Баргузидаҳо
Хунрезӣ дар Мумбай
Поёни баҳси Талко
Ҳиҷоб
Радио
Ҷадвали пахш
Дар бораи "Озодӣ"
Обуна
Баҳсҳо
Тамос
Чоршанбе, Декабр 03, 2008 Соат ба вақти Душанбе 02:50
Хона
Хабарҳо
Тоҷикистон
Минтақаҳо
Ҷаҳон
Сиёсат
Иқтисод
Ҷавонон
Фарҳанг
Варзиш
Подкаст
RSS
Пахши зинда
Дархости
Барномаи имрӯз
Ёрӣ
Video
"Офати нафс"
Бахшҳои Озодӣ
رادیو فردا
راديوى آزادى
RFE/RL
Радио Свобода
Фарҳанг
Иди Якуми Май дар сартосари ҷаҳон
02.05.2007
Ширкати ҳавоии "Олимпик"- Юнон якуми майро бо лағви 42 парвози байналмилаливу маҳаллӣ ҷашн гирифт, зеро бо даъвати ходимони соҳаи нақлиёт дар ин кишвар коршикании 24 соата эълон шудааст. Ходимони нақлиёти мусофирбари шаҳри Афина ҳам муддате дар коршиканӣ ширкат варзиданд.
Иттиҳодияи коргарони сектори давлатии Юнон, ки чорабиниҳои рӯзи сешанберо ташкил кардааст, тасмим дорад, 15 май бо тақозои афзоиши нафақа дар Юнон коршикании саросарӣ роҳандозӣ намояд.
Дар Туркия полис монеи гирдиҳамоиҳои гурӯҳҳои чапгаро гардида, то нисфирӯз 580 нафарро боздошт намуд. Эътирозгарон мехостанд аз манъи ҷамъшавӣ сарфи назар намуда, дар майдони Тақсими Истанбул гирдиҳамоӣ ташкил кунанд. Телевизиони СНН-и туркӣ мегӯяд амнияти Истанбулро 17 ҳазор афсари полис бар ӯҳда доранд. Ҳамчунин раҳпаймоиҳо дар ду ҷониби гулӯгоҳи Босфор рафтуомади миёни ду қисмати Истанбулро душвор кард.
Пешвоёни Иттиҳодияҳои касаба мехостанд маросими ёдбуди қурбониҳои ҳаводиси 30 соли пешро барпо кунанд. Якуми маи соли 1977 дар майдони Тақсими Истанбул силоҳбадасте сӯи гирдомадагон оташ кушод. Дар бесарусомонии баъди он ба амал омада, 37 нафар ба ҳалокат расида буданд.
Дар минтақаи Макау, ки сар аз соли 1999 пас аз ҳукми 400 солаи Португалия ба тасарруфи Чин даромадааст, гирдиҳамоии якуми май ба бархӯрд бо полис табдил ёфт. Полис ба ҳаво тир холӣ намуда, бо кумаки сагҳо тахминан як ҳазор эътирозгарро аз бинои ҳукумат дур кард.
Дар гӯшаҳои мухталифи Русия ҳам ҳазорҳо нафар дар гирдиҳамоиҳои якумим ай иштирок карданд. Аксари раҳпаймоиҳоро Иттиҳодияҳои касаба, ҳизби коммунист ва ҷумбишҳои ҷонибдори Кремл ташкил карда буданд. Дар Маскав мири пойтахти Русия Юрий Лужков интиқоли ҳайкали сарбози рус дар шаҳри Таллинро ҳамчун баҳона ба интиқоди шадид аз Эстония истифода бурд.
Дар Маскаву Санкт-Петербург ҳизби Яблокои мухолифи Кремл раҳпаймоии эътирозӣ доир намуд. Имсол барои аввалин бор дар давмои 16 соли ахир раҳпаймоии якуми май дар шаҳри Грозний: пойтахти Чеченистон баргузор гашт.
Дар ҳамин ҳол раҳпаймоиҳои бузург дар шаҳрҳои ИМА мадди назар гирифта шудааст. 12 миллион муҳоҷири ғайриқонунии Амрико саъй доранд, то оғози маъракаи навбатии президенти ИМА Конгрессро ба ҳалли мушкили онҳо водор намоянд. Соли гузашта бо даъвати созмонҳои муҳоҷирон дар саросари ИМА як миллион нафар дар раҳпаймоиҳо иштирок карданд.
Иштирок:
Дар бораи иштирок
Ҳаҷми матн
Чоп кунед
Ба дигарон фиристед
Тозатарин матолиб
Шореҳон дар бораи пешниҳоди Бордюжа
Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо ғуломӣ
Нақшаҳои нави низомии Маскав дар паҳнои ИДМ
НАТО масъалаи Тифлису Киевро баррасӣ мекунад
Мақомоти давлатӣ ва рӯҳониёни мавъизагӯ
Пурхонандатаринҳо
Парвандаи ҷиноӣ алайҳи Эшони Нуриддин
Посухи Раҳмонов ба номаи Тӯраҷонзода
Шоири тоҷик Бозор Собир 70-сола шуд
Бӯҳрони ҷаҳонӣ ва муҳоҷирони корӣ
Коршикании мардикорони тоҷик дар Русия