Тоҷикистон

Ҷаҳон Қурбонов аз сабқат ихроҷ шуд

19.08.2008

Ҷаҳон Қурбонов, умеди дигари Тоҷикистон барои медалҳои олимпӣ дар як қадам аз дарҷи исми худ дар таърих бозистод.

Хабарнигори Радиои Озодӣ Нарзуллоҳи Латиф аз Пекин хабар дод, ки муштзани тоҷик дар даври чаҳорякниҳоии сабқати муштзанҳо дар вазни то 81 кило дар рақобат бо намояндаи Қазоқистон Еркебулан Шиналиев барои газидани китфи рақибаш аз идома додани сабқат маҳрум ва аз бозӣ ихроҷ гардид.

Сухангӯйи Конуни Байнулмилалии Муштзанӣ, Ричард Бейкар гуфт, барои ин рафтор Қурбонов ҷазои иловагӣ нахоҳад гирифт, ҳарчанд дар ин маврид низомномаи конун талаботи шадид дорад.

 

Ҷаҳон Қурбонов дар аввал ҳунарнамоии хуб кард ва шумори холҳояш бештар аз рақибаш будааст. Баъдан, ҳисоб баробар: шаш бар шаш шудааст. Ҳодисаи ногувор дар ҳоле ба амал омад, ки то поёни даври саввум 17 сонияи дигар монда, ҳисоб 12 бар 6 ба нафъи муштзани қазоқ буд. Шиналиев китфи хуншорашро ба доварҳо нишон дод ва онҳо сабқатро қатъ ва муштзани қазоқро пирӯз эълон карданд.

Вале Бейкар мегӯяд, китфи Шиналиев хуншор нагашта, доғи хун мумкин аст аз рӯйи кафидаи Қурбонов ба китфи рақибаш нақш бастааст.Ҳамчунин Қурбонов дар ҳоле ба газидани рақибаш айбдор шудааст, ки гази пластикии ҳифзи дандонҳо дар даҳонаш будааст.

 

Ҳамакнун, намояндаи Қазоқистон дар даври ниманиҳоӣ бо намояндаи Чин рақобат хоҳад кард. Ба ин тартиб, аз 15 варзишгари Тоҷикистон то имрӯз 13 нафар сабқатро ба анҷом расониданд.

 

Фардо, 20 август, Анвар Юнусов дар вазни то 51 кило бар муқобили муштзани тойлондӣ ба майдон хоҳад баромад.

 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-5 (of 5)
Ном: ГАРИБ аз: ПИТЕР
20.08.2008 11:34

Олимпиада барои мамлакатхои ки зиндагииашон 100%-фоиз дуруст рост меояд на инки ба мардуми кашшоку -гуруснаи тоджик.
Олимпиада ин ГОРАТГАРИ НЕСТ ДАР ИН ЧО КОР КАРДАН ДАРКОР.бАЛЕ ИН АЗ ЧОИ ГИРИТАГИАШОН МАЬЛУМ АСТ.


Ном: Саъди аз: Хучанд
20.08.2008 10:12

Чахон умеди охирин буд. Дареги шикасти у.


Ном: Содик
20.08.2008 09:56

Иштирок дар Олимпиада ин худ як пирузист. Ахсан ба варзишгарони точик.


Ном: Сабохат аз: Душанбе
20.08.2008 09:51

Афсус, ки орзухоямон ба хок яксон шуду Чахон Курбонов хам шикаст хурд.Шояд баъди чахор сол боз 25 нафари маглубшударо дар Олимпиадаи тобистона бубинем... Эй вой. аз мост, ки бар мост. Кудратамон хамин кадар аст...Чи кунем, замин сахту осмон баланд... Камбагала болои Шутур хам САГ газидааст..


Ном: Диловар аз: Кулоб
20.08.2008 08:29

Афсус ....сад афсус

Шарҳҳо 1-5 (of 5)