Тоҷикистон

Қатъи пахши барномаҳои родиюи «Имрӯз»

Чанд рӯз боз аз ин дастгоҳ барномаҳои родиюи "Имрӯз" пахш намешаванд

11.04.2008

Радиои мустақили «Имрӯз», ки асосан барномаҳои хабарӣ ва оҳангу таронаҳоро шабонарӯз пахш мекард, аз рӯзи сешанбе ба ин тараф аз эфир ғайб задааст.

Рустами Ҷонӣ, раиси радиои «Имрӯз», мегӯяд, Кумитаи Телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон пахши ин радиоро рӯи амвоҷи FM мутаваққиф карда, сабаби ин амалро шарҳ ҳам надодааст. Ӯ гуфт, феълан радиои «Имрӯз» асноди зарурӣ ва сабти барномаҳои ин радиоро ҷиҳати барасӣ ба ихтиёри идораи муҷаввиздиҳии Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон гузошта, хостори дар доираи қонун ҳал кардани ин мушкил шудааст.
 
Оқои Ҷонӣ афзуд: «То ҳозир, фикр мекунем, ки ин як мушкилоти техникӣ буд, аммо вақте, ки мо субҳгоҳӣ тамоми иҷозатҳоро гирифтем, ки ба ҳамон мавзеъе, ки фиристандаҳои радиои «Имрӯз» қарор доранд, ворид шавем, якуякбора Кумитаи радиою телевизион қатъиян воридшавии гурӯҳи техникии радиои «Имрӯз»-ро барои таъмири таҷҳизоти техникии гӯё аз корбаромада манъ кард. Ҳанӯз ҳадафҳо норӯшан боқӣ мемонанд».
 
Ба гуфтаи раиси родиюи «Имрӯз», қатъ шудани пахши барномаҳои ин радио ба ҳукумати Тоҷикистон иртибот надорад: «Ман фикр намекунам, ки ин тасмими як гурӯҳи шахсӣ бошад ва фикр намекунам, ки иртиботе ба ҳукумати Тоҷикистон дошта бошад. Фикр мекунам, тамоми рафторҳо ва шеваи кори мо дар доираи қонунгузории Тоҷикистон анҷом меёбад».
 
Дар ҳамин ҳол, Баракатулло Абдулфайзов, сардори идораи муҷаввиздиҳии Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон, аз шарҳи сабаби қатъ шудани фаъолияти радиои «Имрӯз» худдорӣ кард.
 
Таҳлилгарон мегӯянд, иллати аслии қатъ шудани пахши барномаҳои ин радио инъикоси мушкилоти кишвар дар гузоришҳои хабарнигорони он будааст. Ба андешаи таҳлилгарон, ахиран радиои «Имрӯз» дар мавриди чанд мавзӯъи доғ – эҳтимоли гирдиҳамоиҳо дар Хоруғ, қазияи Сандуқи байнулмиллалии пул ва Бонки миллии Тоҷикистон ва камии маоши мардум дар муқоиса бо афзоиши нархҳо – чанд гузорише бо назари коршиносони мустақил интишор кардааст, ки боиси қатъ шудани пахши барномаҳояш гардидааст.
 
Раҷаби Мирзо, рӯзноманигори мустақил мегӯяд, ҳукумат аз таъсири барномаҳои хабарии радиои «Имрӯз» ҳарос пайдо карда, ба ҳамин далел алайҳи ин расона иқдом намудаанд.
 
Нуриддин Каршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон, мегӯяд, мушкил дар пахши барномаҳои радиои «Имрӯз» қаблан ҳам пеш омада буд, вале ба зудӣ рафъ гардид. Оқои Каршибоев афзуд, агар масъулини радиои «Имрӯз» ба ин созмон муроҷиат кунанд, Анҷумани расонаҳои мустақил ба ҳалли ин мушкил талош хоҳад кард.
 
Радиои «Имрӯз» аз тобистони соли 2007 то 7-уми апрели соли 2008 дар мавҷи FMпахш шуда, дар шаҳри Душанбе ва навоҳии атрофи он ҳаводорон ва шунавандагони зиёд дошт.
 
 
Мехоҳед, дар ин баҳс ширкат кунед?
Ном *
Шаҳр
Имейл
Шарҳ *
Пеш аз нашри шарҳ... одоби баҳс

Шарҳҳо 1 (of 1)
Ном: Томирис аз: Душанбе
15.04.2008 15:03

Нуриддин Каршибоев фикр мекунад, ки ба радиот Имруз кумак расонда метавонад. Ман чунин фикр намекунам. Агар нуриддин каршибоеа кумак мерасонд ба он радиохое расонда метавонист, ба он радио ва теливизионхое мерасонид, ки аз кайд гузашта наметавонанд. Аз чониби Кумитаи телевизион ва радио ба ин кор даст заданро ман дар он мебинам, ки онхо чун худ ба ракобат тайёр нестанд, намехоханд ки радиову телевизионхои бакувват дар кишвар фаъолият кунанд. Ье ин хам каналаи якуми телевизони точикро касе тамошо намекунад ба гайр аз кормандони худи кумита. Дар мавриди радио хам акидаи мардум чунин аст. Хануз хам дар телевыизон ва радио бо усули давраи шурави барномахо тахия мегарданд. Чунин холат то кай давом мекарда бошад. Магар шарм намедорад аз ин кори худ.

Шарҳҳо 1 (of 1)