Тоҷикистон

Таҷлили Иди Қурбон дар Тоҷикистон

20.12.2007

Бистуми декабри соли 2007, аксари мардуми Тоҷикистон, ки мусулмонанд, аз муҳимтарин иди мазҳабии худ – Иди Қурбон таҷлил карданд.

Мусулмонони кишвар ба ин ид аз чанд рӯз қабл омодагӣ гирифта буданд. Аз субҳи барвақт соҳибхонаҳо дар посухи «Иди Қурбон муборак!» ё «Иди нав муборак!» гуфтани кӯдакони ба «идгардак» баромада дарҳои хонаҳояшонро боз карда, бо чеҳраи кушод «Худо муборак!» мегӯянд ва ба эшон ба рамзи хушнудӣ ҳар гуна шириниҳо эҳдо мекунанд.  Ва кӯдакон шоду масрур мераванд аз ин дар ба дари хонаи дигар, то аҳли ин хонаводаҳоро низ бо ин ид табрик кунанд…
 
Ашхоси тавонманд дар ин рӯз, тибқи расми ин ойини мазҳабӣ, гӯсфанд қурбонӣ карда, ба ҳамсояҳои камбизоат ва мардуми дастнигари давру бари худ либосворӣ ва ё пулу маводи ғизоӣ кумак намуданд.
 
Соати 9-и субҳ дар масҷиди марказии шаҳри Душанбе ба номи Имом Тирмизӣ намозгузории идона баргузор гардид, ки дар он беш аз ҳазор нафар сокинони пойтахти кишвар ва меҳмонони мусалмони он ширкат намуданд.
 
Дар гӯшаи «Нигористон» (паҳлуи рости ин матлаб аз боло) намоҳоеро, ки хабарнигорони мо имрӯз дар шаҳри Душанбе аксбардорӣ кардаанд, ба маърази намоиш гузошта шудаанд, ва шумо метавонед бо руҷӯъ ба он ин аксҳоро тамошо бикунед.
 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-4 (of 4)
Ном: sher аз: sher
21.12.2007 17:27

idi muboraki qurbonro ba yako yaki mardumi khubi tojikiston va jahoni islom tabrik mekunam ..


Ном: Gharib
21.12.2007 08:02

Idi Qurbon muborak hamdiyoroni aziz!!!!


Ном: Саломиддин
21.12.2007 02:43

Мен фикр мекунам раками хазор нафар, ки дар хабар омадааст, дуруст нест. Дар масчиди маркази дар Душанбе дируз камтаринаш 8 ё 10 хазор намозгузор чамъ шуда буданд. Оё хабарнигори шумо мехохад бо кам нишон додани теъдоди намозгузорон заифии исломро нишон дихад. Чаро? Масалан чанде аз дустонам ки дар масчиди Эшони Нуриддин дар Вахдат намози ид хондаанд, гуфтанд ки дар ин намоз дар ин дехаи дурдаст беш аз 20 хазор нафар чамъ шуда буд ва хеч чое барои мошингузори ва гунчондани одамон намонд. Наход шумо хаминро хам хазор нафар гуед... Афсус. Ман аз иштирокчиёни намозхо дар масчидхо хохиш мекунам, ки ба ин сайт нависанд ки дар масчидхошон чанд хазор нафари иштирок доштанд, то хама бидонанад,ки раками як хазор дуруст нест....


Ном: semer аз: usa
20.12.2007 23:07

idaton muborak bod hamdiyoroni aziz!

Шарҳҳо 1-4 (of 4)