Баргузидаҳо
Хунрезӣ дар Мумбай
Поёни баҳси Талко
Ҳиҷоб
Радио
Ҷадвали пахш
Дар бораи "Озодӣ"
Обуна
Баҳсҳо
Тамос
Чоршанбе, Декабр 03, 2008 Соат ба вақти Душанбе 03:30
Хона
Хабарҳо
Тоҷикистон
Минтақаҳо
Ҷаҳон
Сиёсат
Иқтисод
Ҷавонон
Фарҳанг
Варзиш
Подкаст
RSS
Пахши зинда
Дархости
Барномаи имрӯз
Ёрӣ
Video
"Офати нафс"
Бахшҳои Озодӣ
رادیو فردا
راديوى آزادى
RFE/RL
Радио Свобода
Ҷавонон
Сарнавишти талхи як духтараки тоҷик дар Дубай
16.01.2007
«Чаро дар ин ҷоям? Дур аз ватан... Чаро одамон бо ман чунин рафтор карданд? Очаҷон ту дар куҷойи? Ту гунаҳкорӣ, ки ман дар инҷоям! На на ту гуноҳ надорӣ, аммо ман намедонам кӣ бо ман чунин рафтор кард?»
Ин духтар Раъно аст, қаҳрамони асосии филми «Боз кӣ?»- и Созмони ҷаҳонии муҳоҷират, ки дар асоси рӯзгори воқеъии як тоҷикдухтар таҳия шудааст. Раъно ҳамроҳи модараш дар яке аз деҳоти дурдасти кишвар дар шароити баддтарин - дар фақру нодорӣ ба сар мебурд.
Падараш дар муҳоҷирати корӣ қарор дошт ва гоҳ-гоҳе барояшон маблағ ирсол мекард, аммо ин пулҳоро амаку аммаҳояш ба онҳо надода хонаводаи духтаракро дар маҳрумиятҳои шадид қарор додаанд. Раъно мегӯяд, ки ба ӯ бадрафторӣ мекарданду мавриди зӯроварӣ қарор медоданд. Чанде баъд падараш низ чун даҳҳо муҳоҷирони тоҷик беному нишон мегардад:
«Хешовандон ба ҳама кор моро гунаҳкор дониста чун ғуломон ба мо рафтор мекарданд. Лекин мо тамоми кори хонаро мекардем. Модарам ҳамаи ин азобҳоро таҳаммул мекард, зеро ҷойи рафтан надоштем.»
Раъно мегӯяд, баъди он ки амакаш қасди таҷовузи Латофат, модари Раъноро мекунад, онҳо аз деҳа ба Душанбе фирор мекунанд. Дар яке аз чойхонаҳои бозор ҷойи кор ва сарпаноҳ мекобанд. Нахуст раҳбари чойхона, ки онҳоро бемузд кор мефармуд, ҷойи хоб ва хӯрок медиҳад ва баъдан бар ивази пардохти қарз хонум Латофатро маҷбур мекунад, ки бо мардҳои бегона ҳамхоб шавад.
Модар ба ҳамаи ин азобҳо ба хотири солимии фарзандаш таҳаммул мекард. Вале рӯзе соҳиби чойхона ба номуси духтарак даст дароз мекунад ва модар аз нотавониаш даст ба худкушӣ мезанад.
«Очаҷонамееее, не не очаҷонннннннннннннн»
Раъно аз чойхона фирор мекунад ва ба дасти одамрабоён меафтад ва ӯро ба яке аз шаҳрҳои Амороти Араб мефурӯшанд.
«Ман фоҷеаи ба сарам омадаро ба онҳо қисса кардам. Онҳо бошад ба ман ваъда карданд, ки бароям оилаи нав меёбанд. Яке аз дӯстонашон дар кадом шаҳре дар ҷустуҷӯйи духтархонд будааст ва ман мувофиқ будаам. Ман розӣ шудам зеро мехостам тезтар аз ин шаҳр равам....маро фурӯхтанд»
Гулчеҳра Зоирова, корманди Созмони ҷаҳонии муҳоҷират мегӯяд, дар аксар ҳолатҳо маҳз нодориву муҳтоҷӣ сабаби аслии ба доми одамрабоён афтодани занону духтарон мегардад.
«Мо мехостем, ки ба воситаи ин филм ҷавонон ва духтаронеро, ки фирефтаи одамрабоён мешаванд огоҳ бикунем, то ин ки онҳо сохтори кори одамрабоёнро бубинанд. Дар ин филм равшан намоиш дода мешавад, ки барои чӣ духтарони мо ба доми чунин нафарон меафтанд.»
Ғолибан, духтарони тоҷик барои танфурушӣ ба Амороти Араб ва мардҳо чун мардикор ба Русия қоҷоқ мешудаанд. Коршиносон мегӯянд, ки ҳодисаҳои сӯистифодаи ҷинсии мардҳо низ ҷой доштааст. Тибқи иттилоъи Созмони ҷаҳонии муҳоҷират, шурӯъ аз соли 2006 то имрӯз ҳудудан 70 нафар занону духтарони тоҷик аз хориҷа ба ватан баргардонида шудаанд, ки 90 дарсади онҳо 22 то 30-сола будаанд.
Иштирок:
Дар бораи иштирок
Ҳаҷми матн
Чоп кунед
Ба дигарон фиристед
Тозатарин матолиб
Шореҳон дар бораи пешниҳоди Бордюжа
Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо ғуломӣ
Нақшаҳои нави низомии Маскав дар паҳнои ИДМ
НАТО масъалаи Тифлису Киевро баррасӣ мекунад
Мақомоти давлатӣ ва рӯҳониёни мавъизагӯ
Пурхонандатаринҳо
Парвандаи ҷиноӣ алайҳи Эшони Нуриддин
Посухи Раҳмонов ба номаи Тӯраҷонзода
Шоири тоҷик Бозор Собир 70-сола шуд
Бӯҳрони ҷаҳонӣ ва муҳоҷирони корӣ
Коршикании мардикорони тоҷик дар Русия