Барномаи оянда


БА МО SMS ФИРИСТЕД!

Телефонҳои тамос бо Радиои Озодӣ 24 соат дар шабонарӯз дар хидмати Шумост:

(+992) 985 638 356
(+420) 725 037 943


Занг занед ё SMS фиристед.
 

 

 

 

 
 
 
 

 
 

facebook 

mymailru

Қурби сомонӣ

TJS / 
USD
4.3669
TJS / 
EUR
5.8810
TJS / 
RUB
0.1447
TJS / 
KZT
0.0295
TJS / 
UZS
0.0028

Қурб дар ҳоли тағйир аст.

Тоҷикистон

Посух ба Додоҷони Атовулло

24.06.2008

Хабаргузории давлатии Тоҷикистон "Ховар" матлаби танқидиеро дар бораи Додоҷон Атовуллоев, раиси созмони ғайрирасмии «Ватандор», нашр кардааст.

Ин навишта  дар посух ба хабари дарҷшуда дар сайти centrasia.ru аст, ки мегуфт оқои Атовулло имрӯз бо ташкили нишасти хабарӣ дар шаҳри Маскав вазъи феълӣ дар кишварро ба хабарнигорон тавзеҳ хоҳад дод. Муаллифони матлаби мунташира дар сомонаи "Ховар" огаҳии оқои Атовулло аз вазъи кунунии кишварро ба ин далел,ки вай тайи солҳои ахир берун аз қаламрави Тоҷикистон ба сар мебарад, зери шубҳа гузошта ӯро бар нодида гирифтани пешрафтҳои замони истиқлолият таҳти раҳбарии президент Раҳмон мавриди интиқод қарор додаанд.Аммо Додоҷони Атовулло, ки хабари баргузории нишасти матбуотии ӯро дар Маскав дар таърихи 24 июн нашрияи «Комсомолская правда» низ мунташир кардааст, дар як тамоси телефонӣ бо Озодӣ гуфт, авзоъ дар Тоҷикистонро хуб медонад ва ҳадафи баргузории нишасти матбуотиаш дар шаҳри Маскав ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳолати бӯҳронии ватанаш ва ҳамзамон ба унвони раиси як созмони иҷтимоии сиёсӣ дархости истеъфои ҳукумати Тоҷикистон аст.

Тавлидот ва хадамот

ПодкастRSSОбуна Мобил