Баргузидаҳо
Ҳасан Саъдуллоев ба Лондон наомад
Тазоҳуроти Хоруғ
Радио
Ҷадвали пахш
Обуна
Дар бораи "Озодӣ"
Тамос
Ҷумъа, Июл 04, 2008 Соат ба вақти Душанбе 21:13
Хона
Хабарҳо
Тоҷикистон
Минтақаҳо
Ҷаҳон
Сиёсат
Иқтисод
Ҷавонон
Фарҳанг
Варзиш
Подкаст
RSS
Пахши зинда
Ҳоло дар амвоҷ
Маҷаллаи шомгоҳӣ
Real Audio
Windows Media
Дархости
тозатарин ахбор
MP3
Real Audio
Windows Media
Барномаи имрӯз
Ёрӣ
Video
Кӯчаҳои Душанбе
Бахшҳои Озодӣ
رادیو فردا
راديوى آزادى
RFE/RL
Радио Свобода
Манотиқи нашаротӣ:
/
Ҷаҳони варзиш
Футзал: Тоҷикистон - Узбакистон - 1 : 3
17.05.2007
Дар ин дидор бозигари Узбакистон Николай Одушев дар дақиқаи 8-ум ҳисобро боз кард. Баъди як дақиқа Абдулло Бӯриев голи дуввуми Узбакистонро ба самар расонд. Сипас Фирдавс Файзуллоев, аз дастаи Тоҷикистон дар дақиқаи 23-юм ҳисобро тағйир дод. Голи севвуми Узбакистонро боз Абдулло Буриев дар дақиқаи 40-ум вориди дарвозаи Тоҷикистон кард.
Вале Дамир Камолиддинов, сармураббии дастаи миллии футзали Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт:
"Бо вуҷуди бохт дар бозии ниманиҳоӣ ман аз ҳунарнамоии бозигарони худ дар ин мусобиқот қаноатмандам. Зеро дастаи мо, ки барои чаҳорумин бор дар мусобиқоти қаҳрамонии футзали Осиё ширкат варзид, аввалин бор ба бозиҳои чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфта, байни ҳашт тими беҳтарини қорра ҷойгир шуд.»
Дар се бозии дигари чаҳорякниҳоӣ, ки шоми панҷшанбе ба анҷом расид, Эрон бар Австралиё бо натиҷаи 8 бар 0, Ҷопон бар Тайланд бо натиҷаи 9 бар 6 ва Қирғизистон бар Лубнон бо натиҷаи 3 бар 2 (дар замони иловагӣ) ғалаба карданд.
Бад-ин тартиб чаҳор даста муддаъии унвони қаҳрамони футзали Осиё дар соли 2007 мебошанд. Ҳарду бозии ниманиҳоӣ рӯзи 18-уми май баргузор мешавад. Нахуст Узбакистон ва Эрон, сипас Ҷопон ва Қирғизистон, сипас Ҷопон ва Лубнон рақобат мекунанд.
Дастаҳои мунтахаби олимпии футболи Ҷопон, Лубнон, Арабистони Саъудӣ, Ироқ, Куриёи Шимолӣ ва Куриёи Ҷанубӣ ба давраи ниҳоии мусобиқот барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии соли 2008 дар Пекин роҳ ёфтанд.
Барои панҷ роҳхати дигар мубориза дар гурӯҳҳо идома хоҳад кард.
Дар марҳилаи баъдӣ 12 даста ба се гурӯҳ тақсим шуда, аз 22-юми август то 21-уми ноябр рақобат мекунанд. Се дастаи ғолиби гурӯҳҳо ва тими мизбон - Чин қорраи Осиёро дар Олимпиадаи соли 2008 намояндагӣ хоҳанд кард.
Рӯзи 18-уми май дар шаҳри Душанбе маросими кушоиши Бозиҳои варзишии наврасони Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонон баргузор мешавад.
Ба барномаи ин бозиҳо ҳашт навъи варзиш шомил аст. Нахуст варзишгарони наврас дар риштаҳои волейбол, бокс, варзиши сабук, гуштии дзюдо ва гуштии миллӣ ба рақобатҳо оғоз мекунанд. Баъдан мусобиқоти наврасон дар риштаҳои гуштии озод, гуштии юнонию румӣ ё фарангӣ ва гуштии самбо барпо мегардад. Мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои варзишии наврасон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе, мактаб-интернати тамоюли варзишӣ, толори мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба навъҳои гуштӣ ва маҷмаъаи варзишию тандурустии пойтахти Тоҷикистон то рӯзи 22-юми май идома хоҳад кард.
Наргис Набиева, сардори раёсати рушди варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон дар бастагӣ ба Бозиҳои варзишии наврасони кишвар ба радиои Озодӣ гуфт:
«Ғолибони Бозиҳои варзишии наврасони Тоҷикистон дар ҳайати дастаи мунтахаби кишвар дар Бозиҳои варзишии наврасони кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, ки моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Брести Белорус доир мегардад, ширкат меварзанд.»
Иштирок:
Дар бораи иштирок
Ҳаҷми матн
Чоп кунед
Ба дигарон фиристед
Тозатарин матолиб
Раҳматулло Зоиров: «Нерӯи сеюм алайҳи президент»
Тавофуқи аҳзоби сиёсӣ ва кумисиюни интихобот
Кашфи гӯри Муҳаммад Довудхон
Талко фурӯхта намешавад
Қирғизистон: интиқоли об коҳиш хоҳад ёфт