Баргузидаҳо
Хунрезӣ дар Мумбай
Поёни баҳси Талко
Ҳиҷоб
Радио
Ҷадвали пахш
Дар бораи "Озодӣ"
Обуна
Баҳсҳо
Тамос
Чоршанбе, Декабр 03, 2008 Соат ба вақти Душанбе 02:59
Хона
Хабарҳо
Тоҷикистон
Минтақаҳо
Ҷаҳон
Сиёсат
Иқтисод
Ҷавонон
Фарҳанг
Варзиш
Подкаст
RSS
Пахши зинда
Дархости
Барномаи имрӯз
Ёрӣ
Video
"Офати нафс"
Бахшҳои Озодӣ
رادیو فردا
راديوى آزادى
RFE/RL
Радио Свобода
Манотиқи нашаротӣ:
/
Ҷаҳони варзиш
10-уми август - Рӯзи варзишгарон
09.08.2007
Ба ин муносибат дар саросари кишвар мусобиқот дар риштаҳои мухталиф сурат гирифта, бегоҳи ҷумъа дар шаҳри Душанбе ҳамоиши беҳтарин варзишгарону мураббиён, кормандони соҳа ва собиқадорони варзиш баргузор мешавад.
Дар арафаи иди варзишгарон паҳлавони тоҷик Сиёвуш Навконов дар мусобиқоти байнулмилалӣ дар риштаи гуштии озод дар пойтахти Булғористон - шаҳри София соҳиби медали биринҷӣ гардид.
Вай дар рақобатҳо дар вазни то 55 килограмм пас аз Синиси Юмото, аз Ҷопон ва Лабзан Аскарбиев, аз Русия дар ҷойи севвум қарор гирифт.
Дар ин мусобиқот 130 гуштигир аз 18 кишвар ширкат доштанд.
Ин мусобиқот барои Сиёвуш Навконов як давраи омодагӣ ба мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, ки моҳи сентябр дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон баргузор мешавад, маҳсуб меёфт.
Шокирҷон Ирматов, давандаи маъруфи тоҷик дар марафони байнулмилалӣ дар шаҳри Омски Русия ширкат карда, бо мошини сабукрави «Шевролет» мукофотонида шуд.
Чунин тӯҳфаи гаронбаҳо ба варзишгароне, ки марафонро комилан тай карданд, тақдим гардид.
Дар мусобиқоти байнулмилалӣ оид ба бокс, ки дар шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷараён дорад, се муштзани тоҷик низ ширкат доранд.
Ба иттилоъи Абдурашид Маҳмадҷонов, раҳбари мактаби махсуси бокси шаҳри Душанбе Тоҷикистонро дар ин мусобиқот шогирдони ин мактаб Эмомалӣ Маллаев дар вазни то 54 килограмм, Рустам Каримов дар вазни то 57 килограмм ва Маъруф Файзуллоев дар вазни то 60 килограмм намояндагӣ мекунанд.
Дастаи футболи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, ки ҷамъомади таълимию тамриниашро тӯли ду ҳафта дар пойтахти Туркия баргузор кард, ҳамзамон чаҳор бозии дӯстона анҷом дод.
Қаҳрамони футболи Тоҷикистон дар ду бозии аввал аз тими «Сипоҳон»-и Эрон бо натиҷаи 1 бар 4 ва тими «Зестафон»-и Гурҷистон бо натиҷаи 0 бар 2 шикаст хӯрда, бар дастаҳои лигаи дуввуми Туркия - «Акюрспор» бо натиҷаи 2 бар 1 ва «Турсакларспор» бо натиҷаи 5 бар 4 ғалаба кард.
Дастаи мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон низ дар чаҳорчӯби омодагиҳо ба мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон байни футболбозони то 17-сола дар шаҳри Анқараи Туркия як бозии контролӣ анҷом дод.
Футболбозони ҷавони тоҷик бар ҳайати дуввуми тими «Анқараспор»-и Туркия бо натиҷаи 2 бар 1 пирӯз шуданд. Голҳоро аз дастаи Тоҷикистон Давронҷон Тухтасунов ва Фарҳод Тоҳиров ба самар расонданд.
Иштирок:
Дар бораи иштирок
Ҳаҷми матн
Чоп кунед
Ба дигарон фиристед
Тозатарин матолиб
Шореҳон дар бораи пешниҳоди Бордюжа
Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо ғуломӣ
Нақшаҳои нави низомии Маскав дар паҳнои ИДМ
НАТО масъалаи Тифлису Киевро баррасӣ мекунад
Мақомоти давлатӣ ва рӯҳониёни мавъизагӯ
Пурхонандатаринҳо
Парвандаи ҷиноӣ алайҳи Эшони Нуриддин
Посухи Раҳмонов ба номаи Тӯраҷонзода
Шоири тоҷик Бозор Собир 70-сола шуд
Бӯҳрони ҷаҳонӣ ва муҳоҷирони корӣ
Коршикании мардикорони тоҷик дар Русия