Баргузидаҳо
Хунрезӣ дар Мумбай
Поёни баҳси Талко
Ҳиҷоб
Радио
Ҷадвали пахш
Дар бораи "Озодӣ"
Обуна
Баҳсҳо
Тамос
Чоршанбе, Декабр 03, 2008 Соат ба вақти Душанбе 03:20
Хона
Хабарҳо
Тоҷикистон
Минтақаҳо
Ҷаҳон
Сиёсат
Иқтисод
Ҷавонон
Фарҳанг
Варзиш
Подкаст
RSS
Пахши зинда
Дархости
Барномаи имрӯз
Ёрӣ
Video
"Офати нафс"
Бахшҳои Озодӣ
رادیو فردا
راديوى آزادى
RFE/RL
Радио Свобода
Манотиқи нашаротӣ:
/
Ҷаҳони варзиш
Бохт дар майдони худ
23.08.2007
Голҳоро аз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар дақиқаҳои 17-уму 30-юм Раҳмоналӣ Баротов ва Комил Саидов ба самар расонданд. Футболбозони озарӣ бошанд тӯбро се маротиба вориди дарвозаи соҳибони майдон карданд: голҳои Самир Алиев дар дақиқаҳои 26-ум ва 42-вум ва Бранамир Субашин дар дақиқаи 27-ум бозиро бар сӯди дастаи мунтахаби Озарбойҷон ҳал намуд.
Тими миллии футболи Тоҷикистон, ки тӯли беш аз як сол ягон бозӣ анҷом надода буд, аввалин бор таҳти раҳбарии сармураббӣ Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев ҷиҳати як бозии дӯстона вориди майдон шуд. Ба ҳайъати дастаи Тоҷикистон 23 бозигар аз 7 бошгоҳи лигаи олии кишвар ва як легионер - нимҳимоятгар Акмалҷон Холматов аз дастаи «Нефтчӣ»-и шаҳри Фарғонаи Узбакистон - даъват шуда буданд.
Акмалҷон Холматов ва Самир Алиев, ки беҳтарин бозигарони ин дидор эътироф гардиданд, бо туҳфаҳои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мукофотонида шуданд.
Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев пас аз анҷоми бозӣ дар суҳбат бо хабарнигори радиои «Озодӣ» гуфт:
«Ҳадаф аз баргузории ин бозии дӯстона барои ҳарду даста санҷише буд қабл аз ширкат дар мусобиқоти расмии байнулмилалӣ. Мунтахаби Тоҷикистон ба бозиҳои даври аввали мусобиқоти интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2010 бо дастаи миллии Бангладеш омодагӣ мебинад. Бозии аввали мо рӯзи 8-уми октябри соли равон дар шаҳри Дакка, пойтахти Бангладеш, баргузор мешавад. Бозии ҷавобӣ рӯзи 28-уми октябр дар шаҳри Душанбе сурат мегирад. Пеш аз ин мусобиқот мо боз як бозии дӯстонаи санҷишӣ анҷом хоҳем дод. Ин бозии дӯстона рӯзи 8-уми сентябр дар сафар бо дастаи миллии Қазоқистон баргузор хоҳад шуд. Дастаи Озарбойҷон бошад, дар бозиҳои интихобии Ҷоми Аврупо-2008 дар гурӯҳи «А» бо тимҳои миллии Португол, Сербия, Финландия, Полша, Белгия, Қазоқистон ва Арманистон рақобат мекунад»
.
Иштирок:
Дар бораи иштирок
Ҳаҷми матн
Чоп кунед
Ба дигарон фиристед
Тозатарин матолиб
Шореҳон дар бораи пешниҳоди Бордюжа
Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо ғуломӣ
Нақшаҳои нави низомии Маскав дар паҳнои ИДМ
НАТО масъалаи Тифлису Киевро баррасӣ мекунад
Мақомоти давлатӣ ва рӯҳониёни мавъизагӯ
Пурхонандатаринҳо
Парвандаи ҷиноӣ алайҳи Эшони Нуриддин
Посухи Раҳмонов ба номаи Тӯраҷонзода
Шоири тоҷик Бозор Собир 70-сола шуд
Бӯҳрони ҷаҳонӣ ва муҳоҷирони корӣ
Коршикании мардикорони тоҷик дар Русия