Баргузидаҳо
Ҳасан Саъдуллоев ба Лондон наомад
Тазоҳуроти Хоруғ
Радио
Ҷадвали пахш
Обуна
Дар бораи "Озодӣ"
Тамос
Шанбе, Июл 05, 2008 Соат ба вақти Душанбе 04:05
Хона
Хабарҳо
Тоҷикистон
Минтақаҳо
Ҷаҳон
Сиёсат
Иқтисод
Ҷавонон
Фарҳанг
Варзиш
Подкаст
RSS
Пахши зинда
Дархости
тозатарин ахбор
MP3
Real Audio
Windows Media
Барномаи имрӯз
Ёрӣ
Video
Кӯчаҳои Душанбе
Бахшҳои Озодӣ
رادیو فردا
راديوى آزادى
RFE/RL
Радио Свобода
Ҷавонон
Тангеми чиноӣ дар Душанбе ҷойи Ғизоли русиро танг дорад
16.03.2007
Ин падидаи нав дар соҳаи мусофиркашонии Тоҷикистон, бори аввал тақрибан 6 моҳ қабл, вақте сокинони кишвар ба мушкили шадиди нақлиёти мусофиркаш рӯ ба рӯ буданд, вориди шаҳр шуда, тавонист дар ин муддат бозори дигар навъи нақлиёт ва ҳатто таксиҳоро ҳам танг кунад. Имрӯз маршруткаҳои ба истилоҳ Тангем ба мисли мӯру малах дар кӯчаҳои шаҳр рехтаанд ва яке аз серистифодатарин нақлиёти мусофиркашӣ маҳсуб меёбанд.
Тибқи мушоҳидаам танҳо дар муддати 10 дақиқа аз назди бозори Султони Кабир 110 маршруткаи хурд гузашт. Гуфта мешавад, қариб ҳар ҳафта ба кишвар тақрибан 20-25 корвони чунин мошинҳо ворид мешавад. Маблағи роҳкирои ин мартшруткаҳо як сомонӣ аст, вале дар муқоиса бо дигар нақлиёти мусофиркаш ҳаракати он ба мисли мошинҳои сабукрав тез аст.
Абдураҳмон, як сокини шаҳр мегӯяд, ҳарчанд маблағи роҳкирои он барои на ҳама қишри аҳолӣ дастрас аст, аммо аксаран дар ҳолатҳои зарурӣ эҳтиёҷоти мусофиронро дар муқоиса бо таксиҳо бо нархи арзон бароварда месозад.
«Шароити имрӯзаи корӣ дар нақлиёти шаҳрӣ нишон медиҳад, ки мардум ниёз дорад ба чунин мошинҳо. Масалан, таксиҳо 15 сомонӣ ва маршруткаҳои оддӣ 40 дирам мегиранд, аммо тасаввур кунед чӣ қадар одам дар дохили он аст. Субҳ масалан кас мехоҳад як либоси тоза пушад, бо табъи болида ба кор равад, вале одатан дар нақлиёти шаҳр ин имконнопазир аст. Аммо метавонӣ 1 сомон диҳиву дар фурсати зуд ва хеле хуб ба ҷои даркорӣ расӣ. »
Фаъолияти ин маршруткаҳои хурд ба кори таксиҳои шаҳр ҳам то андозае таъсир расонида ба поёнравии маблағи роҳкирои он мусоидат кардааст. Ва аммо барои аксарият як роҳи хуби даромад гаштааст. Расул, як ронандаи чунин мошин, ки онро аз бозори мошини кишвар бо маблағи 5,5 ҳазор доллар харид кардааст, мегӯяд.
«Мо ба маблағи 50 сомон дар 8 соати корӣ кор мекунем. Вақташ ба ман дар Газел кор мекардем, ҳозир, ки талаботи вай кам аст. Ҳозир талабот ба ин маршруткачаҳо зиёд аст.»
Ронандагони ин маршрутҳои хурд феълан ҳамчун соҳибкори инфиродӣ фаъолият доранд, аммо аз он нигаронанд, ки масъулини соҳаи нақлиёти шаҳр мехоҳанд фаъолияти онҳоро бо тобеъ кардан ба корхонаҳои нақлиёти мусофиркашонӣ маҳдуд созанд.
«Мо бояд ба гуфтаи нозирони роҳ рафта худро дар қайди корхонаи «Танзим» ворид кунем. Баъд мумкинай мода, ки маршрут гардем. Вақте дар ин корхона гузаштем 60 сомон супурда метавонем ҳам дар хатти сайр гардем ва ҳам патентам ҳисоб мешавад. Давлатӣ шавем албатта ба зарари мо мешавад.»
Ва аммо дар ҳамин ҳол, Саймуддин Дӯстов, иқтисодшиноси мегӯяд, маршрутҳои хурд набояд тобеи корхонаҳои масъул гарданд, чун маҳз фаъолияти озодӣ онҳо ба давлат ва иқтисоди он манфиати бештар хоҳад овард:
«Аксари кулли онҳо соҳибкори инҳфиродӣ ҳастанд ва андоз месупоранд ба бӯҷаи кишвар ва онҳо ҳуқуқ доранд, ки озодона фаъолияти соҳибкории худро анҷом диҳанд.»
Ва аз ҷониби дигар, меафзояд Саймуддин Дӯстов, амалишавии ин тасмим ба вазъи нақлиёти мусофиркашӣ шаҳр таъсири манфӣ хоҳад расонд. Ва мушкили мусофирон ҳам дучанд мегардад.
Иштирок:
Дар бораи иштирок
Ҳаҷми матн
Чоп кунед
Ба дигарон фиристед
Тозатарин матолиб
Раҳматулло Зоиров: «Нерӯи сеюм алайҳи президент»
Тавофуқи аҳзоби сиёсӣ ва кумисиюни интихобот
Кашфи гӯри Муҳаммад Довудхон
Талко фурӯхта намешавад
Қирғизистон: интиқоли об коҳиш хоҳад ёфт