Иқтисодиёт

"ТоҷикЭйр" ба евро гузашт ва нархро боло бурд

09.11.2007

Ширкати давлатии ҳавопаймоии «ТоҷикЭйр» қимати чиптаҳои Душанбе-Маскавро бо фарорасии фасли сармо афзоиш дод ва муомилоташро бо евро ба роҳ монд.

Маркази матбуоти Ширкати «ТоҷикЭйр» хабар дод, феълан, чиптаи навъи эконом-класси хатсайри  Душанбе- Маскав 301 доллар (то кунун 294 доллар буд) ва навъи бизнес-класс ба 421 доллар (қаблан, 412 доллар) баробар шудааст.  

Маркази матбуоти Ширкати давлатии «ТоҷикЭйр» ҳамчунин хабар дод, арзиши билетҳои бозгашт аз Маскав ба Душанбе низ тағйир ёфтааст. Қимати намуди эконом-класси он 23 доллар афзуда, аз 359 ба 382 доллар расидааст. Вале қимати навъи бизнес-класс тағйир наёфта ҳамоно 536 доллар боқӣ мондааст.

Ҳамчунин, «ТоҷикЭйр» тарифҳои вижаеро ҷорӣ кардааст, ки харидорон ҳангоми пешакӣ азми сафар кардан ба Русия бо қиматҳои гуногун чиптаҳоро дарёфт мекунанд. Масалан, агар харидор хоҳад, 60 рӯз қабл аз парвоз билет дарёфт кунад, бо арзиши 219 доллар метавонад харад. Ва ё агар як моҳ қабл харидорӣ кардан хоҳад, билети навъи эконом-класс 242 доллар арзиш мегирад.

«ТоҷикЭйр» сабаби баланд шудани қимати чиптаи парвоз ба Русияро ба гарон шудани қимати маводи сӯхт марбут медонад, ки таи се - чаҳор моҳи ахир 1,5 баробар афзудааст.

Инчунин, ба гароншавии қимати чиптаҳо пулди евро боис шудааст. Мувофиқи ин тартиб, «ТоҷикЭйр»  акнун аз мизоҷонаш ҳангоми фурӯши билетҳо ба ҷои доллари амрикоӣ, еврои аврупоӣ талаб мекунад. 

Аммо коршиносон мегӯянд, ки дар соли равон бори аввал нест, ки нархи чиптаҳои ҳавопаймо баланд шудаанд. Ширкати  «ТоҷикЭйр» соли равон чандин маротиба нархи хатсайри Душанбе- Маскавро гарон кардааст. Агар дар ибтидои соли равон нархи чиптаи  қиматтарини Душанбе- Маскав 270 доллар буд, ҳамакнун дар дӯконҳои чиптафурӯшии «ТоҷикЭйр» қимати он ба 421 доллар расидааст.

 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-2 (of 2)
Ном: shuhrat аз: dubai
15.11.2007 20:42

BALAND RAVII NARKH MUSHKIL YAKTARAF MUSHKILI DIGAR TOJIK AIR DAFTARI KHUDRO DAR DUBAI AMOROTI MUTAHIDAI ARAB BA YAK IRONI FURUKHTAAST KI BOVAR KUNED IN SHARM AST KI TOJIK RO DAR AIRAPORTI SHORJAI A M A YAK IRONII BAD QAVORAI BE MUNOSIBAT PESHVOZ MEGIRAD VA TAHQIRI ZIYODE BA KASE BIKHOHAD MEKUNAD AGAR 4 RUZ QABL BILET NAKHARI YO BA OFESASH NARAVI 8 SOAT DAR FURUDGOH MUNTAZIR MEMONI BOZ HAMESHA HAVOPAIMO AZ VAQTI MUAYAN 6-YO8 SOAT DER PARVOZ MEKUNAD VOQEAN IN BA MO SHARM AST BOU GAPZANI MEGUYAD MAN DAR TOJIKISTON BO IN ODAMI KALON SHARIKAM INU ON


Ном: Daler аз: Tajikistan Khujand
09.11.2007 23:56

Salom ba Radioi Ozodi mo khohishmandem to narkhhoi chiptaho arzon boshad to in ki studentho baroi safarshon azob nakashand bo Ehtirom Dalerjon

Шарҳҳо 1-2 (of 2)
Ҳаҷми матн