Тоҷикистон

Таҷлил аз "Иҷлосияи шонздаҳум"

Президент Раҳмон дар ҳалқаи муҳофизонаш дар Хучанд, 15 ноябри соли 2007.

16.11.2007

Раисҷумҳури Тоҷикистон Э. Раҳмон дар ҷашни иҷлосияи 16-уми порлумон дар Хуҷанд хатми ҷанг ва барқарории сулҳ дар Тоҷикистонро муҳимтарин дастоварди ин ҷаласа номид.

Раҳмон гуфт, пешрафтҳои иқтисодии Тоҷикистон низ аз натиҷаҳои иҷлосияи мазкур маҳсуб меёбад. Ӯ гуфт  : «Агар дар ёд дошта бошед, дар соли 1995 буҷаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамагӣ 270 миллион доллар буд. Имрӯз маблағи буҷа яку ним миллиард доллар аст. Ва ҳар сол аз саду панҷоҳ то дусад миллион доллар зиёд шуда истодааст. Натиҷаи тинҷӣ, ваҳдат, сулҳу оромӣ ва заҳмати шабонарӯзии мардуми шарафманди тоҷик."

Аммо ба гуфтаи таҳлилгарон ва коршиносон, дар понздаҳ соли баъди Иҷлосияи шонздаҳум, бо вуҷуди он ки дар Тоҷикистон сулҳ ва оромиш пойдор шудааст, аммо дар ин муддат Тоҷикистон натавонистааст, дар муқоиса бо кишварҳои дигари минтақаи Осиёи Марказӣ, ба пешрафт ва рушди чашмгире ноил гардад. Қисми зиёди аҳолии кишвар, тақрибан 60 дар сад аз рӯи омори расмӣ,   дар қашшоқиву нодорӣ ба сар мебаранд ва дар Тоҷикистон ҷои кор пайдо наёфта, барои мардикорӣ ва дарёфти рӯзӣ ба Русия ва кишварҳои дигар сафар мекунанд. Коршинос - Неъматуллоҳи Мирсаид мегӯяд : «Имрӯз Тоҷикистон дар чӣ ҳол аст? Мо аз коррупсия озод шуда наметавонем. Ҳатто мансабҳои давлатӣ фурӯхта мешавад. Мардум азият мекашад. Одамон қашшоқанд. Вале як миқдори муайяни ночизи ҷомеа дар шахси мансабдорони давлатӣ аз тамоми беҳбудиҳое, ки курсии давлатӣ барояшон фароҳам меорад, истифода мебаранд. Тамоми шароити зиндагӣ барои онҳо муҳайё аст, вале мардуми заҳматкаш гурусна аст. Оё ин ба шарофати ҷаласаи шонздаҳум аст? Ва оё ҳамин аст он музаффарияте, ки имрӯз мо ба он расидем?»

Аммо Бобоҷони Икром – сардабири ҳафтаномаи «Вароруд» дар Хуҷанд, аз иштирокдорони иҷлосияи мазкур  ба сурати якпорча боқӣ мондани Тоҷикистон дар харитаи ҷаҳонро муҳимтарин дастоварди иҷлосияи 16 – ум мехонад ва меафзояд: «Иҷлосияи 16 - ум аз он сабаб таърихӣ аст, ки пеш аз ҳама, ба бесарусомониҳо дар Тоҷикистон хотима ва баъдан ба барқарор шудани сохтори конститутсионӣ дар ин кишвар асос гузошт. Баъдан, тибқи қарорҳои ин иҷлосия гурезаҳо аз ғурбат ба Тоҷикистон баргардонида шуданд. Ва ниҳоят, баъди имзои созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоятит миллӣ давраи нави рушди Тоҷикистн ҳамчун давлати соҳибистиқдлол, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд шурӯъ шуд.»  

Иҷлосияи 16 – уми собиқ Шӯрои Олии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби Хуҷанд дар моҳи ноябри соли 1992  Эмомалӣ Раҳмонро аз курсии раиси кумитаи иҷроияи ҳукумати Кӯлоб ба мақоми раиси Шӯрои Олӣ  ва раҳбарии давлати Тоҷикистон овард. Ин замоне буд, ки фаъолияти ҳукумати муросои миллӣ дар Душанбе фалаҷ гашта, танҳо пойтахт ва атрофи онро таҳти контрол дошт. Зимоми ихтиёри манотиқи ҷануб ва шимоли кишвар тақрибан пурра аз дасташ берун рафта буд.  

 Дар ҳамин ҳол, мегӯяд Баҳром Ориповсобиқ вакили Шӯрои олӣ ва иштирокдори Иҷлосияи 16 – ум, дар моҳи ноябри соли 1992 баргузории иҷлосия дар Хуҷанд (ба ҷои дар пойтахт – Душанбе) бо дархости вакилони манотиқи Кулобу Қурғонтеппа ва Хуҷанд  сурат

гирифт. Ӯ афзуд, вакилони ин манотиқ аз омадан ба Душанбе ба хотири набуди амният даст кашиданд ва кворум ҷамъ наёмад. Пас, қарор шуд иҷлосия дар Хуҷанд баргузор гардад.

Зимнан, ба гуфтаи иштирокдорони иҷлосияи 16 – ум, амнияти Қасри Арбоб дар канори Хуҷанд ва бехатарии вакилонро нирӯҳои амниятиву низомии Русия ва Узбакистон бар ӯҳда гирифта буданд. Шоҳидони ҳол мегӯянд, бе иҷозаи низомиёни ин ду кишвар нафаре аз вакилон ҳаққи ворид шудан ба толори иҷлосияро надошт

Ҷумъабой Ниёзовсарвари ҳизби демократии Тоҷикистон, ҷиноҳи Маҳмадрӯзӣ Искандаров мегӯяд, аммо сулҳи Тоҷикистон натиҷае набуд, ки танҳо баргузории Иҷлосияи 16 – ум дар пай овард,  балки ҳосили талош ва муборизаҳои чандинсолаи аз ҷумла нирӯҳои мухолифини собиқ ҳам буд.

Ва ин нуктаест, ки ба ақидаи оқои Ниёзов,  бо гузашти солҳо давлатмардони вақти Тоҷикистон аз он ҳар чӣ камтар ёд  меоранд ва овардани сулҳ ба Тоҷикистон танҳо ба номи як гурӯҳ, балки як фарди сари қудрат рабт дода мешавад.

Дар ин робита Убайдулло Файзуллоевсарвари ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Суғд мегӯяд,  маҳз  пазируфта нашудани ин нукта аз ҷониби ҷангандаҳои нирӯҳои ба истилоҳ Фронти халқӣ, ки дар Иҷлосияи 16 – ум дар моҳи ноябри соли 1992 Эмомалӣ Раҳмонро ба мақоми раҳбари аввал гузоштанд, истиқрори сулҳ  ва субот дар Тоҷикистон то соли 1997 ба дер андохт.   

Ба ҳамин тариқ, дар Тоҷикистон, бо ин ки аз баргузории Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олӣ 15 сол сипарӣ мешавад ва бо вуҷуди тарғибу ташвиқҳои пайвастаи давлат ва ҳукумати вақти Тоҷикистон ва тантанаву саҳнаороиҳо дар зимни таҷлил иҷлосияи мазкур то кунун натавонистааст ба худ ҷойгоҳ ва мақоми як ҷашни умумимиллӣ касб кунад. Ҳанӯз ҳам гоҳе дар маҳофили оддии сокинон ва гоҳе дар маҳофили сиёсии Тоҷикистон гуфта мешавад, ки иҷлосияи 16 – уми порлумони собиқ дар моҳи ноябри соли 1992 аз табаддулоти давлатӣ ва касби қудрат аз сӯи яке аз ҷонибҳои разманда беш набуд. 

 

 

 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-5 (of 5)
Ном: Исроил аз: Панчакат
19.11.2007 08:43

Ман сад дар сад бовари дорам, ки номи ин ичлосияи такдирсуз ва актиёрони он ва сахнаи театри он, яъне Касри Арбоб дар сахифаи таърихи миллатамон сиёх мешавад, чунки соли 1992 дар ин чо табаддулоти давлати шуд ва ба сари хокимият ашхосе омаданд, ки дигар умуман аз сари давлат ва гардани мардуми ситамдидаи точик рафтани нестанд. На хамон вакт ва на баъди он ягон бор интихоботи шаффофу демократи ва хаккони доир нагардид. Боз гуфтаниам, ки охир ин чи хел мешавад, ки вакте нархи орду равган ва гайра дар осмону маошхо ночиз аст, аз бахту саодат харф зад?! Инро беномуси мегуянд! Бо сулх-сулх ва вахдат-дусти гуфтану консертхои беохир на шиками мардум сер мешаваду на пешрави.


Ном: Sobiq khonandai matolibi Radioi OZODI
17.11.2007 22:40

Salom Bar shumo kormandoni Ozodi, ki muhlisi radioi shumo budam, matolibi shumoro az in somona mehondam. Ammo bad az one, ki ba misli kunkovho ba har pahlui barguzorii in ijlosiya jangjuyona bahs tashkil kardedu, yarmarkahoi idonai Dushanbero ba in munosibat az nigohi tang ba jahoniyon peshkash karded, dar nazaram shum shuded. Sadkai amniyati Tojikiston shaved. Hamai Shumo tojiked va bovari doram dar oilavu hoani shumo sad mushkilot hast, nahod odam idi Tojikistonro ba yak bozori rasvoi chirku ahlot barobar karda nishon dihad, maoshaton harom bod lagandbardoroni josusini Hukumati Amriko. Man digar matolibi shumoro namekhonam. Shoyad az radioi shumo ru gardonidani yak shunavanda baroyaton ahamiyat nadoshta boshad, shoyad, ammo ba man basast, ki har kasi az shumo kormandoni Ozozdi, ki in maktubro mehoned, dar dilaton yakl gazab meoyad, Hohed nahohed dar andeshai in matlab meshaved. Lanat ba faoliyati ablahonaaton, dushmanoni millati Tojik. Sadkai obu hoku havovu amjniyati Tojikiston shaved.


Ном: Murod аз: USA
16.11.2007 12:18

In ruzro mo boyad hamchun yak ruz siyoh dar tarihi navini Tojikiston navista monem.Afsus dar in 16 sol yagon peshravi ba chashm dida nameshavad.


Ном: Шахри аз: Душанбе
16.11.2007 09:53

Он сад дар сад хамчун табодуллоти давлати махсуб мешавад ва мардум аз он хам безоранд ва мехоханд онро тезтар фаромуш кунанд.


Ном: Али аз: Норак
16.11.2007 08:41

Бале, ин ичлосия як табаддулоти давлати буд.Хукумати гайри легитими то хол гайриконуни фаъолият дорад.

Шарҳҳо 1-5 (of 5)
Ҳаҷми матн