Барномаи оянда


БА МО SMS ФИРИСТЕД!

Телефонҳои тамос бо Радиои Озодӣ 24 соат дар шабонарӯз дар хидмати Шумост:

(+992) 985 638 356
(+420) 725 037 943


Занг занед ё SMS фиристед.
 

 

 

 

 
 
 
 

 
 

facebook 

mymailru

Қурби сомонӣ

TJS / 
USD
4.3669
TJS / 
EUR
5.8810
TJS / 
RUB
0.1447
TJS / 
KZT
0.0295
TJS / 
UZS
0.0028

Қурб дар ҳоли тағйир аст.

Минтақаҳо

Ҳасани Асадуллозода дар шаҳри Хоруғ

Ҳасани Асадуллозода (аз чап) - дар майдони варзишии Хоруғ

15.07.2008

Ҳасани Асадуллозода, раиси «Ориёнбонк», бо як ҳайъати корӣ, ҷиҳати санҷиши сохтмони майдони варзишии Хоруғ ба ин шаҳр омад.

Ба гуфтаи манбаъҳо, пас аз шиносоӣ бо вазъи сохтмон раиси “Ориёнбонк” тасмим гирифтааст, ки барои ороиши майдони варзишӣ муодили 5 ҳазор доллари амрикоӣ маблағ ҷудо кунад. Гуфта мешавад, «Ориёнбонк» мехоҳад ҳамчунин дар лоиҳаҳои бунёди биноҳои нав дар «Гармчашма» ва меҳмонсароҳо дар Бадахшон саҳм бигирад.

 

Дар майдони варзишии шаҳр, ки сохтмони он идома дорад, 20-уми июл намоиши театрикунондашуда бо ширкати 2100 нафар хонандагону донишҷӯён ва бо ҳузури президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад.

 

Аксарияти ҳамсуҳбатҳои мо, ки қаблан раиси «Ориёнбонк»-ро дидаанд ва ё мешинохтаанд, тасдиқ карданд, ки воқеъан худи Ҳасани Асадуллозода имрӯз аз Хоруғ дидан кардааст. Вале бархе аз онҳо аз Ҳасани Асадуллозода будани ин шахс шубҳа карданд.

 

Бояд гуфт, ки шеваи сафари Ҳасани Асадуллозода аз сафарҳои қаблиаш фарқ дорад. Вай дар ин сафараш на дар меҳмонхонаи шаҳр, балки дар хонаи раиси бахши маҳаллии «Амонатбонк» ба сар мебарад.

 

Ҳангоми пайдошавии Ҳасани Асадуллозода дар майдони варзишии шаҳр бархе аз хабарнигорон хостанд бо вай сӯҳбат кунанд ва чунин ба назар мерасид, ки худи ӯ алоқаманди сӯҳбат бо онҳо буд, вале нафарони муҳофизи вай монеъи сӯҳбати раиси «Ориёнбонк» бо хабарнигорон шуданд.

Ҳаҷми матн - +

Тавлидот ва хадамот

ПодкастRSSОбуна Мобил