Тоҷикистон

Макотиби олӣ: Низоми нави қабули донишҷӯён

17.07.2008

Вазорати маорифи Тоҷикистон тасмим дорад, шурӯъ аз соли оянда тартиби қабули донишҷӯёнро ба макотиби олии кишвар тағйир диҳад.

Ин вазорат ҳадаф дорад, тартиби пешини имтиҳоноти қабули донишҷуёнро барҳам дода, воридшавии довталабон ба донишгоҳҳоро аз тариқи гузаштан ба системаи ягонаи санҷиши тестӣ роҳандозӣ кунад.

 

Абдуҷабор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон, мегӯяд, ин вазорат ҷиҳати гузаштан ба системи ҷадиди қабули донишҷуён дар садади ташкили  маркази миллии санҷиши тестӣ мебошад. Оқои Раҳмонов меафзояд, ҳукумати Точикистон дар хусуси таъсиси ин марказ қарори вижаеро ба имзо расонида ва вазорати маориф оинномаи ин марказро бо ҳамдастии созмонҳои байнулмилалӣ, монанди Барномаи Рушди Созмони Миллали Мутаҳид ва Созмони наҷоти кӯдакон, таҳия кардааст.

 

Ба қавли оқои Раҳмонов, то соли оянда ин марказ ташкил шуда, дар соли оянда қабули довталбон ба макотиби олии Тоҷикистон бо тартиби нав сурат хоҳад гирифт. Ӯ мегӯяд, вазорати маориф феълан дурнамои фаъолияти ин марказро таҳия кардаст ва қарор аст, номгӯи донишгоҳҳое, ки қабули донишҷӯёнро бо усули ҷадид анҷом медиҳанд, дар моҳи март ё майи соли оянда муайян хоҳад кард.

 

Оқои Раҳмонов меафзояд, вазорати маориф барои гузаштан ба тарзи ҷадиди қабули донишҷӯён кормандонашро дар кишварҳое, ки системаи ягонаи санҷиши тестӣ роиҷ аст, омӯзиш додааст. Ба қавли вай ягона мушкиле, ки барои гузаштан ба системаи ҷадиди қабули донишҷӯён монеъа эҷод мекунад, ин адами маблағ мебошад. У мегуяд,  барои ин  4 миллиону 600 ҳазор доллар зарур аст. Аммо мегӯяд, оқои Раҳмонов, вазорати маориф қасд дорад бо кӯмаки созмонҳо  ва кишварҳои донор ин маблағро дарёфт кунад.

 

Ин тасмими вазорати маориф дар ҳолест, ки тартибу низоми имтиҳоноти қабули макотиби олии Тоҷикистон аз замони шӯравӣ то кунун тағйири ҷиддӣ наёфтааст. Ва коршиносон мегӯянд, ки ҳангоми воридшавӣ ба донишгоҳҳои Тоҷикистон шаклҳои гуногуни фасод, монанди ришвахорию маҳалгароӣ густариш пайдо кардааст, ки ин ҳама боис ба нақзи ҳуқуқи довталабон ва костагии бовари ҷомеа ба қабули боадолатонаи донишҷӯён дар донишгоҳҳои кишвар шудааст.

 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-6 (of 6)
Ном: ГАРИБ аз: ПИТЕР
26.07.2008 12:03

Агар кабул ва санчиши донишчуен ба мактабхоли оли пулаки бошад -пас холати донишчуен баъди тамом кардан чи тур мешавад. Хол он ки дар мактабхои миена холати талабагон ба кадри кофи нест.
Хамаи муаллимони дуруст мактабхоро партофта дар Руссия мардикори мекунанд.
БА ХАМАИ ИН КИ ЧАВОБ МЕДИХАД ВА АЯНДАИ ХАЛКИ ТОЧИК ЧИ МЕШУДА БОШАД.Нисфи чавонон
навиштан наметавонад.Хуччат пур карда наметавонанд.


Ном: Шухрат аз: Хучанд
22.07.2008 11:01

Албатта ба системаи кабули тарзи нави донишчуён гузаштан аз манфиат холи нест, агар он ба хотири сифатнокии шахсияти донишчуёни точик бошад. Ва бояд ин система аз як марказ бо назорати комиссияи махсуси боваринок назорат карда шавад. Онгох донишчуён мутахссиси касби тайёр хоханд шуд.


Ном: оянда
20.07.2008 01:21

аввал ишками омузгоронро бо маоши саривакти сер кардан лозим. маоши муаллим имруз ба як халта орд 120 сомони намерасад. гардангафсхои боло иктисодиётро пеш бареду ба муаллим маошаш дар вакташ дихед - обуруи касби муаллимиро бардоштан лозиму чавононро хавасманд кардан лозим! бинед чавонон ба муаллими мехонанду баъд аз хатми донишгох рох ба суи русия на ба мактаб - дар мактаб маоши ночиз!


Ном: Дарвеш аз: Кургонтеппа
19.07.2008 10:13

Вакте ман ин тасмими вазорати маорифро хондам нисбати зиндаги ва ояндаи чавонони мо каме бовари хосил намудам, чунки ифлосии сохаи маориф ба хама маълум аст ва чавонони бомахорат аз сабаби надоштани маблаг дохил намешавад. дар чунин холат чавононе, ки донишу малака доранд акалан 50% чои худро меёбад. Ташакур мухтарам Рахмонов! Барои корхои пешгирифтаатон барор хохонем.


Ном: Firuz аз: bishkk
18.07.2008 16:17

In jo maksadi asosi hamon 4 millionu 600 hazor ast! Na markazi yagonai sanjish!!!


Ном: махмадулло аз: Душанбе
18.07.2008 10:11

ман ба акидаи окои Рахмонов рози хастам бигзор довталабони мо ба тарики тести имтихон супоранд

Шарҳҳо 1-6 (of 6)