Баргузидаҳо
Хунрезӣ дар Мумбай
Поёни баҳси Талко
Ҳиҷоб
Радио
Ҷадвали пахш
Дар бораи "Озодӣ"
Обуна
Баҳсҳо
Тамос
Чоршанбе, Декабр 03, 2008 Соат ба вақти Душанбе 06:16
Хона
Хабарҳо
Тоҷикистон
Минтақаҳо
Ҷаҳон
Сиёсат
Иқтисод
Ҷавонон
Фарҳанг
Варзиш
Подкаст
RSS
Пахши зинда
Ҳоло дар амвоҷ
Маҷаллаи бомдодӣ
Real Audio
Windows Media
Дархости
Барномаи имрӯз
Ёрӣ
Video
"Офати нафс"
Бахшҳои Озодӣ
رادیو فردا
راديوى آزادى
RFE/RL
Радио Свобода
Манотиқи нашаротӣ:
/
Ҷаҳони варзиш
"Регар" ва "Парвоз" - ду қаҳрамони футболи Тоҷикистон
02.10.2007
Тими мизбон - «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бар дастаи «Энергетик»-и Душанбе бо натиҷаи 1 бар 0 ғолиб омад. Дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд низ дар майдони худ тими «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппаро бо натиҷаи 2 бар 0 шикаст дод. Бо чунин натиҷа дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бар тими меҳмон - «Саройкамар»-и Панҷ пирӯз гардид.
Феълан дар ҷадвали мусобиқот ду даста - «Регар» ТадАЗ ва «Парвоз» бо 36-имтиёзӣ пешсаф мебошанд. Вале бозигарони шаҳри Турсунзода нисбат ба футболбозони шаҳри Бобоҷон Ғафуров ду бозӣ камтар, яъне 12 бозӣ анҷом додаанд. Инчунин таносуби тӯбҳои «Регар» ТадАЗ беҳтар аст, бинобар ин қаҳрамони феълии футболи Тоҷикистон дар зинаи аввал ва «Парвоз» дар зинаи дуввуми ҷадвали мусобиқот қарор гирифтаанд.
Дастаи «Вахш» бо 27 имтиёз ба зинаи севвум баромад. Дастаи «Тоҷиктелеком» бо 24 имтиёз як зина поин шуд ва ҷои чаҳорумро касб кардааст. Бояд тазаккур дод, ки ҳарду тими шаҳри Қӯрғонтеппа аз ҳама бештар - ҳар кадом 15 бозӣ анҷом додаанд.
Дастаи «ХИМА»-и Душанбе бо 23 имтиёз аз 13 бозӣ дар ҷои панҷум қарор гирифтааст. Тими «Хуҷанд» бо 22 имтиёз аз 13 дидор дар ҷои шашум мебошад.
Бад-ин тартиб мубориза барои унвони қаҳрамонӣ, аслан, миёни ду даста - «Регар» ТадАЗ ва «Парвоз» торафт шиддат хоҳад гирифт. Тимҳои «ХИМА», «Вахш», «Тоҷиктелеком» ва «Хуҷанд» бошанд, барои ба даст овардани медали биринҷии мусобиқот талош меварзанд.
Иштирок:
Дар бораи иштирок
Ҳаҷми матн
Чоп кунед
Ба дигарон фиристед
Тозатарин матолиб
Шореҳон дар бораи пешниҳоди Бордюжа
Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо ғуломӣ
Нақшаҳои нави низомии Маскав дар паҳнои ИДМ
НАТО масъалаи Тифлису Киевро баррасӣ мекунад
Мақомоти давлатӣ ва рӯҳониёни мавъизагӯ
Пурхонандатаринҳо
Парвандаи ҷиноӣ алайҳи Эшони Нуриддин
Посухи Раҳмонов ба номаи Тӯраҷонзода
Шоири тоҷик Бозор Собир 70-сола шуд
Бӯҳрони ҷаҳонӣ ва муҳоҷирони корӣ
Коршикании мардикорони тоҷик дар Русия