Минтақаҳо

Хатлон: Нигарониҳо аз тавсеъаи "Салафия"

05.09.2008

Мақомоти додситонӣ ва раёсати умури дохилаи вилояти Хатлон мегўянд, ҳарчанд дар аъмоли пайравони ҷараёни салафия таркиби ҷиноят ошкор нашудааст, аммо тавсеаи ин ҷараён метавонад ба амнияти кишвар халал ворид созад.

Ба эътиқоди мақомоти Хатлон, шумори пайравони салафия дар ҷануби Тоҷикистон афзун нест ва ҳама баҳсу ихтилофоти онҳо танҳо бо ходимони дин аст, ки бар сари тариқаи намозгузорист. Шодибек Раҷабов, сардори раёсати умури дохилаи Хатлон, мегўяд, ҳарчанд алъон фаъолияти пайравони ҷараёни салафия дар Тоҷикистон мамнўъ нест, мақомот дар робита ба ҷилавгирӣ аз афзоиши онҳо тадбирҳо меандешанд:

 

«Ҷинояте аз ҷониби салафиҳо ошкор нашудааст. Аммо аз нуктаи назари идеологӣ ин равия метавонад хатар дошта бошад ба амнияти кишвар».

 

Ҳамакнун ниҳодҳои қудратию интизомии вилояти Хатлон масъалаи ҷилавгирӣ аз тавсеаи ин ҷараёни диниро ба миён гузоштаанд. Фозилҷон Охунов, додситони Хатлон, мегўяд, ҳаракати иртиҷоъии салафиҳо дар ҷануби кишвар характери паҳншавӣ дорад. Ба гуфтаи оқои Охунов, пешвоён ва пайравони ин ҳаракат дар шаҳру навоҳии Кўлоб, Панҷ, Бохтар ва Ҳамадонӣ фаъолият доштаанд:

 

«Ҳамакнун корҳои фаҳмондадиҳӣ дар масҷидҳо ва мавзеъҳои ҷамъиятӣ ба роҳ монда шудааст, ҳарчанд пайравони ин ҷараён ҷинояткор нестанд, аммо беҳтар ин аст, ки аз афзоиши шумори онҳо ҷилавгирӣ шавад ва ҳаракатҳои онҳо таҳти назорат бошад».

 

Дар ҳамин ҳол ҷавоне, ки худро пайрави ҷараёни салафия ва Файз Муҳаммад муаррифӣ кард, дар сўҳбати бидуни микрофон гуфт, кору пайкор ва аҳдофи пуштибонони ҷараёни Салафия ба ҳақиқати ислом наздиктар буда, пайравони ин равия наметавонанд дар ҷомеаи Тоҷикистон ихтилофу ҷудоиандозӣ бикунанд.

 

Бо ин вуҷуд аз тасмимгириҳои мақомоти Тоҷикистон ҷиҳати ҷилавгирӣ аз тавсеаи ҷараёни салафия, натанҳо дар дохили кишвар, балки мамолики хориҷӣ, бавижа, Ҷумҳурии исломии Эрон низ пуштибонӣ мекунанд. Ҳамидризо Бархурдорӣ, коршиноси мутолеотии сафорати Эрон дар Душанбе, дар ин иртибот мегўяд:

 

«Бархурди мо бо салафигариҳо ҳамчун обу оташ аст. Фикр мекунам, ҳамин ибора маънои бисёр васеъ дорад. Мо чунин ҷараёни динӣ маҳкум менамоем ва аз ҳаракатҳои мақомоти Тоҷикистон дар робита ба ҷилавгирӣ аз тавсеаи ин ҷараён пуштибонӣ мекунем».

 

Ёдрас мекунем, салафия як шохаи мазҳаби ислом аст, ки дар Арабистони Саудӣ ба он пайравии бештар мекунанд ва баъзан ин мазҳабро бо мазҳаби ваҳҳобия якҷо ном мебаранд. Ба қавли таҳлилгарон, пайравони шохаи салафия дар Тоҷикистон асосан ҷавонони навпайдое ҳастанд, ки дар мадориси давлатҳое назири Арабистони Саудӣ ва Покистон таҳсил намудаанд.

 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-10 (of 23)
Ном: MUHIDDIN аз: DUSHANBE
23.09.2008 18:09

SALOM BA HAMA DUSTON BA REALIST AZ BRUSSEL GUFTANIYAM KI IN KALIMOTRO DUR AZ VATAN ISTODA HUKM KARDAN BISYOR OSON AST AVALASH INKI TU DAR BRUSEL BOSHI AZ KUJO MEDONI KI DAR DOKHIL CHI GAP AST?
2 UM INKI ASLAN DINI ISLOM KHUD ZIDDI TEROR -QATL NOOROMI AST VA TASHKIL KUNANNDAGONI CHUNIN NOOROMIHORO MAHKUM MEKUNAD "REALIST" DAR DINI MO BA CHUNIN ASHKHOS (DAHRI) MEGUYAND VA REALISTONRO DINI MO DUST NAMEDORAD PAS DINU EMONU MAZHABI MORO KOR NAGIR MO BA MASHVARATI SHUMO NIYOZ NADOREM?BALKE SHUMORO DAVAT MENAMOEM KI ISLOMI AZIZRO DUST BIDOR VA EHTIROM KUN VA NAZARU GUMONHOI BADATRO NISBATI IN DIN IVAZ BIKUN INSHOALLOH OYANDAI NEK SHUMORO INTIZOR AST DAR GHAIRI IN? النار مثوي لكم
IN CHIZRO BAROYAT MEGUYAM KI MILLATI ISLOM VA MUSALMONI HAQIQI HEJGOH
JOSUS-KHUDFURUKHTA VA BAR ZIDDI DINASH KI IN DIN BAROI MUSALMONI HAQIQI AZ KHONAVODA AHL PADARU MODAR VA HAMA CHIZI IN DUNYO BOYAD AVLO VA BEHTAR BOSHAD PAS MAN NAMEDONAM KADOM JOSUS? KHUDFURUKHTA HAMESHA SHAKHSI BEDIN MESHAVAD NA MUSALMON REALIST YO BAISTILOHI DINI DAHRI METAVONAD JOSUS SHAVAD ZERO TANHO HADAFI U ZINDAGI NAMUDAN DAR IN DUNYO ASTU BAS TANHO BA CHIZE BOVAR MEKUNAD KI URO MEBINAD
IN SHERI ALLOMA IQBOL RO BAROYAT MEKHONAM (REALIST) KI AZ MUSALMONI HAQIQI SUHBAT MEKUNAD
MUSALMONE KI DONAD RAMZI DINRO
NASOYAD PESHI GHAIRALLOH JABIN RO
MUHIDDINI JAIHUN


Ном: REALIST аз: BRUSSEL
22.09.2008 23:49

VAHOBI/SALAFI-SOKHTASHUDAI SOZMONI JOSUSII ANLGIYA BUDA, DAR ARABISTONI SAUDI MAZHABI HOKIM MEBOSHAD.
VAHOBIZM DAR ZAMONI PERESTROIKA DOKHILI JAMOATI MUSALMONONI SHURAVI SHUDA, TAZODI MAZHABIRO MIYONI MUSALMONON BA SAR OVARD, HATTO DAR BAAZE KISHVARHOI TOZAISTIQLOL JANGU JIDOL BA BOR OVARD, BA KHOTIRE KI VAHOBI MAZHABI NAVI RADIKALI-FUNDAMETALISTI BA FARHANGI CHANDSOLAI MAZHABDORII MARDUM MUVOFIQAT NAMEKUNAD.

SHUMO MEGUYED KI IMRUZ SALAFIHO TERORE ALAIHI DAVLAT NAKARDAND, VALLE IN ISHTIBOST KI SHUMO MEGUEND, MAGAR JANGI TOJIKISTON, HAMLAHO DAR KIRQIZU UZBAK MAGAR DASTI IN SALAFIHO NABUD.
UNHO MUNTAZIR MESHAVAND TO DAR JOMIA MAVQEASHON QAVI SHAVAND, BAADAN SHURU MEKUNAND BA ASLI KHESH, KI UNVAQT DER KHOHAD SHUD.


Ном: MUHIDDIN аз: DUSHANBE
17.09.2008 06:37

SALOMUALAIKUM VA RAHMATULLOHI VA BARAKOTUHU
VOQEAN BAHS KHELO MARHALAHOI KHUDRO BA POYON GUZOSHT VA AZ IN BAHSHO CHUNIN KHULOSA BAROVARDAN MUMKIN AST KI SHUKRI KHUDO JAVONONI HUSHYOR VA ZAKII MUSALMONI TOJIK AZ KHOBHOI NOZI KHUD DAR IN MOHI MUBORAK KANOR RAFTA DARDI DIL MENAMOYAND VA AZ MAZHABU DINU MUQADASSOTI KHUD HIMOYAT MEKUNANND VOQEAN BARODARON (ABDULLO AZ DUSHANBE) VA (ALI AZ GIRGATOL)
VA (ZUHURIDDIN AZ MISR) SHOYONI QADR AST KHUDO MUVAFFAQATON KUNAD BARODARON BO IN AQIDAI POK VA HAQQATON
VA BA BARODARON QALANDAR (SHIA) VA KHURSHED DIN SITEZ VA BAGUFTI KHUDASH HOMII AHLI BAYT NIZ KHELO AQIDAI VOQEII KHUDRO BA MO MUAYAN SOKHTED VA BOZ KHUBTAR MO OGOH SHUDEM KI SHUMO CHI NIYATHO DAR OYANDA DAR SARHOI KHUD MEPARVARONED (INSHOALLOH HAMAASH هبامنثورا
AST)INRO KHUB BIFAHMED NATIJAI BAHS IN AST
MO TOJIKON SUNNI HASTEM (DAR MAZHABI IMOM ABUHANIFA (R)) VA TO QIYOMI QIYOMAT CHUNON KHOHEM RAFT KUSHISH HOI SHUMO BEFOIDA AST METAVONED BEHUDA ZUR NAZANED KI ASRE NAKHOHAD DOSHT
T O J I K I S T O N VATANI S U N I H O AST VA DAR ON BA S H I A H O RO DAR ON JOI NEST
BISHKAST UMAR PUSHTI HUJAIRONI AJAMRO
BAR BODI FANO DOD RAGU RESHAI JAMRO
IN DUSHMANI AZBAHRI KHILOFAT ZI ALI NEST
BO OLI UMAR KINA QDIM AST AJAMRO
MUHIDDIN DUOGUI SHUMO


Ном: abdullo аз: dushanbe
15.09.2008 11:09

салом
бародар каландар! шумо хамин кавлатон-{Ашъори Руми, Саъди Санои Аттор,Хилоли Фирдавси саршор аз мадху санои АХЛИ БАЙТ аст}- ро далел бар он кардед ки гё ин бузургон шиа бошанд, локин ин киёси шумо хатои махз аст , зеро ба мучаради мадху санои ахли байт , шоир шиа буда наметавонад. бисёре аз шоирони ахли суннат хам дар васфи ахли байт газалхо ва мадху санохо гуфтаанд , локин ин маъно надорад ,ки онхо шиа буданд. аз ин ру бо киёси ин ки хар касе ашори худро ба ахли байт мебахшад, далел бар шиа будани у аст, хатои махзест. ахли суннат хам на камтар аз шиахо ахли байти паёмбарро дуст медоранд, балки бисёртар аз онхо, метавонед дар ин бора ечодиёти шоирони ахли суннатро мутолиа кунед, локин онхо муголот намекунанд . инчунин ин мухабати онхо {ахли суннат} нисбат ба ахли байт , онхоро барои коим кардани бидатхое ки аз ислом нестанд бурда намерасонад, чуноне , ки дар шиахо мебинем. барои мисол маросимхое ки барои ёдбуди хазрати хисейн {разияллоху анх} меороянд дар он бидатхо ва хурофотхои зиёде ба чаш мерасад, ки аз ислом нестанд, ба монанди саркафони,, рукани ва гайра... шиахоро бад гуфтани нестам локин барои дустдори, хурофот ва бидат коим кардан нашояд ва ин амал лоики накухуён набошад. худо мухабати шуморо зиёда гардонад локин бехтарин рох барои мухаббат оне аст ,ки аз бидату хурофот дур аст.

ва боз далели дигар овардед, ки ;
{ Ними мардуми чануби мамлакат Номи Хонадони Пайгамбарро доранд ки бар чизе далел аст. Аксари Мазорхои таърихи мутаалик бар Ахли байт аст. Ин далелхо бар онанд, ки ватани имрузии мо ватани шиъа низ аз кадим будааст } - ин далел шуда наметавонад, ки ватани мо ватани шианишин буд , шояд бар ягон кисми кучаке далел бошад ба монанди помири имруза, аммо , ки тамоми сарзамин чунин буд,, на. инро тарих инкор мекунад. бингаред ,тамоми осоре ки бузургони мо гузоштанд , саросар аз акоидаи сунимазабхо сухан меронад ва аз он дифоъ мекунад на акоиди шиахо. чор ё панч мисра шеър дар назди ин кадар осори зиёд чи далел буда метавонад.
гарчанде ман дар суханонатон хамфикри шумо буда наметавонам , локин хамин суханатон -{Рудаки Фирдовси Сино Н Хусрав Хилоли ва бузургони дигар махз ба хотири Пайрави Хонадон буданашон курбону таъкиб шуда буданд}- худ далели он аст ки мамлакати мо ягон вакт ватани шианишин набуд ва намебошад, ва гарна ,,, ки онхоро таъкиб кард? магар мамлакате, ки ватани шиахо бошад ва ин нафароне ки - ба гумони шумо шиа буданд-, метавонад касе онхоро ба хотири тобеи ахли байт буданашон таъкиб бикунад??!! агар ха , пас бар меояд ки шиахо тобеи ахли байт нестанд.
мантикан каломи шумо каломатонро накз карда истодааст. гарчанде бе ин хам далелхо хастанд ва базе онхо зикр шуданд ,ки гуфтахои шуморо рад мекунад ва бар акси он аст.
ва инчунин номи хонадони паёмбар {саллаллоху алайхи ва салам}-ро доштан хам далел ба гуфтахои шумо буда наметавонад, ин хам киёси хатост, зеро имруз бисёре аз мардуми точикистон номи хонаводаи паёмбарро доранд, локин онхо чи хеле ба хама маълум аст ханафимазхаб мебошанбд.
шумо базе мазорхоро далел кардед , шояд буданд чанд нафаре, ки ба ягон шохахои шиа мансуб буданд, амммо якчанд нафар дар назди хазорхо балки милонхо нафаре ки ба мазхаби абуханифа мансубанд чи далел буда метавонад бар шианишин будани мамлакати мо??
шумо газали хуберо аз икбол зикр кардед , ки ба баркандани таасуб таргиб месозад , локин дар гуфтахои шумо таасуби зиёде ба назар мерасад. хуб мебуд таасубиро аввал аз худ бармекандед.
таманно дорам , ки дар суханони дигарон пуртахамул бошед ,зеро хакикат таlх аст


Ном: Umar аз: Iran
14.09.2008 16:59

Salomun alaikum bar barodaron va khoharoni ahli islom. Man dar in bahsi barodaron ishtirok karda guftani hastam,ki chi darkor hast in hama ikhtilofu badbini nisbat ba barodaroni khudaton. Mo musalmonon hama barodar va khoharem. Chunneki khovand dar Quroni azimushsha'n mefarmoyad " INNAL MU'MINUNA IKHVAH" Yane musalmonho hama barodarand. Charo mo imruz gireboni yakdigarro girifta ba khotiri yak chand masalahoi juz'i baini khud ikhtilof andozem va mo imruzho onqadar sargarmi ba in chizhoi nochiz shudaem ki aslro az yod burdaem. Masalan salafi omada meguyad "MO BOYAD DASTHOYAMONRO BA BOLOI SINA GUZOREM, POYHOI MO BOYAD BA ANDOZAE BOZ BOSHAD,KI YAK GUSFAND AZ MIYONI POIHOI MO RAD SHAVAD' Barodaroni shia omada ba mo meguyand: " HOFIZ , SADI, UMARI KHAIYOM SHIA BUDAND " hol on ki in voqeiyat nadorad ki in buzurgavoron shia budand. Hamai buzurgoni forsu tojik suni va pairavi Imomi a'zam budand va mazhabi shia dar zamoni SAFAVIHO bo zuri shamsheri Muhammad ismoili Safavi rivoj paido kard. Az in ki Shiaho meguyan , ki Mo sunniho ba buzurgavoroni ahli baiti janobi Rasululloh ehtirom nameguzorem in harfashon galat va ishtiboh ast. Mo barodaroni sunni ba Rasuli khudo , ahli bait, ashobi payombar va tobein ehtiro qoilem. Ba barodaroni salafi ham guftani hastam ,ki agar shumo voqean mekhohed ba islom khidmat kuned biyoed az tariqi mazhabi imomi A'zam ba islom khidmat kuned va on amalhoe,ki imrus dar baini mardum khurofot ast az bain bibared. Agar shumo in korro kuned muvaffaq meshaved . Chun ki shumo bo mazhabi hanafi faqat sari chizho juz'i ikhtilof dored va khudro pairavi salafi donista meguyed,ki mo haqq hastem va durustarin raviya mo hastem. va shumo inro bidoned,ki mardumu mo 1300 sol hast ki pairavi Imomi A'zam hastand va vaqte ,ki shumo megued ki mo haqq hastem baroi in madum tahamulash sakht ast. Chunki shumo Mazhabi imomi A'zamro zeri suol mebared va in amalhoi shumo boisi fitna dar baini mardum meshavad va shumo khudaton ham khub medoned,ki khudovand dar quron baroi fitna chi guftaast: KHUDOVAN MERAFMOYAD KI " ALFITNATU ASHADDU MINAL QATL"
Khudovand mefarmoyad ki"FITNA BADTAR AZ QATL AST'
Shumo barodaroni salaf imruz onqadar az hadis va salafi soleh suhbat mekuned ki Quronro faromush kardaem,ki Khudovand chi meguyad. Barodaron va khoharoni musalmon Biyoed dar rishtahoi mukhtalif dars khonem va fardo baroi jomeai Tojikistoni aziz khidmat kunem. Mo mushkilot ziyod dored biyoed barodaroni musalmon agar khidmat kardan ham natavonem, mushkilofarin naboshem. Shumo mutmain boshem ki in hama kori dushmanoni islom ast mekhohand,ki dar baini misalmonon ikhtilof andozand va khudashon hukumat kunand. Misli vahobiho ki Anglya onhoro durust kard va bar ziddi khilofati Usmoni shuronid. Man duo mekunam ki shumo ham az on dastparvardahoi kishvarhoi garbi naboshed. Khudo yoru madadgori shumo!


Ном: Ali аз: Gerqatol
13.09.2008 18:13

SALOM DUSTON
HADYA BA QALANDAR
BARODAR QALANDAR TU MOSHOOLOH HAMAI BUZURQONI SUNNIRO NAMEDONAM BO KADOM DALEL SHIA (ROFIZI) EELON KARDAI? CHARO AZ SUKHANHOI ONHO YAK DALELE HAM NAOVARDAI KI MISLI SHIAHO (ROFIZIHO) SAHOBAHORO DASHNOM DODA BOSHAND TO KI SUKHANI SHUMO QABUL SHAVAD
BUBIN FIRDAVSI DAR SHOHNOMAASH CHI MEQUYAD.

KI KHURSHED BAAD AZ RASULONI MEH
NATOBID BAR KAS ZI BUBAKR BEH
UMAR KARD ISLOMRO OSHKOR
BIOROST QETI CHU BOQI BAHOR
PAS AZ HARDU ON BUD USMON QUZIN
KHUDOVANDI SHARMU KHUDOVANDI DIN
CHAHORUM ALI BUD JUFTI BATTUL
KI URO BA KHUBU SITOYAD RASUL.


ABDURAHMONI JOMI MEFARMOYAD:

KHOSA OLI PAYOMBARU ASHOB
K-AZ HAMA BESHTARAND DAR HAR BOB
V-AZ MIYONI HAMA NABUD HAQIQ
BA KHILOFAT KASE BEH AZ SIDDIQ
V-AZ PAI U NABUDAZ ON AHROR
KAS CHUN FORUQ LOIQI IN KOR
BAAADI FORUQ JUZ BA ZINNURAIN
KORI MILLAT NAYOFT ZINNATU ZAIN
BUD AZ HAMA BA ILMU VAFO
ASADULLOH KHOTIMI KHULAFO
HAMA OSORO VAHI DIDA AZ U
HAMA ASRORI DIN SHUNIDA AZ U.


BARODARONI AZIZ BO SABABI KAM BUDANI VAQT MAN FAQAT AZ IN DU SHOIR SHEERHOYASHONRO ZIKR KARDAM VAQARNA HAMAI IN SHOIRON DAR VASFI ASHOBI PAOYMBAR SHERHO NAVISHTAAN INB BUD CHAND MISRA SHEERHOE KI AZ IN DU SHOIRI BUZURQ DAR BORAI KHULAFOI ROSHIDIN BAROI SHUMO PESHKASH KARDAM VA IN BA HAMA MAALUM AST KI SHIAHO BO KHULAFOI ROSHIDIN BA QAIR AZ HAZRATI ALI (DAR ZOHIR)CHIQADAR DUSHMANII ZIYOD DORAND VA DASHNOM DODANI KHULAFOI ROSHIDINRO IBODAT HAM MEDONAND
AKNUN MAN ISBOT KARDAM KI IN SHOIRON SHIA NABUDAAND AZ QALANDAR KHOHISH MEKUNAM KI SUKHANHOI PUCHU HAVOI NAZANU VAQTO KI SHAKHSERO BA KADOM DINE YO MAZHABE MUARIFI MEKUNI BOYAD DALEL DOSHTA BOSHI VAQARNA FAQAT HAMONQADAR MEKUNI KI KHUDATRO SHARMANDA MEKUNIVU BAS
ASLAN MAN BAHSHOI SHUMO SHIAHORO BO BARODARI AZIZ ABUANAS KHONDA BUDAM MAN SHUMORO KHUB MESHINOSAM AQAR ZURATON OMAD SHURUU MEKUNED BA TUHMATU TAVHIN DIQAR KORE NADORED AZ BARODAR ABUANAS KHOHISH MEKUNAM KI AQAR VAQT DOSHTA BOSHAND DAR INB BAHSHO MUSHORIKAT KUNAND
IN CHUNIN AZ KORKUNONI SAITI OZODI KHOHISH MEKUNAM KI AQAR IMKONIYAT BOSHAD IN NOMAI MANRO BO KHATI KIRILI CHOP KUNAND


Ном: Zuhuridin аз: Misr
13.09.2008 17:07

OE DAR TOJIKISTON TAMOMI UMURI FARHANGI DAR DASTI ERON AST ?
OE BARKHURDORI EMOM BUKHORIRO KI YAGON MAZHABI SUNNI KHADAMOTI VOLOI URO INKOR NAMEKUNAD MESHINOSAD ?
E SHINOKHTAN HAM NAMEKHOHAD.
SALAFIYA GUFTA MO BUZURGONI KHUDRO HAMCHUN BUKHORIU TIRMIZI VA ABU HANIFA IBNI HANBALU IBNI TAYMIYA
VA DIGARON OLIMONI SUNNIMAZHABRO MEGUYAND.
OE BARKHURDORI IBNI KASIRU IBNI HAJARU
IMOM ZAHABIRO MESHINOSAD E SHINOKHTAN HAM NAMEKHOHAD ?
OE KASE AZ AHLI SUNNATU JAMOAT LHIDMATHOI IN BUZURGONRO INKOR MEKUNAD?
PAS SALAFIYA NA ON IGVOGARONE HASTAND KI AZ PASI SHUHRAT DAVIDA HADAFHOI GARAZNOKI KHUDRO BO HADAFHOI NABILI ISLOM OMEKHTA MEKUNAND. VA SABAB MESHAVAND KI MUSULMONON AZ NIYOGONI BUZURGI LHESH KANDA SHAVAND.
BOYAD TAMOMI MUSHKILOTU TAFRIQARO BO ROHI MUSOLIMATOMEZ HAL KARD VA DAR TOJIKISTON NA DAR RIEZU TEHRON


Ном: qalandar аз: dushanbe
13.09.2008 13:10

Гуянд ки пайгамбари мо рафт зи дунё
Меъроси хилофат ба фалон доду ба бахмон,
Харгиз малике мулк ба бегона надодаст,
Рав дафтари шохони чахон нек ту бархон,
Бо духтару домод писари амм Наби хам,
Мерос ба бегона дихад, хеч Мусалмон?

Носир Хусрав.
Аз Рудаки шунидам зи устоди шоирон,
Бар хеч мазхабе магарав чуз ба фотими.

Хофиз агар кадам зани дар рахи хонадон ба сидк,
Бадракаи рахат шавад химмати шахнаи Начаф.
Хофиз.
Шери худову Рустами дастонам орзуст
Икбол
Ашъори Руми, Саъди Санои Аттор,Хилоли Фирдавси саршор аз мадху санои АХЛИ БАЙТ аст.
Рудаки Фирдовси Сино Н Хусрав Хилоли ва бузургони дигар махз ба хотири Пайрави Хонадон буданашон курбону таъкиб шуда буданд на ба хотири орёи ё форсигу буданашон. Ними мардуми чануби мамлакат Номи Хонадони Пайгамбарро доранд ки бар чизе далел аст. Аксари Мазорхои таърихи мутаалик бар Ахли байт аст. Ин далелхо бар онанд, ки ватани имрузии мо ватани шиъа низ аз кадим будааст Пас аз кучо манба мегирием ки Шиаро ё Иронро душмани худ ва ватани хеш медонем ки имруз салафи бар ин акида аст? Оё онхо казовати кофириу мусалмонро аз салохияти Худованд ба тасарруфи худ гирифтанд? Ватангаро бошему миллатгаро бехтар нест ки махалгаро бошему мазхабгаро. Замони мухочират дидем хам муносибати хаммазхабхоямон Толибинро ва иронихои гайрмазхабро . Пас дар ду мазхаб будан маънии душман буданро надорад. Бахс тулонист аммо Тахаммул ва чандандеширо пазируфтан бехтар аст...Хуб мешуд таърихи миллатамонро бо чашми боз мехондем на аз тарики таассуби мазхаби.

Таасуб дар дили аквоми чохил накш бар сангаст,
Худоё сангро бишкан ва ё ин накшро баркан.
Икбол


Ном: abdullo аз: dushanbe
11.09.2008 10:46

салом
бародарони суниву шиа; ин икхтилофи шуморо душманонатон мебинанду механданд ,ва боз масхаратон мекунанду мегуянд, ки мо ин мусалмононро дар байнашон ихтилоф ечод кардем , имруз худашон худашонро нобуд мекунанд.
бародарон , миллат гарк шуда истодааст шумо бошед дар чи кор машгулед! моро ба ана хамин ихтилофи бефойда машгул карданду худашон дар фикри пешравианд, бародарон пешрави кунед, илм омузед. танхо илм моро ба пеш хохад бурд.


Ном: MuslimTajik аз: USA
11.09.2008 02:47

Salom,
In salafiyaash boz az kujo paydo shud? dar dini Islom chahor mazhab bud xalos.
Namedonam to kadom andoza durust ast, shunidam ki in nav'i salafiya bo pardoxt va kori nihoiyi mamlakathoi gharb qasdan tashkil karda shudaast baroi ighvovu fitnayi doxila bayni musulmonon.
Mardumi nodon va sodda fireftai harguna raviyaho meshavand.
Naboshad, dar 14 asr salafiya nabud, az kujo paydo shud.
Haqiqi yakto hast: SUNNI !

Шарҳҳо 1-10 (of 23)
Ҳаҷми матн