Ҷавонон

Қиссаи асорат аз забони наврасон

15.05.2008
Ибодат Неъматзода

Муҳсин, хонандаи синфи 11 – и мактаби таҳсилоти ҳамагонии шаҳраки Адрасмон аз шумори он 31 навҷавононест, ки аз асорати марзбонони узбак раҳоӣ ёфтааст.

Сарҳадбонони узбак вайро бо сабаби он ки синнаш зери 18 аст, баъди як шабонарӯзи боздошт озод кардаанд. Муҳсин мегӯяд, марзбонони узбак бачаҳои боздоштшударо дар шароити хеле сахту ногувор, бе обу хӯрок  нигаҳ медоштанд.

 

«Барои чидани ревоҷ ва ҳар гуна растаниҳои шифобахш ва дамгирӣ ба кӯҳ рафта будем. Сарҳадбонони узбак омада моро аз марз гузаштӣ гӯён назди командир гирифта рафтанд. Моро дар он ҷо хеле азоб доданд, маро рост хобрав гуфта заданд, бачаҳое, ки сарашонро мебардоштанд, мезаданд.»

 

Имрӯзҳо Муҳсинро андешае машғул медорад, ки шаш рафиқи дар дасти сарҳадбонони узбакмондааш чи ҳол доранд.

 

«Онҳоеро, ки заданд, соли таваллудашон 1992 буд, синфи ҳашт-нӯҳ мехонданд. Бачаҳои хурд низ дар қатори мо буданд, аз гушнагӣ ва ташнагӣ гиря карданд, ҳатто иҷозат намедоданд, ки берун равем.»

 

Марзбонони Узбакистон рузи 26 - уми апрел 31 нафар бачаҳои сокини шаҳраки Адрасмони вилояти Суғдро ҳангоми сайругашт дар хати марзи наздик ба маҳаллаи зисти худ дастгир карда буданд. 25 бачаи синнашон аз 12 то 14-сола баъди як шабонарӯзи боздошт аз ҷониби мақомоти Узбакистон озод карда шуданд. Аммо шаш нафари онҳо, то ҳол дар дасти марзбонони Узбакистон мебошанд. Онҳо 18 сол дошта, ду тани онҳо мактабхон ва ва 4 нафарашон хатмкарда ҳастанд

 

Мирзоалиев Ӯктам, бародари яке аз боздоштшудагон - Улуғбек Холдоров  мегӯяд, марзбонони Узбакистон ҷавонони тоҷикро барои марзшиканӣ айбдор мекунанд, аммо дар ҷое ки бачаҳои шаҳраки Адрасмон сайругашт доштанду, дастгир шудаанд, ягон аломати огоҳкунанда аз хати марзи вуҷуд надорад. Ӯ гуфт, волидони боздоштшудагон барои ҳалли тақдири фарзандони худ  ба Узбакистон сафар кардаанд, аммо сафари онҳо бенатиҷа анҷом ёфтааст.

 

«Ба шаҳри Ангрени Узбакистон рафтем, гуфтанд, ки шиносномаҳои нафарони дастгиршударо биёред, мо озод мекунем, мо омадем Адрасмон, ду нафари боздоштшудагон шиноснома надошт, мо шиносномаи чаҳор тани онҳоро гирифта ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбакистон рафтем, дар он чо печат монд, аммо боздоштшудаҳоро озод накарданд, гуфтанд, ки боздоштшудагонро озод намекунем.»

 

Вай афзуд, ки мунтазири хату хабаре аз Узбакистон дар бораи бачаҳои боздоштшуда мебошанд, аммо дар ин бора  касе аз мақомоти Узбакистон ба онҳо то имрӯз чизе нагуфтааст.

 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-4 (of 4)
Ном: Абдучабор аз: Душанбе
28.05.2008 13:50

Киссахои хуб ,локин нахондам.


Ном: Молик
24.05.2008 08:14

Дар ин мухити нафасгир кудакон хам бесохиб мондаанд. Кори точик ба чое расидааст, ки узбак кудаконашро асир мегирад! Чи чои бебарки ва киматии маводи гизои аст.Дар боло будагон рохбари карда натавониста истодаанду дар поин будагон чунин зиндаги кардан.


Ном: Akram аз: Garibi
17.05.2008 11:50

Assalam alikum ;;;;;
xelo joi taasuf wa pushaimoni hast ki farzandoni Millat dar zerii kubu lati begoanagon be gunoh meaftand , wale mutaasifona hej xabare az tarafi dawaltdonroi mo nest;;;;
Modome ki in kudakoni begunoh hejpushtu bonie az tarafi dawlati xud namebinand , pas chi guna dar oyanda dilashon baroi dawlatashon suzad????
Oyo har yak shahrwandi dawlat hak nadorad ki Dawlatash az hakki u difo wa pushtiboni kunad??? Oyo magar dwlat nest ki hozir hast az shahrwandoni xud haki xidmat talab mekunad????pas chi guna boyad amal kard bo dawlate ki az shahrwandoni xud difoe namekunad??? Oyo hamin insof hast????
Tashakur


Ном: таджик чистый кров аз: бухоро самарканд
17.05.2008 10:46

все что у вас есть это наши то есть таджикские.Еше провляте ненависть к нам уже веками, у нас есть поговорка "мушаки беруна мушаки дарунаро пеш кард "

Шарҳҳо 1-4 (of 4)
Ҳаҷми матн