Варзиш

Нуробод футбол мехоҳад

08.12.2007

Дар манотиқи кӯҳистон аз анвои варзиш футбол аз ҳама зиёд маҳбубият дорад.

Тайи чанд соли ахир, ба эътиқоди коршиносон, ба иллати мушкилоти рӯзгор ва муҳоҷирати кории ҷавонон ба хориҷи кишвар, тармиму таҷдид нашудани майдонҳои варзишӣ мизони ин намуди бозӣ хеле поин рафтааст. Аммо, бо кушиш ва заҳамоти бархе аз мураббиёну ихлосмандони футбол, ба истилоҳ,  дар садади эҳё шудан аст.

Мактаби варзишии ноҳияи Нуробод дар тарбияи футболбозони ҷавон намуна буда, солҳои ахир минтақаи Раштро дар мусобиқоти гуногун аз рӯи ин намуди варзиш намояндагӣ мекунад. Сотир Аминов, муррабии футбол ба радиои Озодӣ гуфт, шароити кӯҳистон барои рушди ин соҳаи варзиш хеле мусоид мебошад. Аммо, вай афзуд, умдатан аз ҷониби мақомоти навоҳии минтақа футбол маблағгузорӣ намешавад. Ӯ мегӯяд, ки онҳо мехоҳанд, дар ин минтақа як сабқати қаҳрамонӣ баргузор шавад. Вале аз лиҳози молӣ, ба қавли худаш, дар сатҳи сифр қарор доштаанд.

Оқои Аминов гуфт, норасоии сару либос, камбуди туб, ва ҳатто оби ошомиданӣ надоштани варзишгоҳи Нуробод барои тамрини футболбозони ҷавон мушкилот эҷод кардааст.

Аммо натоиҷе, ки дастаи Нуробод  дар мусобиқоти мухталиф ба даст овардааст, аз назари мутахассисон қаноатбахш мебошад. Тавре, ки мураббии футбол Сотир Аминов афзуд, феълан, се нафар аз дастпарварони ин мактаб дар дастаи «Энергетик»-и шаҳри Душанбе тамрин мекардаанд. Ӯ мегӯяд, агар имкони молӣ шавад, дар лигаи якуми сабқати Тоҷикистон бозӣ кардан мехоҳанд.

         

 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 0 (of 0)
Ҳанӯз шаpҳе дар ин баҳс нест. Шумо аввалин ширкаткунанда хоҳед буд
Шарҳҳо 0 (of 0)