Ҷавонон

Фарзандони сарсон аз талоқи волидон

28.05.2008

Лолаи 25-сола чанде пеш аз шавҳараш ҷудо шуда, ва бо ду фарзандаш ба хонаи волидонаш баргаштааст.

Акнун ӯ кӯшиш дорад аз шавҳараш барои парвариши фарзандон кӯмаки молӣ ва қисме аз моликияти ӯро бигирад. Аммо Лоларо набарди ниҳоят тӯлонӣ ва сахте дар пеш аст. Мисли бисёре аз занону духтарони ӯзбак, Лола барои тақсими моликият метавонад танҳо ба раҳми шавҳараш умед бандад. Вай мегӯяд, мехоҳад барои ситонидани ҳаққи худ ба додгоҳ муроҷиат кунад, вале аз додгоҳи тулонӣ, пурҷанҷолу эҳсосӣ ва аз он ки дар ниҳоят додгоҳ ба нафъи шавҳараш анҷом меёбад, метарасад. Лола ҳоло афсӯс мехӯрад, ки чаро бо шавҳараш мувофиқатномаи ақди никоҳ набастааст.

 

«Фоидаи мувофиқатномаи ақди никоҳ дар он аст, ки шавҳарон пеш аз талоқ додан, ду бор фикр мекунанд. Онҳо кӯшиш нахоҳанд кард, ки занону фарзандони худро бе кӯмаки молӣ гузоранд, зеро медонанд, ки ҷудоӣ гарон хоҳад буд. Бе мувофиқатномаи ақди никоҳ онҳо осон аз занашон ҷудо мешаванд ва зани ҷавон мегиранд, айни замон зани пешина ва кудаконашон бесарпаноҳ мемонанд».

 

Тақрибан як даҳсола пеш, бо ислоҳи Кодекси оилаи Ӯзбакистон ба навхонадорон иҷоза доданд, ки мувофиқатномаи ақди никоҳ банданд. Бо вуҷуди он ки дар додгоҳҳо аксар вақт муҳокимаҳо ба нафъи шавҳарон анҷом меёфт, аммо мардони каме то кунун чунин мувофиқатномаро имзо мекунанд. Акнун мақомоти Ӯзбакистон барои расидагӣ ба ин мушкил роҳи наверо пеш гирифтааанд. Ҳарчанд дар Кодекси оила тақсими одилонаи молу мулк миёни зану шавҳари ҷудошуда тазмин дода нашудааст, вале мақомот кӯшиш доранд, то навхонадоронро моил кунанд, ки мувофиқатномаи аҳди никоҳ имзо намоянд. Аз ҷумла, Вазорати адлияи Ӯзбакистон маъракаи тарғиботии телевизиониеро баргузор карда, манфиати онро ба навхонадорон мефаҳмонад. 

Аммо Вазорати адлия дар андешаи худ низ ҳаст, зеро дар ҷомеаи мусалмонии Ӯзбакистон, ки талоқҳо зиёд шудаанд, додгоҳҳои нокофиву заъиф аз аризаҳои ҷудошавӣ лабрез шудаанд. Шаҳноза Камолова, корманди як идораи ақди никоҳ дар шаҳри Тошканд мегӯяд, мувофиқатномаҳои ақди никоҳ ба кам шудани кори додгоҳҳо кӯмак мекунад. Аммо, ба гуфти  Шаҳноза Камолова, ҷуфтҳо аз имзои мувофиқатномаи ақди никоҳ парҳез мекунанд, зеро дар он нишонаҳои бад мебинанд.

 

Зоҳиран, ҷалби таваҷҷӯҳ ба мушкили ҷудошавӣ ва тақсими моликият миёни ҷуфтҳо, аз тарафи ҷомеаи Ӯзбакистон тарафдорон пайдо мекунад. Нодира ном як бонуи 40-солаи ӯзбак мегӯяд, агар ҷуфтҳо мувофиқатномаи ақди никоҳ имзо кунанд, шавҳарон ба издивоҷу хонадорӣ бо ҷиддияти бештар муносибат мекунанд. Вазорати адлияи Ӯзбакистон мегӯяд, солона дар ин кишвар 18 ҳазор нафар расман издивоҷ мекунанд, вале бисёре аз хонаводаҳо аз ҳам мепошанд, зеро ҷавонон ба зиндагии оилавӣ омода нестанд. Рӯҳониён низ дар Ӯзбакистон ахиран аз афзоиши талоқҳо дар ин кишвар ибрози нигаронӣ мекунанд. 

Ҳоҷӣ Ҳусейнбой, муллое аз водии Фарғона мегӯяд: 

«Оилаҳои бисёре ҷудо мешаванд. Талоқҳо ниҳоят бисёр аст, зеро навхонадорон бисёр ҷавонанд, одатан 17-18 солаанд. Мо барои рушди кишвар ва субот ба мувофиқатномаи аҳди никоҳ ниёз дорем. Агар чунин мувофиқатнома имзо шавад, баъзе ҷавонон аз тарси он ки қисми пулашонро аз даст медиҳанд, аз талоқ парҳез мекунанд».

 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-2 (of 2)
Ном: siraj
10.06.2008 17:01

man ba xoharonam hamenro guftaneam ki agar xohand dar oyanda dar nazde shavharashon obruvu ezzar doshta boshand,zeod dars xonand va kushesh kunand ki dar zendage yagon kasbe doshta boshand.zanone ki elm va hunar nadorand,doemo dar nazde shavhar xoru zorand.ba voledaine duxtarho hamenro guftaneam ki agar xohed dar oyanda duxtaroton zinagee xub doshta boshand va dar nazde shavharoshon bo obruvu ezzat boshand,kushesh kuned baroe taleme dene va gaire denee onho.


Ном: Meхрубон аз: Душанбе
29.05.2008 18:34

Man mehoham dar in bahs ishtirok namoyam

Шарҳҳо 1-2 (of 2)