Тоҷикистон

Сӯхтор дар Донишгоҳи тиббии Душанбе

26.12.2007

Сӯхтор дар бинои Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ Сино то ба ҳол хомӯш карда нашудааст.

Амвоҷи дуди сиёҳ, ки аз маҳалли сӯхтор мехезад, аз ноҳияҳои дигари пойтахт намудор аст. Якчанд гурӯҳи оташнишон талош доранд сӯхторро хомӯш созанд. Дар атрофи бинои Донишгоҳ донишҷӯён ва мардум ҷамъ омадаанд.

Сабаби сӯхтор то ҳол дақиқ нагаштааст, аммо намояндаи Идораи сӯхторнишонии шаҳри Душанбе гуфт, ба эҳтимоли зиёд ҳалқазании кӯтоҳи нерӯи барқ дар хатҳои интиқоли барқи дохили бино манбаъи оташ шуда бошад. Ба нақл аз баъзе донишҷӯёни шоҳиди ҳодиса, сӯхтор аз толори китобхонаи донишгоҳ сар задааст.
 
Дар ҳоли ҳозир оташ ҳамаи се ошёнаи биноро фаро гирифтааст. Гуфта мешавад, китобхонаи нодири донишгоҳ, ки дар он тамоми асарҳову дастхатҳои 60 соли фаъолияти яке аз куҳантарин донишгоҳҳои тиббии Осиёи Марказӣ ҷамъ шуда будааст, ба куллӣ нобуд гаштааст.

Шеваи фурӯнишонии сӯхтор аз тарафи гурӯҳи оташнишон қобили фаҳм набуд. Дар ҳоле ки чанд мошини сӯхторнишонӣ ва ду мошини об ба ҷои воқеа ҳозир шуда буданд, танҳо яке аз онҳо кор мекард, ҳарчанд шиддати оби он низ дар фурӯ нишондани оташ нокофӣ ба назар мерасид. Бо ин ҳама, вақте ки оташ дар чанд ҷои бино забона мезад, сӯхторнишонон танҳо як нуқтаи онро обпошӣ мекарданд. 

Сӯхтани бахшҳои дигари бино ҳамоно идома дорад. Зоҳири ҳодиса ин аст, ки сӯхторнишонҳо таҷҳизот ва омодагии комил надоранд, то оташро дар ҳамаи нуқоти бино таҳти ҳамла қарор диҳанд. Манзара бештар ингуна буд, ки сӯхторнишонҳо гӯиё интизор мешуданд, то бино пурра бисӯзад. 

Яке аз сабабҳои дер ба кор сар кардани дастаи сӯхторнишонӣ панҷарабандӣ будани ҳавлии донишгоҳ ва ба назди бинои оташгирифта дер роҳ ёфтани мошинҳои сӯхторнишонӣ низ буд.


 
 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-10 (of 19)
Ном: Михо аз: Хоруг
30.01.2008 15:23

Аз сабаби нахондани базе донишчуён Донишгохи тиббиро хх хх хх фармуд оташ зананд.


Ном: Sbir аз: dushanbe
27.12.2007 17:39

bale vaqte donishomuzon nofarmoni khudoro az had ziyod kardan khudovand ba sababi khudi onho maktabshona az bain burd.in yak ibratast baroi digar maktab ho agar ibrat nagiran azob basari hamara khohad omad va ssalom.


Ном: Парвиз аз: Вахдат
27.12.2007 09:11

афсус ва сад афсус, ки чунин маркази илмии тибби, ки дар вакташ дар тамоми собик Иттиходи Шурави машхур буд, ба тамом ба нести рафт. Ман хеч боварам намеояд ки аз расиши кутохи барк чунин сухтор ба амал омада бошад. Агар шаб ин оташ сар мезад ба ин бовар кардан мумкин буд. Вале дар рузи равшан, ки вакти дарсхони буд ва дар хама синфхонахо кариб дарс мерафт чи гуна сухтор мешудаасту касе хабар намеёбад. О сухтор яку якбора сар намезанад, аввал охиста охиста сухта сони аланга мегирад.албатта намояндагони хифзи хукук агар хоханд сабаби ин сухтори биносузу маърифатсузро муайян мекунанд.Вале бояд онхо ба фаъолияти сухторхомушкунон хам бахои вокеи диханд. Бояд прокуратураи шахри Душанбе, ки аз руи иттилои Шумо гуё нисбати ин ходиса казияи чинои кушодани аст, чуноне ки русхо мегуянд "защита честь мундира" накарда нисбати сухторхомушкунон хам казияи чинояти кушоянд. Чунки хама дида буданд, ки онхо бо мошинхои беоби сухторхомушкуни омада буданд. Бояд онхо хам фахманд, ки на факат онхо дигаронро гунахкор мекунанд, балки онхо хам гунахкоранд. Ва гунахкори асоси!!!!!! ман ки хатмкунандаи ин даргохи маърифату илм хастам бо дили бирён ба ин бино назар карда ашк мерезам, ва афсус ки дигар чорае надорам. дар охир аз хама хатмкунандагони ин донишгох хохиш дорам, ки суратхисобе кушода шавад ва хар кас мувофики шароиташ барои баркарор намудани ин "алма матер" и тибби точик маблаге гузаронад. Бо эхтиром "Парвиз" аз Вахдат


Ном: Asad
27.12.2007 01:21

Shukr, ki yagon nafar ba halokat narasidaast. Insha'alloh boz hamaash khub meshavad.


Ном: Hirs аз: dushanbe
26.12.2007 20:26

biser kori nohush ruy dod ! mo yak chiza namefahmem,KI pajarniko dar vahti suhtor bo ch mashgul budan ki donishgoh suhta raft ! duhturo besavod budan aku badi in kor yakbora besavod shuda meran !!!!!!


Ном: niso
26.12.2007 18:40

az hama khub nashdagish in bud ki kitobhoi behtarin zeri otash mondaand!!!!


Ном: amina
26.12.2007 18:39

mo yak guruh donishjuyon az in sukhtor sakht gamgin shudem !! haifi in donishgohi zebo!!


Ном: siraj аз: xorug
26.12.2007 18:12

hukumat boyad ba hamen xel voqeaho az qabl taere benad.pul judo kunad va acbobhoe cuxtorxomushkune bexarad va kam kaifu safo kunand.mushkele asose suxtane ketob bud suxt,xudovand mellate mora az tamome baloho najot dehad.omen


Ном: улугбек
26.12.2007 18:03

Афсус.кори хуб нашудааст...


Ном: Sirojiddin аз: Dushanbe
26.12.2007 18:02

vokian in khabar baroi mardumi tojik ba khusus donishjuyon khabari gamnoki hast , khayriyat ki kasi dar in hodisa osibe nadidaast, va donishgoh boshad inshoalloh ba kumaki hukumati TJK obod khohad shud , vali man fikr mekunam ki un kitobhoi ki sukhtan dar muddati kamtar mo onhoro ba dast ovarda nametonem... tashakkur..

Шарҳҳо 1-10 (of 19)