Тоҷикистон

Паёми Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олӣ

25.04.2008

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон зимни паёми солонааш ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар барои ояндаро эълом кард.

Президент Раҳмон бунёди неругоҳҳои барқи обӣ дар рудхонаҳои кишварро аз авлавиятҳои сиёсати иқтисодии давлат унвон кард.Вай гуфт сохтмон ва истифодаи сареъи ин неругоҳҳо барои устувории арсаи саноат ва кишоварзӣ шароити муносиб фароҳам мекунад. Оқои Раҳмон таъкид кард, ки ҷиҳати таъминоти нерӯи барқ ва гармӣ ба аҳолӣ аз ҳамаи манобеи тавлидкунандаи энержии кишвар истифода хоҳад шуд. Аз ҷумла президент гуфт, ки Тоҷикистон  тақрибан 14 дарсади захоири ураниюми ҷаҳонро дар ихтиёр дорад ва давлат дар садади таҳияи консепсияи баҳрабардорӣ аз ин захира аст.

 

Президент Раҳмон гуфт, дар ҳоле 14 дар сади захоири урани ҷаҳон дар замини Тоҷикистон маҳфуз аст, истифода накардан аз он бар зарари рушди иқтисоди кишвар хоҳад буд. Ин ҳам дар ҳолест, ки иқтисоди кишвар ба иллати бурузи бӯҳронии энержӣ дар зимистони имсола ба таъйиди раиси ҷумҳурӣ ҳудуди се миллиард сомонӣ зарар дидааст.

 

Аммо бархе аз коршиносон ва таҳилгарон бо таҳти шубҳа гузоштани дурустии ҳаҷми зарари зимистони имсола ҳамчунин таъкиди зарурати истифода аз захоири уран барои раҳоӣ аз буҳрони энержӣ аз сӯи раиси ҷумҳурро  як тадбири иҷронашуданӣ арзёбӣ карданд. Ва аз сӯи дигар, ба таъкиди коршиносон, ин нуктаи гузориши раиси ҷумҳурӣ ба мисли бархе аз нукоти паёмҳои солҳои пешини раиси ҷумҳурӣ хоҳад буд, ки далоили иҷро нашудани онҳо таҳлил ва барои ҷомеаи кишвар  тавзеҳ дода намешавад.

 

Раҷаби Мирзо, як таҳлилгари масоили сиёсӣ, мегӯяд, ки ҷомеа ин таваққӯъро дошт, ки сабабҳои пеш омадани буҳрони энержии имсола  ва роҳҳои бартараф кардани он  дар паёми раиси ҷумҳурӣ инъикос мегардид. Аммо раиси ҷумҳурӣ дар ин маврид тақрибан, ки чизе нагуфт. Вале, мегӯяд оқои Мирзо, ӯ дар тааҷҷуб аст, ки агар кишвар ба ин миқдор хисорот бардошта, ки маблағи он тақрибан дар ҳудуди  буҷети солона баровард шудааст, аз чи роҳе метавон бар маош ва нафақа афзуд?

 

Ба ақидаи Шокирҷони Ҳаким, устоди Доншгоҳи байнулмилалии шаҳри Душанбе, паёми имсолаи раиси ҷумҳурӣ аз паёмҳои қаблии он тақрибан тафовут надоштааст. Оқои Ҳаким гуфт, дар ин паём аз сиёсати кадрӣ ва ислоҳоти ин соҳаи чизе гуфта нашуд.

 

Раиси ҷумҳурииТоҷикистон дар паёмаш  аз таъсиси марказе  дар назди маъмурияти худ хабар дод, ки иҷрои қавонини қабулшуда аз сӯи порлумонро назорат мекардааст. Аммо ба ақидаи Муҳиддин Кабирӣ, аиси ҲНИТ ва вакили ин ҳизб дар порлумони кишвар, ин тасмими  президент барои рушди кишвар ва риояти тавозуни қудрат дар шохаҳои ҳокимият судманд нахоҳад буд.

 

Зимнан ин  ҳафтумин паёми Эмомалӣ  Раҳмон ба ҳайси президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси олии кишвар аст, ки ҳамасола дар моҳи апрел сурат мегирад. Дар ин паёмҳо самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон  барнома ва тарҳҳои давлат барои ояндаи наздик ва дур муаррифӣ мешавад. Вале ба бовари коршиносон бештарин нукоти ин паёмҳо дар руи коғаз боқӣ мемонанд. Зеро бидуни баррасии ҷиддӣ боқӣ мондани натоиҷи паёми пешин дар паёми ҷадид масъулинро дар татбиқи он водор намекунад.

 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1-6 (of 6)
Ном: Zinda-dil аз: Torikiston
30.04.2008 14:41

Salom, dustoni ozodikhoham.
Xub meshud ki payomi presidenti tojikro bo payom va suxanronihoi presidenti russia muqoisam kunem to bubinem ki chi farqho va mushobihat dorand. Ba fikram faqat yakrangii dorand va on hardu presidenti kishwar hastand.
Ammo farqho baini zaminu osmonast.
1. Dar russia agar 15 kanali tilivizyoni boshand aksari mardum onhora band mekunandu mexohand bubinan ki Putin chi meguyad. Ammo dar tojikiston 3-4 kanale 'wujud' (wujude ki ai sar to nukro raqsu bozi hast)dorand basta meshawand va faqat payomi presidenti 'ghamxor'ro paxsh mekunand. Mardum boshand televizyunhora band karda berun mebaroyand.
2. Dar russia ba'di suxanroni, sawolu jawobi ozod meshawad va hej kas notarsida chize ki dorad meguyad va in sirri mahbubiati in suxanronihost. Ammo dar tojikistan, ziyodtar kasone hastand ki darbori.. va agar kase chize ham doshta boshad nameguyad. Charo? Baroi ki hej kas namexohad dar mahbas umri xudro guzaronad.
3. Mardumi Russia va xususan ziyo'iyon ba hama nuqtahoi za'fu quwwai suxanroni president pai mebarand va onhoro dar wasoili e'lom (mar'ivu masmu'vi kitobi) bahsu naqd mekunand. Ammo mardumi bechora va lokin soddai tojik, ba wa'dahoi president bovar mekunand. Va masali tojiki 'Buzak buzak namur, ki bahor meoyad' baroi onho rost meoyad. Ammo ziyo'iyon hama dardu alam qurt karda kadom ruze mekafand.
Gap ziyodast joi kam...Bo umedi payomi naw az presidenti naw va bo umedi digargunii holati siyosii watan misli Qirghiziston...
Bye


Ном: Hasan Shodiev аз: n k Mastchoh
26.04.2008 10:52

Salom az Mashhad!
Mo muhandisoni oyandai Tojikiston onro mekhohem ki Nerugohi Barqi Obi Roghun sokhtmonash barvakhtar shuru shavad.Mo dar oyanda dasti yori amali khohem kard.
Mo boyad rohero intihkob kuhem,ki baroi obodii vatan,baland bardoshtani sathi zindagii Mardum musoidat kunad.Behbudii cathi zindagii Mardum ba insofu imoni rohbariyati kishvar ast.
Salomi KHudovand bar shumo bod!


Ном: салом ман фарухи хавсан аз: аз Точикистон.
25.04.2008 19:10

мухтарам чаноби оли Эммомалии Рахмонро ман суханронихояшро хамчун як фарди ноназаргири точикистонхам бошам таквият мебахшам вале аз тарфаи дигар мансабдорон гуфтахои уро бачонамеоранд хуб мешуд,ки бештар карупсияро бахри хамон кормандоне,ки дар назди чаноби олй хохо мегуянду амал намекунанд. аз мансабхояшон.хорич кунад ва хар чи,ки бошад бахри ватану милат касам ёд кардааст.рогунро харчи бошад тезтар бакор шуруъ кунад бештари мардуми Чумхури чои кор меёбанд.ва аз барк танкиси наме кашанд.агар ягон хатое,ки нисбати суханхои ман бошад манзарат мехохам..


Ном: usmon аз: tjk
25.04.2008 17:45

bifoida ast,,,,,,,sukhani ziyod zafi uro dar zimistoni guzahta jubron nakhohad kard.


Ном: Cimin аз: Dushanbe
25.04.2008 17:40

Салом. Вокеан паёми раиси чумхурии ватанамон имсол бехтар аз солхои пеш буд. Махсусан даъвати он кас аз хамватанон барои сохтани Рогун бисёр гуворо буд. Вале барои ин хосил кардани боварии мардум зарур аст. То Эмомали Рахмон хар як нафар сохибкори дар ватан буда ва берун аз онро бовар накунонад, як тини зард хам барои ин сохтмон ворид намешавад. Ва хеч кас дар пахлуи хукумат рост истода ба ин сохтмон кумак намекунад.
Симин


Ном: Мансур
25.04.2008 14:41

Як соат пештар баромади Рахмонро тамошо кардам.Суханони хушку холи.Ваъда-ваъда...
Натича сифр.

Шарҳҳо 1-6 (of 6)