Баргузидаҳо
Хунрезӣ дар Мумбай
Поёни баҳси Талко
Ҳиҷоб
Радио
Ҷадвали пахш
Дар бораи "Озодӣ"
Обуна
Баҳсҳо
Тамос
Чоршанбе, Декабр 03, 2008 Соат ба вақти Душанбе 02:57
Хона
Хабарҳо
Тоҷикистон
Минтақаҳо
Ҷаҳон
Сиёсат
Иқтисод
Ҷавонон
Фарҳанг
Варзиш
Подкаст
RSS
Пахши зинда
Дархости
Барномаи имрӯз
Ёрӣ
Video
"Офати нафс"
Бахшҳои Озодӣ
رادیو فردا
راديوى آزادى
RFE/RL
Радио Свобода
Фарҳанг
Тоҷикистон -- зидди ҳиҷоб, Туркия дар орзуи он
Ин рӯмолбандӣ ҳам дар Тоҷикистон ҳиҷоб шумурда мешавад.
20.09.2007
Салими Аюбзод
Аввалин тазод
ин аст, ки бархилофи Тоҷикистон, дар Туркия, мушкили ҳиҷобро як масъалаи сиёсӣ мешуморанд. Тавре медонем, мақомоти Тоҷикистон ҳатто иттиҳомеро ба миён мегузоранд, ки гӯё касе ё гурӯҳе мехоҳад, ин масъалаи, ба гуфтаи онҳо сода ва ночизро ба як масъалаи сиёсӣ табдил диҳанд. Эрдуғон ошкоро мегӯяд, ин як масъалаи амиқан сиёсист, ки бо вуҷуди духӯрагияш дар робита ба низоми кишвар, наметавон аз он фирор кард. Дар сӯҳбат бо рӯзномаи "Файнаншл Таймс", Эрдуғон гуфт,
"ҳуқуқ ба таҳсили олӣ набояд ба сарулибоси духтарон вобаста бошад. Чунин мушкиле дар ҷомеаи ғарбӣ мавҷуд нест, вале дар Туркия ҳаст ва ин вазифаи аввалиндараҷаи сиёсатмадорон аст, ки ин мушкилро ҳал кунанд."
Тазоди дуввум.
Онгуна ки манъи ҳиҷоб дар донишгоҳҳои Тоҷикистон эътирозҳоро ба миён овард, эълони Эрдуғон дар бораи зарурати лағви чунин мамнӯъият низ мояи норозигиҳо шуд. Мухолифони ӯ мегӯянд, агар ин тағйир ба амал ояд, фардояш ба ҳамаи занону духтарон фишор хоҳанд овард, ки танҳо бо ҳиҷоб ба кӯча бароянд.
"Ин хилофи асли дунявият аст,"
мегӯянд онҳо, вале Эрдуғон посух медиҳад,
"мо дар бораи озодиҳо ҳарф мезанем."
Тазоди савум.
Ҳизби Адолат ва тараққии Эрдуғон, решаҳои исломӣ дорад, дар порлумон аксариятро ташкил медиҳад ва тавонист ба курсии раёсатҷумҳурии Туркия намояндаи худро биншонад. Дар Тоҷикистон ҳизби Халқию демократӣ ҳоким аст, ки решаҳои коммунистӣ дорад ва Ҳизби наҳзати исломӣ дар порлумони тоҷик соҳиби ҳамагӣ ду курсист. Аммо коршиноси умури озодии дин дар Тоҷикистон, Фаррух Умаров мегӯяд, вижагиҳои дигаре низ дар миён аст:
"Бо таваҷҷӯҳ ба ҳувияти милли тоҷикон масъалаи дигар ин аст, ки Вазорати маорифи кишвар зидди рӯмолу рӯсарии миллӣ нест, балки тавре вазири маориф мегӯяд, зидди ҳиҷоби бегона ва арабист, ки аз он бӯи режимҳои теократӣ меояд. Ба духтарон иҷоза шудааст, ки бо рӯмол ё рӯсарии тоҷикӣ ба мактабу донишгоҳҳо ворид шаванд."
Фаррух Умаров коршиноси умури озодии дин дар Тоҷикистон. Вале сарвазири Туркия масъаларо на динӣ, балки тавре гуфтем сиёсӣ мешуморад ва мегӯяд, либоси инсон ҷузве аз озодиҳои хусусист. Вай меафзояд, ҳарду сарқонуни ахирии Туркия, яке дар соли 1960 ва дигаре дар соли 1980 пас аз табаддулоти низомиён ва аз тарафи онҳо қабул шуда, чунин ҳақро аз мардум гирифтаанд ва ин хилофи ҷомеаи шаҳрвандист.
Ҳамсӯҳбати мо, Фаррух Умаров мегӯяд, Эрудғон, ки ҳизбаш бо шиорҳои ҳифзи дунявияти Туркия ба қудрат расида буд, ҳоло симои аслии худро нишон медиҳад. Аммо Эрдуғон бар ин аст, ки дархости лағви мамнӯъияти ҳиҷоб як пешниҳод ба қонуни асосӣ хоҳад буд ва қабул ё рад шудани он ба намоиши иродаи мардум дар назархоҳии умумӣ бастагӣ хоҳад дошт.
Иштирок:
Дар бораи иштирок
Ҳаҷми матн
Чоп кунед
Ба дигарон фиристед
Навиштаҳои дигари муаллиф
Сиддиқи Бармак бинандаи жарфнигар мехоҳад
Шабҳои шеъри Фарзона дар Инглистон
Расми видоъ бо Александр Солженитсин
Олег Панфилов: Шурпоевро тоҷикон накуштаанд
Истеъфои Олмурт ва сулҳи Ховари Миёна
Матлаби бештар
Тозатарин матолиб
Шореҳон дар бораи пешниҳоди Бордюжа
Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо ғуломӣ
Нақшаҳои нави низомии Маскав дар паҳнои ИДМ
НАТО масъалаи Тифлису Киевро баррасӣ мекунад
Мақомоти давлатӣ ва рӯҳониёни мавъизагӯ
Пурхонандатаринҳо
Парвандаи ҷиноӣ алайҳи Эшони Нуриддин
Посухи Раҳмонов ба номаи Тӯраҷонзода
Шоири тоҷик Бозор Собир 70-сола шуд
Бӯҳрони ҷаҳонӣ ва муҳоҷирони корӣ
Коршикании мардикорони тоҷик дар Русия