Баргузидаҳо
Қазияи Ҳасан Асадуллозода
Васияти охирин амир
Радио
Ҷадвали пахш
Обуна
Дар бораи "Озодӣ"
Тамос
Шанбе, Май 17, 2008 Соат ба вақти Душанбе 15:02
Хона
Хабарҳо
Тоҷикистон
Минтақаҳо
Ҷаҳон
Сиёсат
Иқтисод
Ҷавонон
Фарҳанг
Варзиш
Подкаст
RSS
Пахши зинда
Дархости
тозатарин ахбор
MP3
Real Audio
Windows Media
Барномаи имрӯз
Ёрӣ
Video
Шаҳри ҷудоиҳо
Бахшҳои Озодӣ
رادیو فردا
راديوى آزادى
RFE/RL
Радио Свобода
Ҷавонон
Веблогҳои тоҷикӣ ва ё рӯзномаҳои хусусии тоҷикӣ дар Интернет
24.05.2005
Блог - ин рӯзномаи интернетии шахсӣ аст. Яъне, агар шумо дӯст медоред, ки ҳар рӯза дидаву шунидаҳоятонро навишта бигиред, дигар як дафтари зардшудаи варақдаридаро дар кунҷи сандуқатон пинҳон карда намегардеду дар Интернет як рӯзномаи шахсии худатонро сохта дар он навиштан мегиред, ҳарчӣ мехоҳед. Ва он рӯзномаатонро ба ҳар кас хоҳед адресатонро медиҳед ва дидаву шунидаву навиштаҳои шуморо дигарон ҳам мебинанду мешунаванду мехонанду боз дар ҳошияаш тавзеҳот менависанд. Агар албатта барояшон субҳ чӣ таом хӯрдану бегоҳ кадом филм тамошо кардани шумо шавқовар бошад.
Вале якчанд блогҳое, ки ман хондаму дидам дар бораи чӣ таом тановул карданаш касе чизе нанавишта буд ва одатан мардум аз сафарҳои худ, ва боз дар бораи ҳазору як мавзӯъи нави дигар менависад. Аммо миёни ин теъдоди бо суръати рӯшноӣ афзояндаи вебблогнависҳо тоҷиконаш ангуштшумор будаанд. Ва он ҳам аксаран ҷавононе, ки ё дар хориҷа таҳсил доранд ва ё ин ки инҷо дар созмонҳои хориҷӣ кор мекунанд. Зеро дар ин ҳол интернет дастрастар аст барояшон. Ва бархи бештари дигари ҷавонони тоҷик бошанд, чӣ будани блогро ҳам намедонанд.
Ҷаъфар Осимов - раҳбари веб-студияи «Кафтар» мегӯяд, дар сурате, ки ҷавонони тоҷик ба интернет дастрасии маҳдуд доранд, на аз ҳама навгониҳои ин тортанаки ҷаҳонӣ хабардоранд. Аммо онҳое, ки аз фанновариҳои муосир хуб хабардоранду ба истилоҳ юзери фаъоланд, вале веб-блог надоранд, пас ин аз маҳдуд будани вақти онҳо дарак медиҳад. Ҷаъфар Осимов низ вақт барои навиштани хотираҳои худ дар Интернет надорад ва ҳамчунин мегӯяд, айни ҳол ягон сервери тоҷикӣ веб-блог пешниҳод намекунад ба мизоҷони худ.
Ва он якчанд вебблогнависи тоҷике, ки ҳастанд саҳифаҳои интернетии вижаи худро доранд ва дар сайтҳои худашон блог боз кардаанд. Монанди http://www.artcore.tj/index.php?module=e-blog. Ё дар ягон блоги маҷмӯъӣ як саҳифаҳаке менависанд. Ба мисли http://www.pili.org/fellows/fb/taxonomy/term/59/9/ Ва ё ин ки аз хидмати вебблоггерҳои маъруфи ҷаҳонӣ истифода мебаранд, аз қабили www.blogger.com, www.livejournal.com , www.dirty.ru
Воқеъан, дар блоггери ахирӣ, ки як сервери русӣ аст, ҳатто аз кишвари ҳамсояи мо, Ӯзбакистон шаш нафар блог кушодаанду аз Тоҷикистон 0 нафар. Як блоггери маъруфи дигар, www.travelblog.com аст ва web-master-и ин блоггер, ҷаноби Алӣ Уоттерс (Ali Watters) ба
www.ozodi.org
гуфт, то ҷое ӯ медонад, ягон нафар тоҷикистонӣ миёни блогнависҳои саҳифаи онҳо нест. Мактубҳои ман ба ду- се ҷавони тоҷике, ки дар www.blogspot.com ва www.livejournal.com блог доранд, бепосух монданд.
Share:
About sharing
Ҳаҷми матн
Чоп кунед
Ба дигарон фиристед
Тозатарин матолиб
Норак ва Иссиқкӯл бародар шуданд
Рукуди саросарии иқтисоди ҷаҳонӣ
Шумори қурбониёни "Наргис" меафзояд
Маскав 8 миллатгарои русро равонаи зиндон кард
Басташавии қароргоҳи ҲДТ аз тарафи додгоҳ