Баргузидаҳо
Қазияи Ҳасан Асадуллозода
Васияти охирин амир
Радио
Ҷадвали пахш
Обуна
Дар бораи "Озодӣ"
Тамос
Шанбе, Май 17, 2008 Соат ба вақти Душанбе 16:35
Хона
Хабарҳо
Тоҷикистон
Минтақаҳо
Ҷаҳон
Сиёсат
Иқтисод
Ҷавонон
Фарҳанг
Варзиш
Подкаст
RSS
Пахши зинда
Дархости
тозатарин ахбор
MP3
Real Audio
Windows Media
Барномаи имрӯз
Ёрӣ
Video
Шаҳри ҷудоиҳо
Бахшҳои Озодӣ
رادیو فردا
راديوى آزادى
RFE/RL
Радио Свобода
Сиёсат
Укроин: тафовути интихобот аз инқилоб
27.03.2006
Нозирони интихоботии Созмони амният ва ҳамкории Урупо ин натоиҷро пазируфтаанд ва интихоботи рӯзи якшанбе дар Укроинро демукротик, озод ва мунсифона унвон кардаанд. Аммо чирагии ҳизби Виктор Янукович - нахуствазири пешини Укроин, ки як ташаккули рӯ ба Маскав аст, зоҳиран бархе аз сиёсатмадорони ғарбиро то андозае нигарон кардааст. Пйер Лилуш - раиси маҷмаъи порлумонии Паймони Отлонтики Шимолӣ (NATO) мегӯяд, ки Урупо ҳамчунон бояд равобити худ бо Укроинро таҳким кунад ва иҷоза надиҳад, ки ин кишвар дубора ба домани Русия биуфтад. Вай дар шаҳри Киев гуфт:
"Лаёқати Укроин бештар аз он аст, ки дар дами дари Русия раҳо шавад".
Аз сӯи дигар, Бенита Ферреро-Валднер - кумисери равобити хориҷии Иттиҳодияи Урупо изҳори умедворӣ кард, ки давлати Укроин ҳамчунон дар ростои ислоҳот гом бар хоҳад дошт ва ба Иттиҳодияи Урупо наздиктар хоҳад шуд:
"Мо мехоҳем бо давлати ояндаи Укроин низ дар заминаи ислоҳот ҳамкорӣ кунем. Албатта, мо ҳанӯз давлати ояндаро надидаем ва ҳоло зуд аст дар ин бора суҳбат кард. Вале мо умедворем, ки давлати ояндаи Укроин низ моил ба наздикии бештар бо Иттиҳодияи Урупо хоҳад буд".
Ва ташкили давлати оянда ҳамакнун мавзӯъи доғи гуфтугӯҳои сиёсӣ дар Укроин аст. Виктор Юшченко - раисиҷумҳурии Укроин, ки бегумон аз натоиҷи интихобот дили хуше надорад, дар ин бора ҳанӯз расман изҳори назаре накардааст. Аммо Юлия Тимошенко ташкили як давлати эътилофиро муҳтамал медонад:
"Ман метавонам бигӯям, ки то кунун ҳизби мо, Ҳизби Сусиёлист ва ҳизби "Укроини мо" бар сари матни паймони ташкили як давлати эътилофӣ ба тавофуқи комил расидаанд".
Коршиносон муътақиданд, ки ҷудоии Юлия Тимошенко аз тими Виктор Юшченко ва мушкилоти фаровони оғози ҳукумати оқои Юшченко, аз ҷумла фасоди молии густарда дар суфуфи давлат ва эъмоли фишори иқтисодии Русия бар ёри пешини худ боъис шуд, ки ҳизби раисиҷумҳуре, ки беш аз як сол пеш савор бар мавҷи "Инқилоби норинҷӣ" сари қудрат омад, дар интихоботи рӯзи якшанбе орои камтаре ба даст оварад.
Share:
About sharing
Ҳаҷми матн
Чоп кунед
Ба дигарон фиристед
Тозатарин матолиб
Сафир озод шуд
Чаҳор наврасро озод карданд
Норак ва Иссиқкӯл бародар шуданд
Рукуди саросарии иқтисоди ҷаҳонӣ
Шумори қурбониёни "Наргис" меафзояд