Баргузидаҳо
Ҳасан Саъдуллоев ба Лондон наомад
Тазоҳуроти Хоруғ
Радио
Ҷадвали пахш
Обуна
Дар бораи "Озодӣ"
Тамос
Ҷумъа, Июл 04, 2008 Соат ба вақти Душанбе 21:08
Хона
Хабарҳо
Тоҷикистон
Минтақаҳо
Ҷаҳон
Сиёсат
Иқтисод
Ҷавонон
Фарҳанг
Варзиш
Подкаст
RSS
Пахши зинда
Ҳоло дар амвоҷ
Маҷаллаи шомгоҳӣ
Real Audio
Windows Media
Дархости
тозатарин ахбор
MP3
Real Audio
Windows Media
Барномаи имрӯз
Ёрӣ
Video
Кӯчаҳои Душанбе
Бахшҳои Озодӣ
رادیو فردا
راديوى آزادى
RFE/RL
Радио Свобода
Сиёсат
Ҳизби Таҳрир дар Исфара. Чаро Исфара?
09.03.2007
Ноҳияи Исфара, 130 километрии Хуҷанд аз авоили соли гузаштаи 2006 дар пайи ҳамлаи як гурӯҳи мусаллаҳи мансуб ба Ҳаракати исломии Узбакистон (ҲИУ) ба қароргоҳи марзбонони тоҷик ва куштори чаҳор сарбозу афсар аз ҷониби мақомоти интизомиву амниятии Суғд минтақаи фаъолияти нисбатан густардаи мансубини ин ҳаракат хонда мешуд. Ҳамакнун, мақомоти интизомӣ ба вуҷуди ҳамдастӣ миёни аъзои ҲИУ ва ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъи Таҳрир дар Исфара ишора мекунанд. Абдураҳим Қаҳҳоров - сардори умури дохилаи Суғд :
«Мақсади Ҳизби Таҳрир, медонед, ки барқарор кардани халифат аст. Ва сиёсати инҳо экстремистӣ аст. Албатта, ин ду ҳаракат (ҲИУ ва Ҳизб - ут - таҳрир) ба ҳамдигар вобастагӣ доранд ва ҳамкорӣ ҳам карда истодаанд… Аммо барои чӣ инҳо дар Исфара ҷойгир шудаанд. Ба фикри ман, барои он ки ин минтақа дар сарҳади се давлат: Тоҷикистон , Қирғизистон, Узбакистон аст.»
Генерал Қаҳҳоров мегӯяд, фаъолияти ҲИУ ва Ҳизби Таҳрир дар пайи бунёди давлати халифат ба авзоъи Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ хатар эҷод мекунад. Дар робита ба ин масъулини умури дин дар устони Суғд мегӯянд, аъзои ҲИУ ва Ҳизби Таҳрир ҳадафҳои сиёсии худро бар динӣ тарҷеҳ медиҳанд. Ҳусейн Мӯсозода - сардори Шӯрои уламои вилояти Суғд :
«Яъне ин ҷо ягон кас барои дин мубориза намебарад. Яъне, ҳадафи онҳо ҳукуматдорӣ асту сиёсат аст. Аз ин рӯ, мо ҳеҷ гоҳ намегузорем, ки онҳо аз номи ходимони дин сухан гӯянд. Зеро онҳо ходими дин нестанд. Онҳо аз дин бехабаранд. Яъне, ҷавононе, ки тамоман таълимоти динӣ надоранд»
Падари Шарифуллоҳ Алиев - як сокини 29 - солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки ахиран бо ҳукми додгоҳи Хуҷанд барои узвият дар Ҳизби Таҳрир барои бори дуввум ба мӯҳлати 10 сол ба зиндон фиристода шуд, дар ин маврид ингуна назар дорад:
«Писари ман аз соли 2000 худро аъзои Ҳизби Таҳрир ҳисоб намекунад, дар ягон фаъолияти ин ҳизб иштирок накардааст. Дигаронро ҳам аз роҳи ин ҳизб гардонда, ба роҳи дуруст андохтагӣ.»
Ба гуфтаи ин сокини Суғд, ки фарзандаш барои бори дуввум бо ҷурми шомилият дар Ҳизб - ут - таҳрир зиндонӣ шудааст, заъфи ҳусни тафоҳум миёни мақомоти назораткунандаи ҷомеа ва афроде, ки аз ақидаҳои мазҳабии пештараи тундгароёнаи худ, масалан аъзоии Ҳизби таҳрир даст кашидаанд, бархе аз нафарони мазҳабии мӯътадилақидаи маҳаллиро аз сиёсати давлати Тоҷикистон нисбати дин ва афроди мазҳабӣ дилсард месозад. Ва дар ҷомеа роҳро ба густариши фаъолияти ҳаракатҳои тундгарои мазҳабӣ то дараҷае боз мегузорад.
Иштирок:
Дар бораи иштирок
Ҳаҷми матн
Чоп кунед
Ба дигарон фиристед
Тозатарин матолиб
Раҳматулло Зоиров: «Нерӯи сеюм алайҳи президент»
Тавофуқи аҳзоби сиёсӣ ва кумисиюни интихобот
Кашфи гӯри Муҳаммад Довудхон
Талко фурӯхта намешавад
Қирғизистон: интиқоли об коҳиш хоҳад ёфт