Баргузидаҳо
Обама
Вохӯриҳо дар Душанбе
Веблоги Горӣ
Раиси Чин
Радио
Ҷадвали пахш
Дар бораи "Озодӣ"
Обуна
Баҳсҳо
Тамос
Шанбе, Август 30, 2008 Соат ба вақти Душанбе 11:06
Хона
Хабарҳо
Тоҷикистон
Минтақаҳо
Ҷаҳон
Сиёсат
Иқтисод
Ҷавонон
Фарҳанг
Варзиш
Подкаст
RSS
Пахши зинда
Дархости
Барномаи имрӯз
Ёрӣ
Video
Баргузиниши Барак Обама
Бахшҳои Озодӣ
رادیو فردا
راديوى آزادى
RFE/RL
Радио Свобода
Фарҳанг
Афзоиши мавориди нақзи ҳуқуқи журналистон
23.02.2007
Дар гузориш омадааст, ки дар моҳи январ дар Тоҷикистон 40 маврид нақзи ҳуқуқи журналистон ва ё маҳдудсозии фаъолияти онҳо сабт шудааст. Абдуфаттоҳ Воҳидов, роҳбари барномаи мониторинг ё назорат ба матбуот ва риояи ҳуқуқи журналистон мегӯяд, ин гузориш баёнгари афзоиши мавридҳои нақзи ҳуқуқи журналистон ва маҳдудсозии фаъолияти онҳо дар Тоҷикистон назар ба соли гузашта мебошад.
Дар ҳамин ҳол, Хуршеди Атовулло, мудири маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистон ва сардабири нашрияи «Фараж» мегӯяд, дар воқеъ авзои матбуот ва бархӯрди мақомот ба расонаҳои мустақил беҳбуд наёфтааст ва хоса дастрасӣ ба манобеъи хабарӣ аз мушкилоти расонаҳои мустақил боқӣ мондааст:
«Авзоъ ба куллӣ тағъйир наёфтааст. Ба бисёр нишастҳои матбуотӣ ва нишастҳои вобаста ба нишастҳои матбуотӣ журналистони нашрияҳои мустақили «Миллат», «Фараж», «Нигоҳ» ва «Наҷот» - ро даъват намекунанд. Мақомот ба журналистони нашрияҳои русзабон муносибати хубтаре доранд ва ҳама мушкил дар сари рӯзномаҳои мустақили сиёсии тоҷикист.»
Вале Ноёбшои Зӯробек, як собиқадори матбуоти тоҷик ва мудири интишорти «Нодир» мегӯяд, ахиран мустақилияти бештари матбуот ва ҷуръати хабарнигоронро эҳсос кардааст. Ба гуфтаи оғои Зӯробек, ин ки назар ба моҳҳои қаблӣ шикоят дар мавриди нақзи ҳуқуқи журналистон ба Анҷумани расонаҳои мутақил афзоиш ёфтааст, низ нишони ҷуръат ва фаъолтар шудани журналистон аст, то бозгӯи маҳдудиятҳо.
«Чанд рӯзнома ба қайд гирифта шуд ва ахиран дидем, ки чандин нафар мастъулин ва вазирон дар матбуот рӯирост интиқод шуданд. Ин нишони ҷуръат ва пешравии матубот аст.»
Дар гузориши ахири Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон омадааст, ки бештари мавридҳои нақзи ҳуқуқи журналистон ва маҳдудияти дастрасӣ ба манобеъ ба минтақаҳо тааллуқ дорад. Минҷумла, ба вилояти Хатлон ва Суғд.
Иштирок:
Дар бораи иштирок
Ҳаҷми матн
Чоп кунед
Ба дигарон фиристед
Тозатарин матолиб
Ҷон Маккейн ноиби худро таъин кард
Обама мегӯяд, ҳамин кофист! (Видео)
Ҳамлаи мусаллаҳона ба милисаҳо
Д. Медведев: «Мо соҳаи алоҳидаи ҳамкорӣ дорем»
Нишасти навбатии СҲШ: суъолҳои посухталаб
Пурхонандатаринҳо
Нахустин нуқраи олимпии Тоҷикистон
Ин зимистон барқ хоҳад буд ё на?
Ислом: Дини сулҳ ё ситам?
Густариши равобити Тоҷикистон ва Чин (Видео)
Боздиди расмии Дмитрий Медведев аз Тоҷикистон