Минтақаҳо

Қурғонтеппа: Домоди чиноӣ

05.09.2008

Мақомоти Қўрғонтеппа дархости чанд шаҳрванди давлати Чинро барои издивоҷи расмӣ бо шаҳрвандони Тоҷикистон рад кардааст.

Тибқи иттилои манобеъи расмию ғайрирасмӣ, дар соли равон беш аз 20 шаҳрванди Чин, ки дар маркази маъмурии вилояти Хатлон ба соҳибкорӣ машғуланд, аз шўъбаи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии Қўрғонтеппа хоҳиш кардаанд, никоҳи онҳоро бо хонумҳои тоҷикистонӣ ба қайди давлатӣ бигиранд, аммо ба дархосташон расидагӣ нашудааст.

 

Маърифатпочо Навкарова, мудири мудири шўъбаи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии Қўрғонтеппа, дар шарҳи сабаби ради дархости чиноиҳо гуфт: «Ба андешаи мо, барои чиноиҳои муқимӣ никоҳи расмӣ бо шаҳрвандони Тоҷикистон лозим нест, онҳо танҳо мехоҳанд хона дошта бошанду озод гаштугузор кунанд. Хонумҳои мо барояшон мисли як пешхидмат ҳастанд. Мо медонем, ки ҳоло ҳам бисёре аз бонувони тоҷик бо чиноиҳо ҳамзистӣ доранд. Агар бо муҳаббат бошад, боке нест, аммо рўшан аст, ки онҳо қурбони фиреб ва қурбони вазъи сангини иҷтимоӣ шудаанд ва барои луқмаи ноне барои издивоҷ бо чиноиҳо розӣ мешаванд. Мо чунин никоҳро ҷоиз намедонем…»

 

Дар шаҳри Қўрғонтеппа бозори мавсум ба «Атуш» мавҷуд аст, ки дар се соли қабл бо ташаббуси соҳибкорони чиноӣ, аксаран уйғурҳои Чин, бунёд шуда ва маскани аслии чиноиҳо маҳсуб мегардад. Даҳҳо ва шояд беш аз сад шаҳрванди Чин дар ин бозор машғули тиҷорат аст ва шумори афзуни хонумҳои узбактабори Тоҷикистон бо иддае аз онҳо ба сифати ёвару тарҷумон кор мекунанд. Аз ин миён танҳо се тоҷири чиноӣ бо ҳамсару фарзандонашон омадаанду дигарон муҷаррад будаанд.

 

Тоҷирони уйғурӣ нахостанд бо мо дар мавриди издивоҷ бо хонумҳои тоҷикистонӣ сўҳбат кунанд. Аммо Муҳаббат, ёвари яке аз тоҷирони чиноӣ, мегўяд: «Ду сол аст, ки бо ҳамин уйғурҳои чиноӣ ҳамкорӣ мекунам, онҳо безан ҳастанд, зангириашон душвор, то ба синни 30-ю 40 мерасанд ва муҷарраданд. Ба ҳар ҳол, инҳо муваққатан дар Қўрғонтеппа кор мекунанд, шартномаашон барои 15 сол аст, бо гузашти 15 сол онҳо ба ватанашон бебозгашт бармегарданд, чаро занҳои мо бо онҳо ҳамтақдир шаванд?!»

 

Ва аммо Майрамбӣ ном хонуме дар сўҳбати сарироҳӣ иқрор кард, ки бинобар тангдастию нодориаш омода аст, бо шаҳрвандони чиноӣ, ки ҳамакнун ба сабаби тиҷорат ва сохтмони роҳу нақбҳо шумори онҳо дар Тоҷикистон зиёд шудааст, издивоҷ намояд: «Уйғурҳо ҳам мусалмонанд, бандаи Худоянд ва агар касе аз бонувон бихоҳад бо онҳо издивоҷ кунад, бояд мудохила накунем. Ман ҳам зид намебудам, агар инсони хуб бошад, муҳим зиндагиро пеш бурда тавонад…»

 

Дар ҳамин ҳол, як мақоми давлатӣ, ки нахост номаш ифшо гардад, гуфт, аксар аз шаҳрвандони чиноии ҷалбшуда ба сохтмонҳо ва умури тиҷорат дар Тоҷикистон, дар кишвари худ доғи судӣ ва ё ҳамсару фарзанд доранд.

 

Аммо қонунгузории Тоҷикистон никоҳи омехта, яъне издивоҷи шаҳрванди ин кишварро бо атбоъи хориҷӣ манъ намекунад. Барои никоҳи расмӣ бо шаҳрванди Тоҷикистон, табааи хориҷиро мебояд аз ватанаш танҳо як маълумотнома дар бораи муҷаррад буданро биёрад ва ҳамагӣ 50 сомонӣ боҷи давлатиро пардохт намояд.

 

Ҳамин гуна, дар ҳашт моҳи соли равон дар Қўрғонтеппа 268 никоҳи омехта, асосан бо шаҳрвандони Узбакистон, Афғонистон, Эрон ва Русия ба қайд гирифта шудааст. Аммо мақомот иқрор мекунанд, ки дар пайи ҳамзистӣ бо чиноиҳо бонувони тоҷик соҳиби фарзанд ҳам шудаанд, вале дар шаҳодатномаи қайди таваллуд худро модари танҳо унвон кардаанд. «Онҳо шарм медоранд, дар шаҳодатнома падари чиноӣ доштани фарзандашонро сабт кунанд», - мегўянд масъулини шўъбаи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ.

 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-10 (of 31)
Ном: zakariyo аз: dimishq
23.09.2008 23:52

salomu alekum ba khonandagoni muhtaram,ajib fkradored, khudaton barassiya rafta zan girifta metaboned,charo inho nametabonand.bale agar az rui qonuni islom girem,dukhtar musulmon boshad pisar ghaeri on,in dar islom joiz nesat,zero,ki muslmon ghaeri musulmonro girita nametabonad.man dar in korho haeron hastam,ki dukhtari musulmon ghaeri musulmonro megirad, beghaeri nikohi islomi,va innnikohi hukumati meguyand inham ghari islom ast.man namedonad,ki charo ulamoidin chize nameguyand,ki nikohi hukumati qatiizdivoj kardan joiz ast,yo na,lekin ulamohoio mo va javonone,ki davoi islomi mekunand khomush astand.agar bahs dsar borai digar chi boshad az quron dalel peshmekunadnd, vale darin bora aqlro pesh mekunand.agar mo az rui shariat girem in nikoh nest ,agar nikoh naboshad dukhtri musulmon dar inkhel inkoh hukmash chimeboshad.inro fikur namekunand. va mo har shakhsro,ki LAILAHA ILALOH MUHAMMARAR RASULULLOH.(S) inro musulmon gufta nametabonm.matlabi man in nest, ki man in shakhshoro musulmon namedonam , zeroki in kalima chand shurut dorad,ki bashurut hoi vae amal kardan darkor ast.va har shakhse,ki inkali maro bikhonad vale hech guftai allhro va guftai paeghammbarshro amal nakunad va poieband bau nest boz mo uro musulmon guyem,hargiz na.agar maqsadi in apai ialomi baroi mansab boshad yo az rui faqiri ,ki ba in shakhs izduvoj kardast va man bain apai islomi chand guftani doram,ay apai islomi vale namedonam,ki dar islom hasti yo na, in rizqi ruziyat az vaqte,ki badunyo meoyi dar pshoniyat navista shudagi, in nakam meshavad na ziyod,agar chi tu ba mansabdor izdivoj mekuni tu inrizqata mebini,va agar chi ba shakhsi beman sabkuni hamin rizqata mebini ,nakam na ziyod,lekin baroi man sabu yo faqiram gufta dinata nafursh,va alloh in dukhtarhoro hidoyat mkunad.va in guftai man nabroi dukhtarhost, baroi javonhoyam hast,ki badiga mulkrafta dukhtarhoi ghaeri musulmonro megirand.


Ном: анварчон аз: исфара
23.09.2008 07:35

Оиди хонадоршавии занхои точик бо мардуми ЧИН .Ин масъала яке аз масъалахое,ки бояд дар парламент дида баромада шавад,вале ПАРЛАМЕНТИ имрузаи Точик ин масъаларо дада барояд хам хулосаи лозими бороварда наметавонад.Барои он ки дар парламент 70% шахсони хастанд,ки маърифат ва дониши баланди точикона надошта афсус ки хастанд-онхо дар асл ватанпарвар нею баракси хол хастанд.точикони ОКИЛУ ДОНО дар канору беаклу бефаросот дар сари курси.Аз ин лихоз пеши ин коррро гирифта намешавад ва тозагии миллатамон дар хатар аст.Рохи ЧИННИ,РУССИЯви Е АМЕРИКОро бояд интихоб кунем.Набошад дигар рох нест Рохи точикона факат дар он вакт мешавад,ки дар асл аз руи вичдон агар интихобот гузарад ва ба хамаи вазифао мардум интихоб кунад вазифадорон дар назди як рохбар нею дар назди мардум хисобот дихад баъд мумкин.......


Ном: abdullo аз: dushanbes
20.09.2008 04:24

салом
ба кактус
суханатон кобили кабул аст.


Ном: Vali аз: Kurgon-teppa
18.09.2008 20:24

Hoshimjon barodar MAn ba fikri shumo rozi

Dar dunio az dastai in chashmdangho yagon millati tozza namondaast

dukhtaroni nodon okhir onho hamaashon az zindon omadaand na insof doran na madaniyat
KHudoi buzurg ba dukhtaroni tojik insof dihad


Ном: ХОШИМ аз: дУШАНБЕ
15.09.2008 11:46

ман як шахрванди Точикистони аз шунидани ин ахбор аз хад зиёд андухгин шудам чун ки ояндаи аз байн рафтани миллат аз мадди назар дур нест, хоиш мекардам аз макомотхои болоии давлати оиди ин масала чиддитар назар андозанд.Хохиш мекунам афсус хун ифлос мешавад насли ориёи аз байн меравад тухми мангету, турк, чиноиву милатхои бегона фаро мегирад


Ном: Бурхон аз: Мюнхени лаби Майн
15.09.2008 11:25

Салом ба хамаи шунавандагон
Вкеъан ин масъала яке аз масъалахое аст, ки такдири миллати Точикро, миллате дар тули асрхои зиёди сипари шуда факкат ранчу азобу, факкат хориву зориро аз сар гузаронидааст хал хохад кард. Ин мавзуъ бояд дарди дили хар як фарди сохибватан бошад. Ман мехохам ин масъала дар сатхи макомоти ичроия ва макомоти конунгузор хал карда шавад. Дар макомоти ичроияи давлат хукумати Чумхурии Точикистон ва дар макомоти Конунгузори Чумхурии Точикистон мухтарам вакилони интихоб кардаи мову шумо ба халку ватан хизмат мекунанд, дустони азаз. Ман хайроонам чаро имруз онхо хомушанд.


Ном: Кактус аз: Бразилия
14.09.2008 12:59

Бани одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавхаранд!

Салом хамватанон. Мебинам мавзуъ хело гарму чушон аст. Пеш аз он, ки мулохиза ронем, биёед масъаларо хаматарафа бинем.

1. Мафхум. Чини гуфта мо киро дар назар дорем. Чин кишварест бузургу васеъ. Дар он беш аз 54 миллату кавмиятхо зиндаги мекунанд, мин чумла точикону русхо хам (ин ду миллат танхо халкхои аврупоии Чин мебошанд). Аксари мардуми мо чини гуфта, миллати «хан»-и Чинро дар назар доранд. Биёед, барои амиктар шудани воча "чини» неву, «хан» гуем.

2. Дин. Ислом динест, ки бегонаситезиро (ксенофобия) намеписандад. Бале, шартхои шариати мавчуданд, ки онхоро бояд риоя кард. Вале ин маънии онро надорад, ки хар ки аз Чин бошад, «ачузу мачуз», кофару мишрик бошад. Дар Чин 10 миллати мусалмон ба шумораи назики 21млн нафар зиндаги мекунанд (се Точикистон!).

3. Миллият. Дар боло гуфтем, ки дар Чин точикхо хам хастанд. Ба гайр аз ин, миллатхое дигар низ ба монанди узбаку кыргыз, казоку уйгур хастанд, ки дар кишвари мо таърихам маскан ихтиёр кардаанд. Агар сухан дар бораи "тозагии» миллат меравад, пас аввал бояд муайян кунем, ки «тозагии миллат» худаш чист.

4. Дехкадаи глобали. Имруз дар дунё чараёнхое чо доранд, ки сади онхоро гирифтан чизе магар беакли нест. Тундтарин ва шадидтарини ин просесхо «дехкадашавии чахон», маъруф бо исми Глобализация мебошад. Точикистон хам аз дундбоди глобалазация дар амн нест, магар ки дар чангалхои каснагузари Амазонка бошад. Ин хама издивочу наздикваши натичаи хамин процессхо мебошанд.

5. Амнияти милли. Мавзуе, ки ин чо бисёрихо мехоханд матрах кунанд, вале намедонанд чи тавр онро номгузори кард – ин амнияти милли аст. Бале, чун як кишвари сохибистиклол мо хак дорем (балки муваззафем), ки руи амнияти миллии худ фикр кунем. Дар боло дуруст кайд карданд, бояд чорахое андешид, ки рузе Точикистон музофоти Чин нашавад. Вакте ки дар ин бора сухан меронем, хама дигар масъалахои болои (миллияту дин ва дигар) дарачаи дувум касб мекунанд. Барои ин аз хозир чорахо андешид. Чиноихо, яъне шахрвандони Чин (чи хану чи точик) дар хар кучои дунё набошанд мисли суск (нонхурак, таракан) ончо чо ёфта, охисти-охиста хамаро «забт» мекунанд. Ин стратегия дар хамаи кишвархои осиёи чануб, шарку чануб (Таилан, Малайзия, Индонезия, Бутан ва хоказо) дар садсолахои охир (!) самаранокии худро нишон додааст. Чои шак нест, ки ин стратегия хануз побарчост. Барои мисол, имрузхо кишвархои Аврупо, ба хусус Италия ва Испания, бо мушкилии чинихо ру ба ру шудаанд.
Дар поён realist баъзе аз чорахоро, ки метавонанд сади рохи чунин як стратегия Чин шаванд, кайд карданд. Бадбахтии мо дар он аст, ки болонишинони кишвари мо бо ду тангаи харром, миллат он су истад, чони худашонро мефурушанд. Ин хам дар холе, ки чинихо омодаанд миллионхо миллионхо барои чо ширифтан пардохт кунанд. Пас, чи бояд кард? Чавоб яктост: хисси ватандориро дар зехни мардум бояд бедор кард, на хисси бегонаситезиву националистиро.


Ном: Махмуд аз: Москва
13.09.2008 23:25

Хохем нахохем панч дах сол пас Хитой хамаи дуньеро мегирад. Барои хамин то чанде метонем бояд бо хитоихо дусти кунем. Дуюм ки, барои гап задан аввал худамонро бояд дар ойна нигох кунем баъд гап занем. Мо хозир дар назди тамоми чахон хеч кас нестем. бо ба хамин нигох накарда и гапзании мора бин. Набояд, нашояд. чи хитоихо одам нестанд?


Ном: Фаррух аз: Хучанд
12.09.2008 09:41

Духтарони точик бояд шарм кунанд,онхо хаёл намекунан,ки ин чинихо мераванд!


Ном: Фаррух аз: Хучанд
12.09.2008 09:31

Ман хам як шахрванди Ч,Т мехохам ба кайд додани занхои точикистон ба Чинихо манъ шавад зеро ин азруи инсонгари нест,ки хохархои точики худро дидаю дониста бо дасти чинихо бидихем ман зид хастам

Шарҳҳо 1-10 (of 31)