо дар муқобили алангаи оташ оҷиз буданд. Назарбой Ҷангиев, раҳбари гурӯҳи оташнишонӣ, мегӯяд: «Барои хомӯш кардани сӯхтор тамоми мошинҳои оташнишонии гарнизони Душанбе ва навоҳии тобеъи марказ сафарбар карда шудааст. Ягон нафар аз он зарар надида ва як қисми моликият низ наҷот дода шудааст. Сабаби тавсеъаи алангаи сӯхтор бисёр куҳна будани бинои донишгоҳ ва аз чӯб будани тамоми чордарҳои он аст».
 
Ин дар ҳолест, ки шоҳидони ҳол – донишҷӯёни Донишгоҳи тиббӣ – мегӯянд, нахуст чанд мошини оташнишон ба маҳалли ҳодиса расид, вале бинобар набуди об андаруни онҳо, аз хуруҷи сӯхтор саривақт ҷилавгирӣ нашуд. Марҷона, донишҷӯи соли аввали таҳсил, ки ҳангоми оташсӯзӣ дар ошёнаи савуми ин бино будааст, мегӯяд: «Як мард давида ба ошёнаи сеюм баромад ва фарёд зад, ки аз бино берун шавем ва мо зуд аз бино берун шудем. Дар аввал бӯи резин меомад ва баъдан якбора оташ аланга заду садои таркише шунида шуд. То оташнишонҳо омаданд, ки тамоми ошёнаи севум сӯхт. Онҳо дер омаданд ва чун об надоштанд, гашта обгирӣ рафтанд. Шояд агар саривақт ва бо об меомаданд, ин қадар оташсӯзии калон намешуд».
 
Ва донишҷӯёни дигаре, ки бо чашмони тар аз паси панҷараи бино ба оташсӯзии донишгоҳ назар мекарданд, мегӯянд:
 
«Мо дар утоқи биология дарс мехондем, ки акнун сӯхта, ҳамроҳи дастгоҳҳои тиббӣ пурра тахриб шуд. Вақте берун баромадем, аллакай боми бино сӯхта ба сари мардум мерехт…»
 
«… Баъди чанд дақиқаи сӯхтор тамоми ошёна месӯхт, оташнишонҳо омаданд, аммо об надоштанд ва хомӯш карда натавонистанд. Ақаллан ошёнаи дувумро наҷот надоданд…»
 
Дар ҳамин ҳол як устоди кафедраи биологияи донишгоҳи тиббӣ изҳор намуд, ки аз тахриби як пойгоҳи қавии илми тибби тоҷик бисёр мутаассиф аст. Ин омӯзгор, ки аз зикри номаш худдорӣ кард, гуфт, «Толори мутолиъаи китоб, китобхона бо шумори зиёди адабиёти нодири тиббӣ ва фанновариву кашфиётҳои муҳимми тиббӣ ба коми оташ рафт, ки барои эҳёи дубораи илми тиб дар Тоҷикистон то 20 соли дигар лозим хоҳад шуд».
 
Устоди Донишгоҳи тиббӣ ҳамчунин гуфт, ки ахиран Ожонси швейтсарии оид ба ҳамкорӣ ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба маблағи беш аз 180 000 доллари амрикоӣ китобҳои нави илмӣ тақдим карда буд, ва, ҳазор афсус, ин ҳама ба коми оташ рафт.
 
Ҳаҷми зарар ҳанӯз мушаххас нашудааст, аммо устодону донишҷӯёни донишгоҳ мегӯянд, ки ба ин маркази илми тиб хисороти беҳисоби моддӣ расидааст.
 
Дар ин иртибот масъулини ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе гуфтанд, ки барои ҷуброни хисороти донишгоҳ чора меандешанд. Зулайхо Зокирова, муовини раиси ноҳия мегӯяд: «Мо тамоми талошамон барои оташнишонист, оянда кӯшиш мекунем, барои барқарор кардани бинои донишгоҳ тамоми нерӯямонро равона намоем…»
 
Дар ҳамин ҳол додситони Душанбе Қурбоналӣ Муҳаббатов, ки дар маҳалли ҳодиса қарор дошт, гуфт, ки бо анҷоми оташсӯзӣ ва муайян кардани сабаби аслии сар задани он, парвандаи ҷиноӣ дар ин робита боз хоҳад.
 
Дар ҳоле ки ду ошёнаи бинои Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, аз бонуфузтарин донишгоҳҳои кишвар ва минтақа, сӯхта, тахриб шуд, намояндагони ин мактаби олӣ мегӯянд, хадамоти оташнишонӣ натавонист, онро саривақт хомӯш бикунад, Аммо оташнишонҳо иддао доранд, ки мошинҳояшон пуроб буд ва худи масъулини донишгоҳи мазкур қоидаҳои зиддисӯхторро риоят намекардаанд.
 
Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соли 1939 таъсис шуда, ягона мактаби олии тиббӣ дар кишвар маҳсуб меёбад. Соли равон наздики 1200 донишҷӯ ба ин донишгоҳ шомил шуд ва дар маҷмӯъ беш аз 5 000 нафар дар он таҳсил мекардаанд.
 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-10 (of 12)
Ном: Natali аз: UK
27.12.2007 20:04

Biyoed khulosa barored, fikr kuned, va behudau bahuda kasi digarro gunahgor nakuned. Charo fikr mekuned ki kori donishju hast? Sabab dar chist? Pas hamon donishju nis sababe dosht ki ba chunin kor dast zad. Khudyo shukr man donishjui in donnishgoh nestam vagarna man porakhuronro otash mezadam. Charo dar davrai imtihonot in donishgoh sukht? Chunki otashi dili har yak donishjui kambizoatu bechora onro suzond


Ном: Student аз: London
27.12.2007 20:00

Haqiqat in yak sharmandagii kalon baroi millati tojik ki dar chunin davru zamon dar chunin peshrafti ilmu tekhnika kase natavonist otashro khomush kunad. Pas biyoed bas kuned bo Ismoili Somoni fakhr kardanro, biyoed aqlhoro iftikhori khud kunem. Chunki besavodi rishta davonidaistodast. Porakhuri bahri chist? Porakhur khud kist? Bahri besavodist. Besavod porakhuri mekunad chunki aqli kofi nadorad to oqibati kori khudro biandeshad. Man tarafdori sukhanoni Zayan, Rahmidin, Sherka va digaron hastam, ki be hukmi khudo barg narezad zi darakht. In sirri khudovandist ki ba un duzakhiyon nishon dod to khudrou millatashonro bishinosand. Vagarna dar domi otash khohand sukht. Sad haif baroi mansabdoru bemansab ki holo hamdigarro gunahkor karda istodaand va dar okhir yak begunahro zindoni khohand kard...haif


Ном: Rahmiddin аз: Dushanbe
27.12.2007 14:01

ФАхри миллати точик сухт, маъхази илму дониш ва сарчашмаи илми тиб хароб шуд. Донишгохи тибби Точикистон яке аз бехтаринхо дар микёси ИДМ ба хисоб мерафт. Сад афсус, во дарего. Гунахкорони ходиса хатман бояд дарназди миллат чавоб диханд!!! Аз рохбарияти Хукумат эхтиромона хохиш мекунем, ки масъалаи мазкурро чидди барраси намуда натичагири намоянд, то сабаке шавад барои дигарон.


Ном: zayn аз: dushanbi
27.12.2007 13:59

ba nomi Khudo mili asli sukhtani in bino onast ki aksri kasoni ki dar in Donishgoh koru tahsil mekunand az Khudo gofil hastan hamaruza sadho nafar dar in bino amali nomashru anjom medihand va ba'ze mualimoni ki dar injo kor mekunand porakhur hastan.va Dukhtaroniki bo HIjOBI shari ba donishgoh meoyand onhoro az omadan mah mekunand. inho az Khudo namitarsan va KHudovand ba inho azobi khudro nozil kard ki ogoh boshid man sakhtgir hastam.Hej kori bi khosti KHUDO onjom namigirad..


Ном: Шеркаи Ориёндуст аз: Москав
27.12.2007 13:45

Рости барои мардуми мо, миллати мо ин хама дар рузхои охир гамгиновар аст, зеро ходисае, ки дар микроафтобуси 16 ба вукуъ омаду, дар натича 9 нафар халок гашта, ронандааш фирор намудааст, ин беинсофи, бе идроки аст. Мардуми нобовар зиёд шудаанд. Доир ба кормандони оташхомушкунии пойтахт нафратам меояд. Шахри Душанбе пойтахти Чумхурии Точикистон шуда, агар ба кори худ масъул набошанд, онхоро аз вазифа танхо ва танхо холи кардан лозиму як шахсони масъулро монда лозим, ки дилашон дар хаукикат ба дастовархои бузурги фарханги, мадании шахр бисузад. Оху фигони бе фойда чи лозим бояд, аз нав бунёд кард биноро. барои ин боз 2-3 соли андармони лозим, сохтмон. Ва беш аз хама маблаг, маблагеки Хокимон ба додани у чонашон аз баданашолн мебарояд, вале масъулин хам харомхур мешаванд баъзан.....


Ном: 555
27.12.2007 13:09

АФСУСССС КОРИ ХУДИ ДОНИШЧУЁН АСТ


Ном: Sirojiddin аз: Dushanbe
27.12.2007 11:54

In khabar baroi mardumi TJK kheyli gam ovarast, khayriyat ki kase dar in sukhtor osibe nadidaast . va sokhtumoni in donishgoh ba kumaki hukumati TJK inshoalloh obod khohad shud, vale un kitobhoi ki nobutgashtaan mo dar kamtarin muddat onhoro ba dast ovarda nametonem... tashakkur...


Ном: Хакикатгу аз: Хакикат
27.12.2007 11:46

Бино ки сухт, баъд шахрдорон ва суд гунахкор мекобанд...дар холе ки онхо имкон ва шароит доштанд,ки онро аз таьмири пурра бароранд...онхо гунохи худро "дида меистем" дар души як ду муаллими катори ва ё донишчуён мезананд... Дар асл бошад гунахкор худи онхоянд...Хайфи шумо...


Ном: vatandor аз: Isfahon
27.12.2007 09:25

Dar hakikat #dilsukhta# rost meguyad,voi bar holi millatu kishvar, in sharmandagi....


Ном: Вориси Сомони
27.12.2007 08:05

Эй вой бар ман! Эй вой бар мо!!!

Шарҳҳо 1-10 (of 12)