Баргузидаҳо
Хунрезӣ дар Мумбай
Поёни баҳси Талко
Ҳиҷоб
Радио
Ҷадвали пахш
Дар бораи "Озодӣ"
Обуна
Баҳсҳо
Тамос
Чоршанбе, Декабр 03, 2008 Соат ба вақти Душанбе 07:05
Хона
Хабарҳо
Тоҷикистон
Минтақаҳо
Ҷаҳон
Сиёсат
Иқтисод
Ҷавонон
Фарҳанг
Варзиш
Подкаст
RSS
Пахши зинда
Ҳоло дар амвоҷ
Дунёи иқтисод
Real Audio
Windows Media
Дархости
Барномаи имрӯз
Ёрӣ
Video
"Офати нафс"
Бахшҳои Озодӣ
رادیو فردا
راديوى آزادى
RFE/RL
Радио Свобода
Манотиқи нашаротӣ:
/
Ҷаҳони варзиш
Понздаҳ тӯби "Регар" ТадАЗ дар ду бозӣ
23.09.2007
Бозиҳои саввумин давраи Ҷоми президенти AFC дар шаҳри Лоҳури Покистон ҷараён доранд.Қаҳрамони футболи Тоҷикистон - "Регар" ТадАЗ дар бозии дуввуми худ тими мизбон - «Покистон Арми»-ро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод.
Футболбозони шаҳри Турсунзода танҳо дар дақиқаи 65-ум тавонистанд ҳисобро боз кунанд. Тӯбро легионери даста Аббос Абдуллоев вориди дарвозаи мизбонон сохт. Пас аз се дақиқа голи дуввуми дастаи меҳмонро Мансурҷон Ҳакимов ба самар расонд.
Ҳайати "Регар" ТадАЗ дар ин бозӣ чунин буд:
Додов, Рустамов, Чориев, Ҳасанов (Ҳакимов, 65), Маҳмудов, Ҳақбердиев, Тӯхтаев, Носиров, Баротов (Холбеков, 77), Рабимов, Абдуллоев.
Пас аз анҷоми бозӣ Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии "Регар" ТадАЗ ба сомонаи интернетии Конфедеросиюни футболи Осиё гуфт:
«Покистониҳо тамоми бозӣ, аслан, таваҷҷӯҳи худро ба ҳимояи дарвозаашон равона карда буданд, аммо ман мутмаин будам, ки бачаҳои мо ҳатман гол мезананд.»
Ёдовар мешавем, "Регар" ТадАЗ дар бозии аввали худ дастаи «Транспорт Юнайтед»-и Бутанро бо ҳисоби барои ин мусобиқот рекордии 13:0 мағлуб карда буд. Дар ин бозӣ панҷ тӯбро капитани даста
Хуршед Маҳмудов
ба нишон расонд. Ҳамчунин Аббос Абдуллоев ва Маъруф Рустамов дуголӣ, Раҳмоналӣ Баротов, Иброҳим Рабимов, Абдулло Умарбоев ва Фарҳодҷон Холбеков якголӣ заданд.
Рақиби навбатии "Регар" ТадАЗ - дастаи СК "Ратнам"-и Шри-Ланка мебошад ва ин бозӣ рӯзи 24-уми сентябр баргузор мешавад.
"Регар" ТадАЗ нахустин барандаи Ҷоми президенти AFC дар ду соли пеш мебошад. Ва аммо қаҳрамони соли гузаштаи Тоҷикистон - дастаи "Вахш" дар бозии ниҳоӣ аз"Дордой - Динамо"-и Қирғизистон шикаст хӯрда буд. Ба назари коршиносон бозии ниҳоӣ имсол низ миёни қаҳрамонҳои футболи Тоҷикистон ва Қирғизистон сурат мегирад.
Ҷоми президенти AFC барои қаҳрамонҳои кишварҳои ба истилоҳи Конфедеросиюни футболи Осиё "зуҳурёфта" мебошад. Аз Осиёи Марказӣ Тоҷикистон ва Қирғизистон ба феҳрасти ин кишварҳо шомил шудаанд.
Иштирок:
Дар бораи иштирок
Ҳаҷми матн
Чоп кунед
Ба дигарон фиристед
Тозатарин матолиб
Шореҳон дар бораи пешниҳоди Бордюжа
Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо ғуломӣ
Нақшаҳои нави низомии Маскав дар паҳнои ИДМ
НАТО масъалаи Тифлису Киевро баррасӣ мекунад
Мақомоти давлатӣ ва рӯҳониёни мавъизагӯ
Пурхонандатаринҳо
Парвандаи ҷиноӣ алайҳи Эшони Нуриддин
Посухи Раҳмонов ба номаи Тӯраҷонзода
Шоири тоҷик Бозор Собир 70-сола шуд
Бӯҳрони ҷаҳонӣ ва муҳоҷирони корӣ
Коршикании мардикорони тоҷик дар Русия