Баргузидаҳо
Хунрезӣ дар Мумбай
Поёни баҳси Талко
Ҳиҷоб
Радио
Ҷадвали пахш
Дар бораи "Озодӣ"
Обуна
Баҳсҳо
Тамос
Чоршанбе, Декабр 03, 2008 Соат ба вақти Душанбе 03:28
Хона
Хабарҳо
Тоҷикистон
Минтақаҳо
Ҷаҳон
Сиёсат
Иқтисод
Ҷавонон
Фарҳанг
Варзиш
Подкаст
RSS
Пахши зинда
Дархости
Барномаи имрӯз
Ёрӣ
Video
"Офати нафс"
Бахшҳои Озодӣ
رادیو فردا
راديوى آزادى
RFE/RL
Радио Свобода
Фарҳанг
Ба масҷид бо изни волидайн
01.11.2005
Масъулини шаҳри Душанбе ва навоҳии атрофи он дар се рӯзи ахир аз масоҷиди пойтахт дидан карда ва иштироки кӯдакони то шонздаҳсола дар ибодатгоҳҳоро дар сооти дарсӣ дар макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ мамнӯъ эълом кардаанд. Дар бархе аз масоҷиди пойтахт ҷиҳати ихроҷи намозгузорони наврас аз масҷид аз нирӯи полис низ истифода шуда ва ба гуфтаи як навраси мӯътақид ба ҳангоми ихроҷи иҷборӣ кӯдакон мавриди шиканҷа низ қарор гирифтаанд. Ин кӯдакон гуфтанд, пулис онҳоро ҳангоми адои намози шом вақте ки дарвозаҳои макотиб баста мешавад аз масҷид берун кардааст:
"Уголовнико омадан, моя гуфтан, ки раве аз ин ҷа. Баъд қати мулло гап заданд, мулло гуфт, ки баъди Рамазон дар ин ҷа чанд мусафед мемона халос."
Ҷилавгирӣ аз ширкати наврасон дар масоҷид баъд аз манъи рафтани духтарон бо ҳиҷоб ба макотиб дуввумин мавриди бархӯрди мақомот бо анъаноти исломист, ки ҷиҳати тавзеҳ ва ташреҳи ин иқдомот ва тасмимот дар Маркази Исломии Тоҷикистон як ҷаласа бо иштироки масъулини умури динии кишвар баргузор гардид.
Дар як ҷаласае,ки дар оғози ҳафтаи равон дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмонов - раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва бо иштироки вазири маориф, раиси Кумитаи занон ва раиси Кумитаи дини Тоҷикистон доир шуд, низ масоили мазкур муҳокима шудааст.
Муродулло Давлатов - раиси Кумитаи дини Тоҷикистон ин нуктаро,ки ҷилавгирӣ аз ҳузури кӯдакон ва наврасон бо дастури мақомоти сиёсии кишвар сурат мебошад, такзиб кард. Вале вай ҳамзамон таъйид кард,ки масъалаи ҳузури наврасон дар масоҷид дар ҷомеа вуҷуд дорад.
Вай гуфт, масалан вақти дарсҳо дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, муҳассилин дар намозгоҳҳо ва масҷидҳо ҳастанд, ки ин ба қонунҳои кишвар мутобиқат намекунад.
Оқои Давлатов гуфт, дар ҷаласаи дар Маркази исломӣ аз имомхатибон даъват шуд,ки қавонини марбут ба ташкилоти динӣ ва дигар меъёрҳои ҳуқуқии кишварро бояд ҳатман риоят кунанд. Вай гуфт, наврасони то синни то шонздаҳсола минбаъд танҳо бо изни хаттии волидон метавонанд дар намозгузорӣ дар масоҷид иштирок кунанд.
Аммо Худойбердии валади Эгамбердӣ - мудири шӯъбаи фатво ва узви Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон, ки низ дар ҷаласаи Маркази исломӣ ширкат доштааст, гуфт, вақте як нафар имомхатиб гуфт, ки дирӯз чиҳил наврасро иҷозаи вуруд ба масҷид надода ва аз сӯи мардум ва ҳамин наврасон мавриди мазаммат ва накӯҳиш қарор мегирад, посух гирифтааст, ки бо волидони онҳо машварат карда, ризоияти онҳоро бигирад.
Аммо афзуд оқои Эгамбердӣ, ӯ ба ҳайси масъули фатвои Шӯрои улламои Тоҷикистон ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад аз иқдомоте, ки хилофи қонуни исломист пуштибонӣ кунад.
Дар ҳамин ҳол Муҳиддин Кабирӣ - вакили Маҷлиси Намояндагон ва муовини аввали раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон чунин амалкардаи масъулини давлатиро хилофи меъёрҳои байналмилалӣ ва қавонини кишвар арзёбӣ кард. Вай гуфт, муносиботи носанҷида ва тавҳиномез бо арзишҳои динӣ паёмадҳои ногувор дар пай хоҳад дошт.
Иштирок:
Дар бораи иштирок
Ҳаҷми матн
Чоп кунед
Ба дигарон фиристед
Тозатарин матолиб
Шореҳон дар бораи пешниҳоди Бордюжа
Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо ғуломӣ
Нақшаҳои нави низомии Маскав дар паҳнои ИДМ
НАТО масъалаи Тифлису Киевро баррасӣ мекунад
Мақомоти давлатӣ ва рӯҳониёни мавъизагӯ
Пурхонандатаринҳо
Парвандаи ҷиноӣ алайҳи Эшони Нуриддин
Посухи Раҳмонов ба номаи Тӯраҷонзода
Шоири тоҷик Бозор Собир 70-сола шуд
Бӯҳрони ҷаҳонӣ ва муҳоҷирони корӣ
Коршикании мардикорони тоҷик дар Русия