Минтақаҳо

Таваллуди чаҳоргоникҳо дар Исфара

18.07.2008
Ибодат Неъматзода

Фирӯза Маҳмудова, сокини шаҳри Исфараи вилояти Суғд, дар синни 24-солагӣ чаҳоргоник таваллуд кард. Вай бо шавҳараш панҷ сол боз дар орзуи фарзанд буданд.

Фирӯза мегӯяд, аз безурриётии худ доимо хавотир буд ва тӯли ин панҷ сол пайваста табобат мегирифт. Вай меафзояд, «рӯзҳои хурсандӣ буд, рӯзҳои хафагӣ буд, хафа мешудам, ки барои чӣ ман фарзанддор намешавам. Мана имрӯз фарзандор шудам. Якбора Худо маро насиби чаҳор фарзанд гардонид. Ман худро хушбахт ҳис мекунам».

 

Табибон ҳангоми ташхис таваллуди се нафар кӯдакро пешгӯӣ карда буданд ва хурсандии Фирӯза ҳудуд надошт, зеро баъди панҷ соли бефарзандӣ якбора интизори се тифл буд. Аммо вай соҳиби чаҳор писарча гардид. Ва ба писарони навзодаш номи чаҳор ёри паёмбар - Абӯбакру Умар ва Усмону Алиро гузошт. Вазни чаҳоргоникҳо аз як килову дусад грам то як киллову ҳафсад грам мебошад. Падару модари навзодон аз оилаи камбизоат буда, Фирӯза дар ҷое кор намекунад. Юсуф, падари чаҳоргоникҳо кори доимӣ надорад ва тӯли ҳафт сол мешавад, ки дар Русия бо мардикорӣ машғул аст. Фирӯза мегӯяд шавҳараш баъди чанд муддат боз ба муҳоҷирати меҳнатӣ меравад, зеро дар шаҳри Исфара ҷои кори доимӣ надорад.  

 

Фирӯза Маҳмудова, модари чаҳоргоникҳо

Пизишкон мегӯянд, дар ҳоли ҳозир саломатии чаҳоргоникҳо хуб буда, азбаски вазни онҳо кофӣ нест, чанд муддат таҳти назорати табибон хоҳанд буд. Зӯҳро Исмоилова, мудири зоишгоҳ, дар ин маврид гуфт, «Кӯдакон мувофиқи ҳафтаи ҳомиладорӣ таввалуд шудаанд ва вазнашон майда, ки ҳаст, ҳоло табобат гирифта истодаанд. Ҳолаташон рӯз то рӯз беҳтар шуда истодааст. Ҳолати модарашон камтар вазнин буд, ҳозир беҳтар шудааст».

 

Таваллуди чаҳоргоник дар Тоҷикистон бори нахуст мебошад. Фирӯза мегӯяд, ба хотири тавлиди чаҳоргоникҳо раиси вилояти Суғд як гови ҷӯшоӣ ва ҳукумати шаҳри Исфара қитъаи заминеро ба онҳо ҳадя кардаанд. Аммо модари ҷавонро дар ҳоли ҳозир фикри нигоҳубини чаҳор кӯдакаш дар фасли зимистон нигарон кардааст, зеро  зимистони соли гузашта сокинони ин маҳал комилан аз барқ маҳрум буданд ва зимистонро дар хонаҳои сарду торик бо мушкилиҳо гузарониданд. 

 
 
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо 1-10 (of 25)
Ном: habibulloh аз: pokiston
28.07.2008 18:34

man khelo khursandam az in 4 nafare,ki ALLOH ba shumo nasib gardonida ast ALLOH umri darozu rizqi farozshon bidihad,va misli khulafoi roshidin dar ahkomi ILOHI qoimshon gardonad omin.Shoiri shirinzabon chi khush farmuda ast:
Charoghi masjidu mehrobu minbar,
ABUBAKRU UMAR USMONU HAYDAR.


Ном: Romin аз: Eugene city, Oregon
28.07.2008 04:58

Man khele shodam, ki imkoniyty khondani makolai shumoro daryoft kardam.


Ном: Nekrouz аз: Guangzhou
27.07.2008 10:54

Az ismhoi in chahor farzandi khonum Firuza maro khele khusham omad. Insho'Alloh onho ham misli Abubakr, Umar, Usmon va Ali (r)ashkhosi muaddab, donishmand, sabur, qadrdoni volidain va muslimin, khoksor, durandesh va albatta SHUKRguzori Alloh bishavand. Amin!


Ном: Шохона аз: Хучанд
26.07.2008 17:50

Ба номи Худованди бахшояндаву мехрубон. Апачон , Шуморо табрик мекунам ва орзуманди онам, ки Ягонаи Мехрубон шумою ахли оилаатонро дар панохаш саломату сарбаланд нигох дорад!


Ном: alijon аз: kulob:
25.07.2008 18:00

apai firuza.
gami ruzi maxur barham maan avroqi daftarro
ki xoliq pur knaad pesh az tifl pistoni modarro.
xudo moro ofaride va xudash moro ruzi medihad
agar ruzi dasti in hukumat bud mo kaiho murda budem .xudo farzandoni shumoro dar oyanda insonhoi komil bigardonad. ba shumo tabriq megam. ba sababi hamin farzandon shu inshoalloh bou ba davlat meshaved.lekin man hamchun barodar shumoro nasihat mekunam ki qadri in nematro bidoned va shukri xudoro ba vositai namoz xondan ba jo ovared.
shkri nemat nematat afzun knad
var nakuni az kafat birun knad. dar amoni xudo boshed.


Ном: muhammad аз: qohira
25.07.2008 12:12

salom ba hamai padaru modaron khoharu barodaroi tojikistoni man man guftani hastam nisbat ba in zani khushbakhtarin dar dune ki khudo farzandhooyashona umri darozu dar khizati dini islom guzaronand va hofizi kuron gardand va padaru modari khudro khor nakunand omin badan guftani hastam ki in chahorgonika behuda nest khudovand yakboridigar ba movu shumo nishon doda istodaast ki kodiri tamomi chiz hast be shak khudo kodir hast ba hama in ruzi khursandiro orzuvu tamanno doram khususan ba khudam


Ном: dilovar аз: tjk
24.07.2008 13:33

xudovan hofizi kuron bigardonashon


Ном: Хасан аз: Точикистон
24.07.2008 12:49

Пеш аз хама муборакбоди ба даргохи шумоен,
ва худованд кудаконро бо ризку умри дароз ва падарумодари содик дода бошад.
Хохари азиз аз он ки туро гами зимистон гирифтаст асло гамгин машав. Падару бобоени мо бе хамин хукумати сохтаву бе хамин дуруяхо ба воя расида ману туро калон кардаанд. Худованд еру мадагори туву фарзандони ту бод.
Аллоху акбар.


Ном: Follower
24.07.2008 05:14

Мехоҳам, ки таваллуди ин чаҳоргоникҳо паёми Илоҳӣ бошад, ки оғози рӯзҳои неки Тоҷикистонро башорат диҳад. Омин, Аллоҳу Акбар!


Ном: Беном
22.07.2008 07:07

subhonalloh khudo ba hamai chiz qodirai

Шарҳҳо 1-10 (of 25)