Сиёсат

Оё ҳушдори президент иҷро мешавад?

26.05.2008

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи ҷамъбасти солонаи 2007 бо интиқоди шадид аз фаъолияти номуваффақи вазири энержӣ ва раиси ширкати Барқи тоҷик ба онҳо шаш моҳ барои ислоҳи вазъ мӯҳлат дода буд. Раисҷумҳур таъкид карда буд, ки дар сурати беҳбуд наёфтани вазъ нафарони масъул аз мақом барканор хоҳанд шуд. Аммо то куҷо дар фурсате, ки то кунун пушти сар шудааст, масъулини ин ниҳодҳо дар роҳи ислоҳи вазъ пешрафт ҳосил кардаанд.

Бисёре аз коршиносон ва таҳлилгарони тоҷик ба ин назаранд, ки масъулини вазорати энержӣ ва ширкати «Барқи тоҷик» нахоҳанд тавонист масъулияти бар ӯҳдашон гузошта дар ҷиҳати баровардани ниёзҳои мардумро дар фурсати шаш моҳ иҷро кунанд. Ва аз суи дигар ҳам барканор шудан аз вазифаҳояшон масъулини ин ниҳодҳоро, мегӯянд коршиносон, баъид аст, ки таҳдид кунад. Чаро?

 

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, таҳлилгарои тоҷик мегӯяд, барои иҷро шудани барномаҳои энержӣ ва таъмини иҷтимоӣ ва барои он ки масъулин битавонанд дар ин муддат супоришҳои гирифтаро иҷро кунанд, ба сармоягузорӣ ниёз аст. Аммо, мегӯяд оқои Умаров, аз замони баргузории ҷаласаи солонаи ҳукумат то кунун барои бахши энержӣ сармоя ворид нашудааст. 

Тоҳири Абдуҷаббор, таҳлилгари дигари тоҷик низ ба ин бовар аст, ки ваъдаи раисҷумҳур низ дар мавриди барканории онҳо дар сурати иҷро нашудани дастурҳо амалӣ нахоҳад шуд.

 

Аммо бархе дигар аз коршиносон мегӯяд, раиси давлат мақомҳои мухталифро дар гузашта ҳам ҳушдор ва барои ислоҳи кор муҳлат дода буд, ки ҳамчунон на кор ислоҳ шуд ва на масъулин аз мақомҳояшон барканор.

 

Ба ҳар ҳол, ҳама ба ин назаранд, ки дар сурати иваз шудани масъулин низ баъид аст, дар ин соҳа бо таваҷҷуҳ ба мушкилоти мавҷуд пешравие ҳосил шавад. Аммо як чиз мусаллам аст, ки масъалаи таъмин бо барқ ҳануз ҳам мушкил боқӣ мондааст ва бо поён ёфтани тобистон буҳрони шадидтареро пешбинӣ метавон кард. Аммо то фурсати эълоннамудаи раисҷумҳур ҳам вақти чандоне боқӣ намондааст, ки бубинем кӣ ба ваъдаи худ амал хоҳад кард. Вазирон дар ҷиҳати иҷрои супоришҳо ва ё раисҷумҳур дар ҷиҳати барканории онҳо.

 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-6 (of 6)
Ном: M-SH
27.05.2008 17:28

Agar asl kharab bashad far`a va shokham bar kanor kuni islohshudan mushkil


Ном: Хунукхур аз: душанбе
27.05.2008 16:56

Худо гуед зимистони хунуктар наояд.Аз "нафарони масЪул" 1киловатт-соат фоида намешавад.


Ном: davlatbaig аз: k-teppa
27.05.2008 10:32

ba fikram ki vazi kununi ba vaada dodan khub nameshavad. nakshahoi voqei va amal namudan ba onho tanho rohi hal ast.
yak nuktai digaro mekhoham peshnihod namoyam, ki biyoed taarifu tavsifi bisyorro oidi najodu guzashtagoni khub falonu falon doshtan bas kunem, zero bo in roh foidae nest. tavre guftaand:
giram padari tu bud fozil
az fazle padar turo chi hosil.
dar holi hozir joygohi khudamonro dar bayni digar millatho yoftan lozim va har chi zudtar.


Ном: davlatbaig аз: k-teppa
27.05.2008 10:32

ba fikram ki vazi kununi ba vaada dodan khub nameshavad. nakshahoi voqei va amal namudan ba onho tanho rohi hal ast.
yak nuktai digaro mekhoham peshnihod namoyam, ki biyoed taarifu tavsifi bisyorro oidi najodu guzashtagoni khub falonu falon doshtan bas kunem, zero bo in roh foidae nest. tavre guftaand:
giram padari tu bud fozil
az fazle padar turo chi hosil.
dar holi hozir joygohi khudamonro dar bayni digar millatho yoftan lozim va har chi zudtar.


Ном: tojik
26.05.2008 20:34

Dar kishvari mo az in va'daho zied doda shuda ast .. hatto ba'zeho bo shiri modarashon qasam xurdaand ki dar falon muddat in mushkil bartaraf meshavad,vale nashud. yagona roh baroi millat anjomi yak inqilob az har nav'ash ki boshad( maxmali, norinji, xunin) to az resha in fasod barkanda shavad..


Ном: Хусрав аз: Душанбе
26.05.2008 18:31

Умедворем, ки ёдоварии Шумо аз ин ваъдахои хукуматдорон онхоро барои андеша кардан сари ин масъала боз медорад.
вале ба гумон аст, ки макомот барканор шаванд.

Шарҳҳо 1-6 (of 6)