Баргузидаҳо
Қазияи Ҳасан Асадуллозода
Васияти охирин амир
Радио
Ҷадвали пахш
Обуна
Дар бораи "Озодӣ"
Тамос
Шанбе, Май 17, 2008 Соат ба вақти Душанбе 15:49
Хона
Хабарҳо
Тоҷикистон
Минтақаҳо
Ҷаҳон
Сиёсат
Иқтисод
Ҷавонон
Фарҳанг
Варзиш
Подкаст
RSS
Пахши зинда
Дархости
тозатарин ахбор
MP3
Real Audio
Windows Media
Барномаи имрӯз
Ёрӣ
Video
Шаҳри ҷудоиҳо
Бахшҳои Озодӣ
رادیو فردا
راديوى آزادى
RFE/RL
Радио Свобода
Иқтисодиёт
Сӯхтаҳои Корвон ҷуброн мешавад?
13.11.2006
Зулайхо Ҳакимова, як бонуи тоҷири бозори Корвон мегӯяд, дар оташсӯзии субҳи якшанбеи 12 ноябр ба маблағи тақрибан панҷсад ҳазор сомонӣ колои барои тиҷорат нася гирифтааш ба коми оташ рафтааст. Ӯ бо ёдоварӣ аз
чанд оташсӯзие, ки дар ин бозор қаблан ба амал омадааст, гуфт, мутмаин нест, ки аз сӯи маъмурияти бозор ва ё мақомоти дигари масъул хисороти ин оташсӯзӣ ҷуброн бишавад. Зеро, мегӯяд ӯ, дар маврид мақомоти масъул таваҷҷӯҳ зоҳир намекунанд, дар сурате, ки тоҷирон маблағи молиёт ва дигар расмиётро комилан пардохт мекунанд.
Аз хонум Ҳакимова пурсидам, ки оё ӯ ва тоҷирони дигари аз ин оташсӯзӣ хисоротдида амволи худро суғурта ва ё бима кардаанд? Ҳарфе, ки ӯ дар посух ба ин суолам гуфт, ин буд, ки дар маҷмӯъ барои расмиёт маблағи зиёде пардохт мекунанд.
Аз идораи суғуртаи шаҳри Душанбе ба радиои «Озодӣ» иттилоъ доданд, тоҷироне, ки дар ин оташсӯзӣ мувоҷеҳ ба хисороти молӣ шудаанд, амволи худро бима накардаанд. Муҳаммадраҷаб Бойназаров, нозири идораи суғуртаи шаҳри Душанбе мегӯяд, дар мавриди суғурта кардани амвол миёни сокинон, ҳамчунин тоҷирон зиёд таблиғот мебаранд, вале мардум дар бештарин маворид, бима сохтани амволро харҷи барзиёд унвон ва аз пардохти маблағи он худдорӣ мекунанд.
Оқои Бойназаров гуфт, бар асоси Қонуни суғуртаи Тоҷикистон ду навъи бимаи амвол- ихтиёрӣ ва ҳатмӣ мавҷуд аст. Ва ҳар ду маврид низ ҳиссаи пардохти суғурта 3 дарсад муқаррар шудааст. Аммо меафзояд, суғуртаи манзил ва сохтмонҳо ду дарсад аз маблағи умумии арзиш мебошад.
Вале ин дар ҳолест, ки афроди соҳиби автомобили хусусӣ, ки гурӯҳи аслии пардохткунандаи маблағи бимаи ҳатмӣ мебошанд, шикоят аз он доранд, дар сурати мувоҷеҳ ба ҳодисае шудан дарёфти ҷуброн аз мақомоти суғурта аслан ғайри қобили имкон аст. Сафар Атоев, сокини Душанбе ва ронандаи мошини кирояи хусусӣ мегӯяд, аслан маблағе, ки аз сӯи мақомоти суғурта ба ҷабрдидагон ҷуброн мешавад, кирояи саргардонӣ нест, зеро то ба даст овардани ин маблағ, аз он бештар маблағ харҷ мешавад.
Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон ҳамчунин ширкатҳои хусусии суғурта фаъол аст. Фаъолияти ин ширкатҳоро қонуни кишвар дар мавриди фаъолияти созмонҳои хусусии бима, ки соли 2005 ба тасвиб расидааст, танзим мекунад. Аммо мақомоти давлативу хусусии суғуртаи кишвар мегӯянд, сокинон ҳанӯз ба дарки моҳияти ин навъи ҳифзи амвол нарасидаанд.
Share:
About sharing
Ҳаҷми матн
Чоп кунед
Ба дигарон фиристед
Тозатарин матолиб
Чаҳор наврасро озод карданд
Норак ва Иссиқкӯл бародар шуданд
Рукуди саросарии иқтисоди ҷаҳонӣ
Шумори қурбониёни "Наргис" меафзояд
Маскав 8 миллатгарои русро равонаи зиндон кард