Баргузидаҳо
Хунрезӣ дар Мумбай
Поёни баҳси Талко
Ҳиҷоб
Радио
Ҷадвали пахш
Дар бораи "Озодӣ"
Обуна
Баҳсҳо
Тамос
Чоршанбе, Декабр 03, 2008 Соат ба вақти Душанбе 02:36
Хона
Хабарҳо
Тоҷикистон
Минтақаҳо
Ҷаҳон
Сиёсат
Иқтисод
Ҷавонон
Фарҳанг
Варзиш
Подкаст
RSS
Пахши зинда
Дархости
Барномаи имрӯз
Ёрӣ
Video
"Офати нафс"
Бахшҳои Озодӣ
رادیو فردا
راديوى آزادى
RFE/RL
Радио Свобода
Манотиқи нашаротӣ:
/
Ҷаҳони варзиш
Душанбе-2 - барандаи Ҷоми Тер-Казарян
06.08.2007
Дар ин мусобиқа, ки барои чаҳорумин бор баргузор шуд, ҳашт даста аз вилояти Хатлон, шаҳру навоҳии тобеъи марказ, водии Рашт ва пойтахти кишвар дар варзишгоҳи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон тӯли чаҳор рӯз рақобат карданд.
Дар бозии ниҳоӣ дастаи Душанбе-2 бар дастаи Душанбе-1 бо натиҷаи 2 бар 0 пирӯз шуда, соҳиби Ҷоми ёдбуди Арнолд Тер-Казарян гардид.
Сулаймон Бобокалонов, мураббии тими ғолиб - Душанбе-2 ба радиои Озодӣ гуфт:
"Ин мусобиқа, ки имсол ҷумҳуриявӣ гардид, бешак, барои рушди футбол миёни наврасони кишвар ва дарёфти бозигарони боистеъдод мусоидат намуд. Ҳамчунин дар ин мусобиқа, ки барои гиромидошти хотираи неки устодамон Арнолд Тер-Казарян доир шуд, мо беҳтаринҳоро муайян кардем ва онҳоро ҳамчун номзад ба аъзои дастаҳои мунтахаби наврасони кишвар пешбарӣ хоҳем кард."
Дастаи Душанбе-1 мақоми дуввумро касб нумуд.
Дастаи шаҳри Ваҳдат, ки бар тими Душанбе-3 бо натиҷаи 3 бар 2 ғолиб омад, дар ҷойи севвум қарор гирифт.
Бозигарони дастаи ғолиб - Душанбе-2 Руини Саломиддин беҳтарин дарвозабон, Дилшод Расулов беҳтарин ҳимоятгар, Умар Бобокалонов беҳтарин нимҳимоятгар ва узви дастаи Ваҳдат Далер Раҷабов беҳтарин ҳамлагар эълон шуданд. Мансур Маҳмадбобоев, бозигари Душанбе-1 бо 7 голи задааш беҳтарин голзани мусобиқа гардид.
Беҳтарин бозигари ин мусобиқа Темур Одилов, аз дастаи Душанбе-3 бо ҷоизаи Ҷамъияти арманҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шуд.
Иштирок:
Дар бораи иштирок
Ҳаҷми матн
Чоп кунед
Ба дигарон фиристед
Тозатарин матолиб
Шореҳон дар бораи пешниҳоди Бордюжа
Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо ғуломӣ
Нақшаҳои нави низомии Маскав дар паҳнои ИДМ
НАТО масъалаи Тифлису Киевро баррасӣ мекунад
Мақомоти давлатӣ ва рӯҳониёни мавъизагӯ
Пурхонандатаринҳо
Парвандаи ҷиноӣ алайҳи Эшони Нуриддин
Посухи Раҳмонов ба номаи Тӯраҷонзода
Шоири тоҷик Бозор Собир 70-сола шуд
Бӯҳрони ҷаҳонӣ ва муҳоҷирони корӣ
Коршикании мардикорони тоҷик дар Русия