Баргузидаҳо
Хунрезӣ дар Мумбай
Поёни баҳси Талко
Ҳиҷоб
Радио
Ҷадвали пахш
Дар бораи "Озодӣ"
Обуна
Баҳсҳо
Тамос
Чоршанбе, Декабр 03, 2008 Соат ба вақти Душанбе 03:20
Хона
Хабарҳо
Тоҷикистон
Минтақаҳо
Ҷаҳон
Сиёсат
Иқтисод
Ҷавонон
Фарҳанг
Варзиш
Подкаст
RSS
Пахши зинда
Дархости
Барномаи имрӯз
Ёрӣ
Video
"Офати нафс"
Бахшҳои Озодӣ
رادیو فردا
راديوى آزادى
RFE/RL
Радио Свобода
Иқтисодиёт
Тоҷикистон дар гузориши солонаи Бонки осиёии рушд
28.03.2007
Бонки Осиёии Рушд мегӯяд, ки бо вуҷуди рушди қавии иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2006 ҳанӯз ҳам амнияти макроииқтисодии ин кишвар бисёр осебпазир боқӣ мемонад, бахусус дар баробари таъсироти берунӣ.
Дигар аз омил ба гуфтаи Бонки Осиёии Рушд, кӯмакпулиҳои афзояндаи муҳоҷирини кории тоҷик аст, ки метавонад, хешовандони онҳоро аз кор бахусус дар соҳаи кишоварзӣ боз дорад.
Бонки мазкур, дар гузориши солонаи худ доир ба дурнамои рушди иқтисоди кишварҳои осиёӣ гуфтааст, ки тарҳҳои бунёд ва таҷдиди зербунёдҳо дар Тоҷикистон метавонад, болоравии молиётро дар пай дошта бошад ва ҳамингуна соҳибкоронро аз сармоягузорӣ дилсард кунад.
Ба гуфтаи муаллифони гузориши Бонки Осиёии Рушд, иқтисоди Тоҷикистон тайи ду соли оянда аз 7, 5 то 7, 1 фисад рушд хоҳад кард. Дар ин ду сол фурӯши алюминиум ва нахи пунба, ки тавлидоти асосии содироти Тоҷикистон аст, ҳамчунон манбаъи аслии даромади кишвар хоҳад буд. Агарчӣ қиммати алюминий ба сабаби талаботи зиёд боло рафтааст, аммо интизор меравад, ки боз поин биёяд мегӯяд, Бонки Осиёии Рушд ва дар идома мегӯяд, қиммати нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ тайи ду соли оянда 18 дар сад афзоиш ёбад.
Бар асоси пешбинии Бонки Осиёии Рушд, дар солҳои 2007 2008 сармоягузории хориҷӣ дар соҳаи энержӣ ва роҳсозӣ тақозои умумиро хоҳад афзуд, вале сарчашмаи рушд ҳамон пули муҳоҷирони кории тоҷик мемонад, ки аз хориҷ ба Тоҷикистон мефиристанд.
Ин ниҳоди байналмилалии молӣ пешбинӣ мекунад, ки тавлиди алюминиум дар рушди саноати кишвар нақши муҳим хоҳад дошт, вале бо вуҷуди қиммати матлуби нахи пахта, тавлидоти пахта дар Тоҷикистон камтар хоҳад шуд.
Дар робита ба арзи миллии Тоҷикистон, ки соли 2006 шоҳиди тавваруми қобили мулоҳизае шуд, Бонки Осиёии Рушд мегӯяд, ки барои коҳиш додани тавварум, Бонки Миллии Тоҷикистон ҳамроҳ бо Сандуқи Байналмилалии Пул кор хоҳанд кард. Аммо ҳадафҳои баландпарвозонаи бонк дар баробари тамоюлҳои ғайриинтизори иқтисодӣ ба мисли болоравии қимматҳо, бахусус қиммати энержӣ ва маводи ғизоӣ осебпазир боқӣ мемонанд.
Дар соли гузашта ба гуфтаи Бонки Осиёии Рушд иқтисоди Тоҷикистон бо вуҷуди боло рафтани қиммати нафту газ қавӣ боқӣ мондааст. Пули фиристодаи муҳоҷирон тақозоро дар бозор афзоиш дода, қиммати афзояндаи ногаҳонии маводи сӯхт, хадамот ва маводи ғизоӣ мизони тавварумро бисёр боло бурдааст. Аммо мегӯяд, ин бонк дурнамои иқтисодии Тоҷикистон дар миёнамуддат умедворкунанда аст, ба шарте ки тарҳҳои бо сармояи хориҷиён иҷрошаванда ҳамроҳ бо ислоҳоти васеъ ҳамроҳ бошад ва ҳамин гуна тавонад, ки шароити муносибе барои рушди бахши хусусӣ фароҳам оварад.
Иштирок:
Дар бораи иштирок
Ҳаҷми матн
Чоп кунед
Ба дигарон фиристед
Тозатарин матолиб
Шореҳон дар бораи пешниҳоди Бордюжа
Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо ғуломӣ
Нақшаҳои нави низомии Маскав дар паҳнои ИДМ
НАТО масъалаи Тифлису Киевро баррасӣ мекунад
Мақомоти давлатӣ ва рӯҳониёни мавъизагӯ
Пурхонандатаринҳо
Парвандаи ҷиноӣ алайҳи Эшони Нуриддин
Посухи Раҳмонов ба номаи Тӯраҷонзода
Шоири тоҷик Бозор Собир 70-сола шуд
Бӯҳрони ҷаҳонӣ ва муҳоҷирони корӣ
Коршикании мардикорони тоҷик дар Русия