Тоҷикистон

Ёздаҳ соли зиндон барои заминфурӯшӣ

26.05.2008

Ҳасан Азимов, собиқ раиси корхонаи паррандапарварии ноҳияи Рудакӣ бо айби фурӯши ғайриқонунии замин барои ёздаҳ сол равонаи зиндон шуд.

Маҳмадалӣ Юсуфов, сухангуи Додгоҳи олии Тоҷикистон мегӯяд, Ҳасан Азимов ҳамчунин дар бисёрзанӣ ва сӯистифода аз мақом муҷрим дониста шуд. Сухангӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳамчунин афзуд, додгоҳ дар баробари оқои Азимов ҳамдасти ӯ Файзалӣ Каримовро дар содир кардани ҷинояти фурӯши ғайриқонунии замин муҷрим дониста, барои панҷ сол аз озодӣ маҳрум сохт.

 

Ин дар ҳолест, ки тақдири 400 хонаводаи ҷамоати Зайнабободи ноҳияи Рудакӣ, ки қитъаи замини манзили зистро бо мусоидати Ҳасан Азимов, аз ҳудуди фабрикаи паррандапарварӣ харидорӣ кардаанд, норушан боқӣ мондааст. Зеро Додситони кулли Тоҷикистон фуруши қитъаи замин барои манзили зист аз ҳудуди корхонаи паррандапарварии ноҳияи Рӯдакӣ ва асноди манзили ҳудуди 400 хонаводаро ғайриқонунӣ дониста, иддаои тахриби ин манозил ва ба корхонаи мазкур баргардонидани қитъаи заминро дорад. Бобобоҷон Бобохонов, додситони кулли Тоҷикистон дар нишасти ахири хабарии худ дар ин маврид мегуфт, агар додгоҳ Ҳасан Азимовро дар фуруши ғайриқонунии таҳияи асноди қалбакии қитъаи замини корхонаи паррандапарварии ноҳияи Рӯдакӣ гунаҳкор ҳукм кунад, пас манзили сокинони дар ин минтақаи корхона манзил бунёдкарда низ ғайриқонунӣ дониста ва тахриб хоҳад шуд.

 

Аммо қаблан, то содир шудани ҳукми додгоҳ дар муқобили афроди муттаҳам дар фурӯши ғайриқонунии қитъаи замини корхонаи парандапарварии ноҳия Рӯдакӣ, мақомоти марбута дар тахриби манзили сокинони ин маҳалла иқдом карда буданд, вале чун шикояти сокинон афзуд, мақомот то содир шудани ҳукуми додгоҳ ин иқдоми худро ба таъхир гузоштанд.

 

Аммо суол ин аст, дар сурати тахриби манзили сокинон ҷамоати Зайнабобод дар ҳудуди корхонаи паррандапарварии ноҳияи Рӯдакӣ, ҷуброни зарари сокинонро кӣ бар ӯҳда мегирад. Зеро афроди муттаҳам дар фуруш ва ғайриқонунӣ ба расмият даровардани асноди манзили онҳо мутаносибан дар ҳудуди 1100  ва 500 маоши ҳадди ақал, дар маҷмӯъ муодили 8 ҳазор доллари амрикоӣ ҷарима шудаанд, ки барои бунёди на бештар аз як манзил кифоят хоҳад кард. Ин дар ҳоле, ки нафари муҷрим дар фурӯши ғайриқонунии қитъаи замини ин корхона бо ҷурми азхудкунии бештар аз 140 ҳазор доллари амрикоӣ муттаҳам дониста мешуд.

 

 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-4 (of 4)
Ном: Mardikor аз: New-York
27.05.2008 22:44

Hammai in mushkiliho daleli bemasuliyatii davlat ast :( Avval (mansabdoron) vazifahoro mefurushandu ba'de, ki az tahti kontroli onho baromadi ba'd ba har bahona mahkam mekunand ammo vaqte, ki vazifaro mefurushand dar in bora andesha nemkunand, ki "man vazifaro furukhtam ammo in vazifador bo in maoshi nochizash inqadar pulro az kujo meburovarda boshad" agar onho ba khud chunin su'ol medodan hatmat mefahmidan, ki bo duzdiyu fireb va suistifoda az vazifahoyashonu az khud kardani amvoli davlati (khalqi)


Ном: Салим аз: Душанбе
27.05.2008 08:05

хайрат, ки ман аз ончо замин нагирифтам, агар мешуд ба чунин мушкилот ру ба ру мешудам...


Ном: Noor
27.05.2008 00:32

ba fikri man inham naghma bozi az hamu suyi bolo ast baroi fireb kardani mardumi tojik...sum bte zamin bkhar dar okhir noqonuni burowarda az dastat giran...khudo medonand


Ном: Фмрдвас аз: шахр Душанбе.
26.05.2008 19:21

хасан азимов яке аз хамсояхои авалини ман дар махалаи чилушашауми пойтахт буд. рости одами хуб буд локин зани бисёр дошт аз хотире,ки бача надошт шояд аз хамин хотир зани бисёр гирифтааст.дар бораи замин гирифтану фурхтани гайри конуни чизе намедонам.дар хамон вакт медонистам,ки раиси фабрикаи паранда парвари буд чун,ки хар бегох яшик яшики гушти мург ва тухм аз мошинаш холи мекардем.

Шарҳҳо 1-4 (of 4)