Баргузидаҳо
Хунрезӣ дар Мумбай
Поёни баҳси Талко
Ҳиҷоб
Радио
Ҷадвали пахш
Дар бораи "Озодӣ"
Обуна
Баҳсҳо
Тамос
Чоршанбе, Декабр 03, 2008 Соат ба вақти Душанбе 03:15
Хона
Хабарҳо
Тоҷикистон
Минтақаҳо
Ҷаҳон
Сиёсат
Иқтисод
Ҷавонон
Фарҳанг
Варзиш
Подкаст
RSS
Пахши зинда
Дархости
Барномаи имрӯз
Ёрӣ
Video
"Офати нафс"
Бахшҳои Озодӣ
رادیو فردا
راديوى آزادى
RFE/RL
Радио Свобода
Фарҳанг
Мушаке ба "ҷигар"-и равобити Тифлису Маскав
07.08.2007
Вақте ки дар осмони софи шомгоҳони деҳкадаи Тсителабании Гурҷистон як ҳавопаймои ҷангӣ пайдо шуд, яке аз сокинони деҳа, собиқ ҳавонавард хост рамзҳои онро дар болҳои нуқрагунаш муайян кунад. Хоҳиши вай замоне ба зарурат табдил ёфт, ки ҳавопаймо бо оташак ва дуди сабуке ба тарафи замин мушак партоб кард:
"Он дар ҳоли парвоз мушак афканд. Мо ҳатто садои баланди партоби мушакро шунидем. Баъд ҳавопаймо, ки аз самти шимол омада буд, дубора ба шимол тоб хӯрд. Ман худам дар нирӯҳои ҳавоӣ хидмат кардаам ва дақиқ гуфта метавонам, ин як ҳавопаймои ҷангӣ буд, аммо гуфтанам душвор аст, "Миг" буд ё "СУ". Мушак ба замини миёни Гурҷистон ва як деҳаи Осетия зад."
Гуфтаҳои ин шоҳидро иттилои мақомоти Гурҷистон низ тасдиқ мекунанд. Онҳо ҳодисаро як амали таҷовузгарона унвон карданд. Сухангӯи Вазорати умури дохилии Гурҷистон Шота Устиашвилӣ:
"Ду ҳавопаймои ҷангии Русия дар соати ҳафтуними шоми шашуми август вориди ҳарими ҳавоии Гурҷистон шуда, тибқи нишондоди родор дар минтақаи Казбегӣ давр хӯрданд ва дар ҳамин минтақа аз марз хориҷ шуданд."
Аммо Русия ин иттиҳомро рад мекунад. Сухангӯи Нирӯҳои ҳавоии Русия, сарҳанг Александр Дробишевски гуфт, ягон ҳавопаймои Русия ба ҳарими ҳавоии Гурҷистон дахл накардааст:
"Ҳавопаймоҳои нирӯҳои ҳавоии Русия, рӯзи душанбе, шоми он рӯз, шаби гузашта ва субҳи имрӯз ҳеч гуна парвозе дар ин минтақа анҷом надодаанд ва марзи давлати мустақили Гурҷистон вайрон накардаанд."
Вале ноиби вазири дифои Гурҷистон Бату Кутейла мегӯяд, родорҳо ҳамаи ҳодисаро забт кардаанд ва ҳеч гуна парвоз дар фазои кишвараш аз мадори амвоҷи ин дастгоҳҳо берун намемонад. Вай афзуд, аз рӯи мушаке ки ба замин хӯрд, низ метавон муайян кард, чи ҳавопаймое онро афкандааст:
"Танҳо се навъи ҳавопаймоҳо, "Миг-29", "СУ-30М" ва "СУ-24М" чунин мушак доранд. Дар нирӯҳои ҳавоии Гурҷистон ҳеч яке аз ин ҳавопаймоҳо мавҷуд нест."
Ин моҷаро ба муносибатҳои бе ин ҳам ноҳамвори Гурҷистон ва Русия мушкили нав зам мекунад. Тирамоҳи соли гузашта Тифлис чор афсари русро ба ҷосусӣ айбдор ва аз Гурҷистон ихроҷ кард. Маскав дар ҷавоб садҳо муҳоҷири гурҷиро аз Русия ихроҷ ва додуситади молию бонкӣ ва мухобариротиро қатъ намуд. Гурҷистон дар гузашта ҳам нирӯҳои Русияро дар мушак ва тирандозӣ ба қаламрави худ айбдор кардааст, аммо тибқи гузориши ахири Созмони Милали Муттаҳид ба камияш дар як ҳодиса маълум нашудааст, ҳавопаймоҳои Русия оташ кушодаанд ё чархболҳои Гурҷистон.
Иштирок:
Дар бораи иштирок
Ҳаҷми матн
Чоп кунед
Ба дигарон фиристед
Тозатарин матолиб
Шореҳон дар бораи пешниҳоди Бордюжа
Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо ғуломӣ
Нақшаҳои нави низомии Маскав дар паҳнои ИДМ
НАТО масъалаи Тифлису Киевро баррасӣ мекунад
Мақомоти давлатӣ ва рӯҳониёни мавъизагӯ
Пурхонандатаринҳо
Парвандаи ҷиноӣ алайҳи Эшони Нуриддин
Посухи Раҳмонов ба номаи Тӯраҷонзода
Шоири тоҷик Бозор Собир 70-сола шуд
Бӯҳрони ҷаҳонӣ ва муҳоҷирони корӣ
Коршикании мардикорони тоҷик дар Русия