Баргузидаҳо
Қазияи Ҳасан Асадуллозода
Васияти охирин амир
Радио
Ҷадвали пахш
Обуна
Дар бораи "Озодӣ"
Тамос
Шанбе, Май 17, 2008 Соат ба вақти Душанбе 16:36
Хона
Хабарҳо
Тоҷикистон
Минтақаҳо
Ҷаҳон
Сиёсат
Иқтисод
Ҷавонон
Фарҳанг
Варзиш
Подкаст
RSS
Пахши зинда
Дархости
тозатарин ахбор
MP3
Real Audio
Windows Media
Барномаи имрӯз
Ёрӣ
Video
Шаҳри ҷудоиҳо
Бахшҳои Озодӣ
رادیو فردا
راديوى آزادى
RFE/RL
Радио Свобода
Сиёсат
Инқилоб дар Қирғизистон ва имкони инқилобҳо дар Тоҷикистон
28.03.2005
"КУРЙЕР ТАДЖИКИСТАНА" ИНҚИЛОБ ДАР ТОҶИКИСТОНРО ИМКОНПАЗИР МЕДОНАД
«Курйер Таджикистана» ба раванди таҳавуллоти сиёсии ғайричашмдошт дар Қирғизистон пардохта навиштааст, ки "инқилоби лолаҳо" дар ин кишвар аз нав ин суолеро матраҳ мекунад, ки то кадом андоза инқилоби мушобеҳ дар Тоҷикистон имконпазир аст. Нашрия менависад, ки чанд авомил аз ҷумла набуди лидери ягонаи шинохта дар миёни нерӯҳои мухолифин ва заъфу фаъолияти кунди аҳзоби сиёсии Тоҷикистон ва ҳамчунин адами ҳузури фаъоли ҷавонон дар саҳнаи сиёсӣ ва гузашта аз ин заъифии матбуоти мустақил дар кишвар дурнамои вуқӯъи инқилоб дар Тоҷикистонро норӯшан боқӣ мегузорад.
Таҳлилгари «Курйер Таджикистана» дар ин росто ҳамчунин вуҷуди маҳалгароӣ ва ҳузури низомии Русия дар Тоҷикистонро аз мавонеъи дигари эҳтимолӣ дар ин кишвар номидааст. Аммо сарфи назар аз ин ҳама меафзояд нашрия, заминаҳои ба амал омадани инқилоби махмалин в ё арғувонӣ дар Тоҷикистон вуҷуд дорад. Таҳлилгари нашрия дар ин робита аз сатҳи баланди коррупсия, фишор ба матбуот ва сиёсати нодурурсти кадрӣ дар Тоҷикистон ном бурда, таъкид менамояд, ки агар мақомоти Тоҷикистон дар ин роҳ ҷиддан иқдом накунанд, онгоҳ маълум нест, ки ин кишвар ба сӯи кадом навъ таҳаввулот ва инқилоб дарҳаракат аст.
НОТАВОНИҲОИ АСКАР ОҚОЕВ АЗ НАЗАРИ "АЗИЯ ПЛЮС"
«Азия Плюс» нотавонии ҳукумати Аскар Оқоев дар ҳалли масоили ҷамъшудаи иқтисодӣ ва сиёсиро сабаби аслии суқути ҳукумати ӯ дар Қирғизистон номидааст. Ин нашрия меафзояд, ки раванди кунунии ҳаводис дар Қирғизистон ба вазъи сиёсии солҳои навади Тоҷикистон зиёд шабоҳат дорад. Аз нигоҳи муаллифи матлаби «Азия Плюс» агар масоил аз тариқи музокироти сиёсӣ ҳал нагардад, эҳтимоли такрори варианти Тоҷикистон, яъне хушунат ва ҷанги шаҳрвандӣ дар Қирғизистон имконпазир аст.
АМРИКО АЗ ДАВЛАТ ХУДОНАЗАРОВ ҲИМОЯТ МЕКУНАД
Иёлоти Мутаҳиддаи Амрико на аз номзадҳои мушаххас, балки аз рушди равандҳои демократӣ дар ҳар кишвари дунё пуштибонӣ менамоянд. Таҳти ин унвон "Вечерний Душанбе" мусоҳиба Ричард Ҳоугленд - сафири Амрико дар Тоҷикистонро ба нашр расонидааст. Сафири Амрико дар ин мусоҳиба интишори ин хабарро, ки гӯё Амрико қасд дорад, дар интихоботи соли 2006 раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз номзадии Давлат Худойназаров пуштибонӣ намояд, рад намуда гуфтааст, кишвараш ҷонибдори ҳеҷ як номзад нест ва танҳо манфиати худро дар он мебинад, ки дар Тоҷикистон равандҳои мардумсолорӣ тақвият ёбанд.
Share:
About sharing
Ҳаҷми матн
Чоп кунед
Ба дигарон фиристед
Тозатарин матолиб
Сафир озод шуд
Чаҳор наврасро озод карданд
Норак ва Иссиқкӯл бародар шуданд
Рукуди саросарии иқтисоди ҷаҳонӣ
Шумори қурбониёни "Наргис" меафзояд