Фарҳанг

Намоз дар масҷид ба сӯи Ватикан?

21.12.2007

Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Тоҷикистон мегӯяд, дар ноҳияи Турсунзода масҷиде бунёд шудааст, ки пас аз чанд соли истифодаи он дақиқ шудааст, ки самти намозгузорӣ дар он на ба сӯи Каъба, балки Ватикан будааст.

Хурсанд Ибоддинов, раҳбари пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи улуми Тоҷикистон бо ёдовари аз ин ҳодисаи иттифоқуфтода гуфт, инчунин номушаххасиҳо дар муайян кардани самти дақиқи Каъбатуллоҳ, яъне шаҳри Макка миёни мардум ихтилофҳо сар задааст. Вай афзуд, мо бо мутахассисон ба ин деҳа рафта, аз тариқи асбобҳои махсус самти ғуруби офтоб ва ҷойгиршавии Каъбаро муайян ва бо бур самти Қибларо дар саҳни ҳавлии ин масҷид ишорат намудем. Маълум шуд, ки қаблан мардуми ин деҳа дақиқан на ба  самти Каъба, балки 22 дараҷа канортари ин самтӣ намоз мегузоштаанд. Зеро ин масҷид параллел бо роҳ бунёд шуда ва самти Каъба дақиқ мушаххас нашудааст.

Оқои Ибоддинов иброз дошт, ин дар ҳолест, ки шӯрои уламои Тоҷикистон ҷиҳати мушаххас кардани самти қибла аз ҳама манотиқи Тоҷикистон ва тақвими замони намозҳо ба ин пажӯҳишгоҳ расман муроҷиат карда ва посухи дақиқ гирифтааст. Вале, ба гуфтаи ӯ, муассисоти динии Тоҷикистон дар бунёди ба хусус масоҷид аз дастовардҳои улуми дақиқ зиёд истифода намебаранд ва ин боиси иштибоҳҳои мусалмонони кишвар дар анҷоми аркони ислом мегардад. Зеро ба эътиқоди оқои Ибоддинов, самти ҷойгиршавии Каъбатуллоҳ аз мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон, танҳо дар рӯзҳои кӯтоҳтарини сол, ба вижа 22 декабр ба самти ғуруби офтоб мувофиқ аст.

Ва аммо, мегӯяд ӯ, дар фаслҳои дигар, аз ҷумла тобистон, самти ғуруби офтоб 60 дараҷа тағйир меёбад ва дар ин мавсим дақиқан ба самти ғуруби офтоб намозгузорӣ дуруст нест. Ҳамчунин меафзояд, дар бештарин маврид дар аксари манотиқи кишвар ва шаҳрҳо масоҷид дар заминаи мувофиқат бо тарҳи кӯчаҳо бунёд мешавад, ки аксар маврид самти намозгузорӣ дар ин масоҷид дақиқан рӯ ба сӯи Қибла набудааст. Ба гуфтаи масъули пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Тоҷикистон, бар илова аксаран мавсими шурӯъи сохтмон биноҳо, аз ҷумла масоҷиди кишвар, дар фасли гармои тобистон аст ва чун самти қибларо ҷониби ғуруби офтоб муайян мекунанд, дар ин фасл қутби ғуруби офтоб аз самти ҷойгиршаваии Каъба хеле тафовут дорад. 

Хурсанд Ибоддинов, раҳбари пажуҳишгоҳи астрофизикаи Академияи улуми Тоҷикистон 

Аммо дар ҳамин ҳол, Адашхон Иноятзода, муаззини масҷиди марказии Душанбе, мегӯяд, феълан мавриди мушаххас кардани самти намозгузорӣ дар бунёди масоҷиди кишвар аз компас ва ё қутбнамо истифода мебаранд ва ҳамчунин бар тибқи он аз ҷумла мушаххас кардаанд, ки самти намозгузорӣ дар масҷиди марказии Душанбе дақиқан ҷониби Каъбатулоҳ будааст. Вай афзуд, дар инҷо 120-130 пеш, яъне қабл аз инқилоби октябр масҷид сохта шуда буд ва Масҷиди марказии Душанбе  дар ҷои он бунёд шуда ва самти қибла ба он масҷиди қаблӣ мувофиқ аст.

Ва ин дар ҳолест, мардуми оддии мусалмони кишвар самти намозгузории худро ба гуфтаи имомҳои масоҷид анҷом медодаанд, вале аксаран самти ҷойгиршавии Каъбаро дақиқан намедонистаанд. Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон ҳатто тақвими замони намозҳо ба ҷуз аз моҳи шарифи Рамазон дар дигар моҳҳо нашр ва ба мардум пешкаш намешавад. Ва ин аст, ки аксаран мардум замони намозҳоро аз усулҳои қадимӣ, ки мероси гузаштагон аст, истифода мебаранд. Барои мисол фаросрасии намози шомро ба он замон мувофиқ медонанд, ки риштаи сафедро аз риштаи сиёҳ фарқ карда шавад ва ё дамидани субҳро он лаҳзае медонанд, ки донаи гандумро аз дона ҷав мешавад фарқ кард.

Дар ҳамин ҳол пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон бо нигаронӣ ба дониши нокофии ходимони динии кишвар дар бахши илми нуҷум ба мақомоти таълими динии кишвар пешниҳод кардаст, ки ба толибилмони мадрасаҳои динии кишвар ҳадди ақалл то 40 соат аз асосҳои илми нуҷум дарс омӯзонда шавад. Зеро ба гуфтаи масъули ин пажӯҳишгоҳ агар ходимони дин ва имомҳои масоҷид аз асосҳои илми нуҷум бехабар монанд, анҷоми рукнҳои исломӣ дар оянда низ бо иштибоҳот сурат хоҳад гирифт.

 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-10 (of 15)
Ном: Мухаммад аз: Душанбе
09.02.2008 09:15

МАсчиде,ки дар шахри Душанбе дар н Сино чойгираст киблааш дуруст аст ё..


Ном: khazrat аз: dushanbe
20.01.2008 00:59

Assalomu alaikum varahmatullohi va barakatuh!!! Barodaroni ahli islom har vaqte,ki masjidhoro bunyod mekunand avvalan bo kompas mesanjand.ba;dan mo niyat mekunem,ki qibla jihati ka'ba yane dar kujoe,ki ka'ba boshad,


Ном: Abdullah аз: Tajikistan
09.01.2008 18:53

Ассалому Алайкум Рохи хали ин масъала факт бо ёрдами Хатибони масочид мешавад ва илло ихтилофотхо зиёдтар мешавад, Чи гуна ин масъаларо хал кардан даркор, хар як хатибро бояд омузонд ки чи гуна ва ба кадом рох кибларо шинохт ва чи тавр муаян кард дар кадом фасл кадом тараф намоз бояд хонд, кавм худаш дуруст мешавад. зеро шинохтани Кибла Фарз аст


Ном: АбдиАллох
28.12.2007 14:28

.."Адашхон Иноятзода, муаззини масчиди марказии Душанбе, мегуяд, феълан мавриди мушаххас кардани самти намозгузори дар бунёди масочиди кишвар аз компас ва ё қутбнамо истифода мебаранд ва ҳамчунин бар тибқи он аз ҷумла мушаххас кардаанд, ки самти намозгузорӣ дар масҷиди марказии Душанбе дақиқан ҷониби Каъбатулоҳ будааст. Вай..."...ё дуруг мегуяд ё ин ки масочидсозони мо аз компас чи тавр истифода бурданро намедонанд, зеро ки шахсан ман бо чанд усул киблаи масчиди марказиамонро чен кардам такрибан 25-30 градус аз киблаи хакики фарк мекунад. Ман китоби Мавлавии Кифоятуллох-"Самти Кибларо бояд шинохт"-ро хондаам.Хар як мусалмони сохибхирад онро бояд хонад! Хар як шахси босавод агар ба харитаи чахон нигарад мебинад ки шахри Макка дар самти чанубу гарби Душанбе чойгир аст... Кошки гурухи олимон тамоми масочидхои калони чумхуриро самти киблаашонро месанчиданд.Бовари дорам аксарияти масчидхо киблаашон кач муайян шудааст,зеро кибланамо то холо дар дасти ашхоси аз илми чугрофия бехабар м-д....


Ном: siraj
26.12.2007 18:35

chand col qabl yake az barodarone mo ke az Tojikone Afgoniston bud va az ulume dene becyor boxabar bud dar borae hamen mavzu suhbat karda bud.baze az mullohoe mo meguftand kudom Avgone omada va baroe mo masjed coxtan va meomuzonad.badan hukumat Tojikiston en mawlavero az vatan xorej kardand.


Ном: TJK
26.12.2007 12:34

Agar yak 70 soli digar intizor shuda ba'd muaiyan mekardand nagztar meshud.


Ном: Шахрванд
24.12.2007 16:49

Мавлавии Кифоятуллохи Курбон ки соле пештар имоми намози чумъаи масчиди вокеъ дар махалаи Советский буд ва аз улуми диниву дуняви хело бохабар буд ва оиди нодуруст будани киблаи АКСАРИЯТИ МАСЧИДХОИ тОЧИКИСТОН баромадхо мекард аз чумхурии мо(албатта бо ёрдами кумитаи дини чумхури ва гуруххои зиддиисломи) ба истилохи мардуми "депортация карда шуд". - Огои Хурсанд Ибоддиновро мутаасифона ба мисли хамин шахс "депортация" интизор аст... зеро ба гуфтаи ӯ, муассисоти динии Тоҷикистон дар бунёди ба хусус масоҷид аз дастовардҳои улуми дақиқ зиёд истифода намебаранд ва ин боиси иштибоҳҳои мусалмонони кишвар дар анҷоми аркони ислом мегардад. Зеро ба эътиқоди оқои Ибоддинов (ки 100% бовар дорем дуруст аст), самти ҷойгиршавии Каъбатуллоҳ аз мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон, танҳо дар рӯзҳои кӯтоҳтарини сол, ба вижа 22 декабр(яъне хонахои зимистонии офтоб,азимути 243градус) ба самти ғуруби офтоб мувофиқ аст.Ва аммо, мегӯяд ӯ, дар фаслҳои дигар, аз ҷумла тобистон, самти ғуруби офтоб 60 дараҷа тағйир меёбад ва дар ин мавсим дақиқан ба самти ғуруби офтоб намозгузорӣ дуруст нест.


Ном: lailo аз: dushanbe
24.12.2007 14:49

Ammo bisyor ajib ast ki charo to ba hol mehrobi masjidi mo hamonwst ki bud? Man fikr mekunam in matlab behooda ast.


Ном: Мубориз
24.12.2007 11:39

Оличаноб! Ин маколот бешак зеби сайти Озодианд! Ташаккур ба Бароти Юсуфи!


Ном: шахрванди пойтахт
24.12.2007 09:39

Бале бисёр маколаи хуб. Холо вакти он омадааст, ки олимони мо кибларо муайян кунанд.

Шарҳҳо 1-10 (of 15)