Иқтисодиёт

Нерӯи барқ дар Тоҷикистон боз гаронтар шуд

06.05.2008

Бино бар таруфаҳои наве, ки ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ кард, арзиши нерӯи барқ барои аҳолӣ ва корхонаҳо як баробар афзоиш ёфт.

Ҳамакнун, аҳолӣ барои як киловатт соат нерӯи барқ 4,8 дирам пардохт хоҳад кард

Ин дувумин афзоиши қимати нерӯи барқ дар чор моҳи соли ҷорӣ мебошадДар аввали сол нерӯи барқ 20 дар сад гарон шуда ва 3,2 дирам барои як киловатт соатро ташкил медод.  

Ҳамзамон, қимати нерӯи барқ барои корхонаҳо низ гарон шуда, ҳамакнун корхонаҳои саноатӣ барои як киловатт соат нерӯи барқ 10,95 дирам пардохт мекунад. Як киловатт соат нерӯи барқ барои Талко 5,15 дирам арзиш дорад. Қимати нерӯи барқ барои сохторҳои буҷавӣ 8 дирам таъин шудааст.  

Шарифхон Самиев, раиси ширкати «Барқи тоҷик», сабаби чунин иқдомро мушкили молӣ унвон карда ва гуфт, бо арзиши қаблии барқ таҷдиди системаи барқрасонӣ ва афзоиши иқтидори неругоҳҳо имкон надорад.  

 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-8 (of 8)
Ном: ланъат
07.05.2008 11:38

Баркро гарон мекуни боз аз мардум 50 % маошашро талаб мекуни?


Ном: Точик аз: Душанбе
07.05.2008 10:49

Хукумати точикистон ба мо ваъда дода буд, ки арзиши неруи барк хар шаш мох боло меравад. кани он ваъдахо? холо шаш мох нашудааст-ку? на ба ин хукумату на ба он хукумат бовариам намондааст. аз ин чо тезтар фирор кардан лозим. ин ягона рохи халоси. бо ин нархбардориашон ба шахру нохияхои дигари чумхуриамон кувваи баркро медоданд, нагз мешуд. онхо бечорахо на барки 3,2 дирамию, на 4,8 дирамиро мебинанд.


Ном: хакикатчу аз: кулоб
07.05.2008 07:50

чи кадаре ки ба халк чабр зиед шавад аз тарафи хукумат хамон кадар бухрон шадидтар мегардад.Ин дар тули таърих исбот шудааст


Ном: alisher аз: amriko
07.05.2008 05:04

assalomu alaykum khoshish mekubnam hamin gapro ba bolo rasoned tojikiston obod nameshavad in talbandaho sumhoro jam karda ba kissahoyashon meandozadn man hayron inho charo ser nameshavand ohir janobi oli dar bonki shvetsariya soli 2003 8 milliard dolard dorad duhtaraki bazebash 2 milliard az hamon sumo geshoro soz kunand nameshavad eh hukumati mo hukumati pasti gushna


Ном: Хуршед
07.05.2008 02:39

Э Шарифхон Самиев хайр дар Хатлону Душанбе такдиди системаи барқрасони ва афзоиши иқтидори неругоҳҳо имкон надошта бошад пас барои халки Зарафшону Бадахшон чи бахона пеш меори????????


Ном: Tojikistoni
06.05.2008 17:39

khuni marduma khurdestan...dawlata dodan dar dastshon namedonan suma ba kadom namud jaam kunan...fakat inro bdonan ki khalki tojik onone nestan ki dar soli 91...budan, hozir hamai khalki tojik hakikatro dark karda and wa medodand ki dar tojikiston chi gap ast, mardum az khob bedor shuda and, agar bar hamin hol raftan girad bakhudo qasam ziyod tul namekashad


Ном: ТОМИРИС аз: ДУШАНБЕ
06.05.2008 14:08

ГУЁ ХАЛК НМЕДОНАДю,КИ ИН ПУЛ БА КУЧО МЕРАВАД НА БАРОИ ТАЧДИДИ СИСТЕМАИ БАРКРАСОНИ БАЛКИ БАРОИ СОХТАНИ КАСРХО


Ном: Саъди аз: Хучанд
06.05.2008 12:03

Аз гароншавии пайвастаи неруи барк хосили хуб ба даст намеояд. Зеро махдудияти он бори аввал дар фасли гармо дар шахри Хучанд ба амал омад.Окибаташ ба хайр шавад.

Шарҳҳо 1-8 (of 8)