Archive

Абдуалӣ Қурбоновро қатл намекунанд

11.03.2004


Салими Аюбзод



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов рузи 11 март тасмим гирифт, ки ҳукми қатли Абдуалӣ Қурбонов ба иҷро нарасад. Созмони Авфи Байналмилал бо нашри як баёния гуфт, бо давъати он ҷомеаи ҷаҳонӣ, созмонҳои ҳуқуқи башар ва ҳазорон нафар аз шаҳрвандони оддӣ ба президенти Тоҷикистон муроҷиат ва аз у қатл накардани Қурбоновро дархост карданд.

Созмони Авфи Байналмилал меафзояд, аз парвандаи Қурбонов дар аввали моҳи март огоҳ шудааст ва сар аз чорум март ба у иҷрои ҳукм таҳдид мекард. Авфи Байналмилал ба ҳамаи онҳое, ки зери номаи зидди иҷрои ин ҳукм имзо гузоштаанд, изҳори сипос кардааст.