Баргузидаҳо
Зардорӣ
Пирӯзии Таҳмина
Қатли журналисти тоҷик
Радио
Ҷадвали пахш
Дар бораи "Озодӣ"
Обуна
Баҳсҳо
Тамос
Душанбе, Сентябр 08, 2008 Соат ба вақти Душанбе 04:56
Хона
Хабарҳо
Тоҷикистон
Минтақаҳо
Ҷаҳон
Сиёсат
Иқтисод
Ҷавонон
Фарҳанг
Варзиш
Подкаст
RSS
Пахши зинда
Дархости
Барномаи имрӯз
Ёрӣ
Video
Баргузиниши Барак Обама
Бахшҳои Озодӣ
رادیو فردا
راديوى آزادى
RFE/RL
Радио Свобода
Манотиқи нашаротӣ:
/
Ҷаҳони варзиш
«Регар» ТадАЗ - ғолиби гурӯҳи «А»
25.09.2007
Қаҳрамони футболи Тоҷикистон дар бозии севвуми худ рӯзи 25-уми сентябр тими СК «Ратнам»-и Шри-Ланкаро бо натиҷаи 1 бар 0 шикаст дод. Голро дар дақиқаи 66-ум Аббос Абдуллоев ба самар расонд.
Дар бозии дигари ин гурӯҳ ғайричашмдошт «Транспорт Юнайтед»-и Бутан бар тими мизбон - «Покистон Арми» бо натиҷаи 3 бар 2 ғалаба кард.
Бад-ин тартиб "Регар" ТадАЗ бо 9 имтиёз дар садри ҷадвали гурӯҳи «А» қарор гирифт. СК "Ратнам" бо 4 имтиёз дуввум шуд. Бар асоси низомномаи мусобиқот ду дастаи беҳтарини гурӯҳ ба давраи ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд.
Тими «Регар» ТадАЗ рӯзи 27-уми сентябр бо дастаи "Маҳендра Полис"-и Непал, ки дар гурӯҳи «В» ҷои дуввумро гирифт, барои роҳхат ба бозии ниҳоии Ҷоми раиси AFC талош хоҳад кард.
Бозии дигари ниманиҳоӣ рӯзи 28-уми сентябр миёни СК «Ратнам» ва ғолиби гурӯҳи «В» - «Дордой-Динамо»-и Қирғизистон сурат мегирад.
Бозии ниҳоии Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё рӯзи якшанбеи 30-юми сентябр баргузор мешавад.
Бозгашти дастаи Тоҷикистон бо 11 медал
Варзишгарони ҷавони Тоҷикистон дар нахустин давраи Бозиҳои варзишии Авруосиёии наврасон дар шаҳри Брести Беларус ҳамагӣ 11 медал - як тилло, 2 нуқра ва 8 биринҷӣ ба даст оварданд.
Наргис Набиева сардори раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт:
«Ин бозиҳо бо ширкати беш аз 900 варзишгари аз 13 то 15-сола аз даҳ кишвар - Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Литва, Молдова, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Узбакистон ва Укроин оид ба 11 риштаи варзиш тӯли панҷ рӯз идома карданд. Ягона медали тиллои Тоҷикистонро Ҳусниддин Алиев дар дискпартоӣ ба даст овард. Вайсиддин Ибодов дар навъи дзюдо ва Умедҷон Тошмуродов дар риштаи гуштии камарбандӣ бо медалҳои нуқра мукофотонида шуданд. Сӯҳроб Хоҷаев дар гурзандозӣ соҳиби медали биринҷӣ гардид. Инчунин гуштигирон Хушқадам Хисравов, Фаррух Шарифов ва Синои Ҳайдар оид ба самбо, Саидҷамол Саидов, Инъом Инъомов, Сайёдҷон Раҳимов ва Манучеҳр Маллаев оид ба гуштии озод ба дарёфти медалҳои биринҷӣ мушарраф шуданд.»
Дар ҳисоби ғайрирасмии умумидастаӣ тими мунтахаби Русия бо касби 153 медал, аз он ҷумла 73 нишони тилло мақоми аввалро касб кард. Дастаи мизбон - Беларус бо касби 120 медал, аз ҷумла 24 нишони тилло дар ҷои дуввум ва дастаи Қазоқистон бо касби 73 медал, минҷумла 20 нишони тилло дар ҷои севвум қарор гирифтанд.
Иштирок:
Дар бораи иштирок
Ҳаҷми матн
Чоп кунед
Ба дигарон фиристед
Тозатарин матолиб
Тамринҳои ҳарбии Русия дар Амрикои Лотин
Ҷашни пирӯзии Осаф Алӣ Зардорӣ
Бозиҳои 13-уми паралимпӣ дар Пекин оғоз шуданд
Аз «Тиҷорат дар Тоҷикистон» натиҷагирӣ карданд
Зардорӣ президенти Покистон шуд
Пурхонандатаринҳо
Боздиди расмии Дмитрий Медведев аз Тоҷикистон
Нақли собиқ афсари хадамоти амнияти Узбакистон
Комёбии овозхони тоҷик Таҳмина Ниёзова
Журналисти мақтули тоҷик ба хок супурда шуд
New York Times дар бораи Тоҷикистон